Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода “Муждаи зафар”-ро ба раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода расонидааст.
- Соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 7505 гектар пахта кишт гардида, тамоми захираву имкониятҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон истифода бурда шуданд. Бо талошҳои рӯзафзуни пахтакорони заҳматқарин то имрӯз 18 ҳазору 287,1 тонна пахта истеҳсол шуд. Ин нишондиҳанда ба 100,2 фоизи нақшаи солона баробар буда, иҷрои нақша натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон мебошад,- меафзояд манбаъ.