ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1305

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз кӯшиш кунед, ки муносибатҳои ошиқонаи худро гармтар кунед. Як сайругашти одӣ ё суҳбати самимӣ метавонад фазоро беҳтар созад. Аз суханҳое, ки наздиконатонро меранҷонанд, худдорӣ намоед. Ба танқиди шитобкорона роҳ надиҳед. Шояд кори иловагӣ пешниҳод шавад, онро қабул кунед, агар ба корҳои асосиятон халал нарасонад. Қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Барои варзиш, пиёдагардӣ ва хариди хурд рӯзи хуб аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар ҷодаи муҳаббат ба нафаре ошиқ шуданатон имкон дорад. Ба ҳар гуна ваъдаҳои зебои одамони маккор бовар накунед. Рӯзи шумо бо як хабари хуш оғоз мешавад ва нерӯ мебахшад. Кӯшиши зиёд кардани даромади пулӣ натиҷа медиҳанд, аммо худнамоӣ накунед. Таомҳои вазнин нахӯред, хӯроки сабук беҳтар аст. Нӯшокии гарм ва истироҳати кӯтоҳ ба шумо фоида мекунад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз аз мулоқотҳо дурӣ наҷӯед, шиносоии нав метавонад дӯстӣ ё муҳаббати хуб оварад. Бо баъзе дӯстҳо нофаҳмӣ имкон дорад, беҳтараш оромона суҳбат кунед. Имкони сафари корӣ ҳаст, ки эътибори шуморо зиёд мекунад. Танҳо мондан ва ором кор кардан ба шумо фоида меорад. Масъулиятҳои молиявиро ба уҳда нагиред. Нерӯи шумо имрӯз баланд аст, онро дуруст истифода баред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Хабарҳои хушро бо наздикон тақсим кардан мехоҳед ва онҳо шуморо дастгирӣ мекунанд. Барои пеш рафтан нақшаҳои одиву равшан созед. Якбора ба чанд кор даст назанед. Роҳбарият ба хатоҳои хурд аҳамият намедиҳад, аммо интизом муҳим аст. Ба наздикон маслиҳатҳои муфид диҳед, онҳо қадр мекунанд. Интуитсия имрӯз суст кор мекунад, аз ин рӯ, шомро ба фикр ва тартиб додани нақшаҳо гузаронед.

Асад (23 июл-22 август)

Бе ғамхорӣ муносибати ошиқона сард мешавад, чанд дақиқа вақт ҷудо карда, бо ҳамдигар суҳбат кунед. Дар хона диққати ҳама ба шумо равона мешавад. Бо наздикон вақт гузаронидан табъатонро болида мекунад. Эҳтимол сафари корӣ пеш ояд, ки барои пешравӣ муфид аст. Имрӯз барои хариди тӯҳфа ё техника рӯзи хуб аст. Ба муоинаи тиббӣ рафтанро фаромӯш накунед, нишонаҳои хурдро ҷиддӣ гиред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар асабҳоятон каме ноором бошанд, аз муносибатҳои ошиқона фосила гиред ва ба корҳои хона машғул шавед. Масъалаҳои оилавӣ бо осонӣ ҳал мешаванд. Дар касбу кор муошират хуб мешавад, манфиати худро ҳимоя кунед. Имрӯз қарз гирифтан хуб нест. Агар нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд, ба духтур муроҷиат кунед, беҳтараш пешгирӣ кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Агар туҳфа доданӣ бошед, онро аз таҳти дил диҳед. Дар ҷамъомадҳо иштирок кардан рӯҳияатонро шод месозад. Дар касбу кор рақобат сахт мешавад, омода бошед. Фикрҳои зиёд дар бораи ба даст овардани даромади пулӣ пайдо мешаванд. Барои саломатӣ кӯшишу ҳаракати бештар лозим аст. Агар касе бигӯяд, ки хаста менамоед, ин аломати камҳаракатист; вақти истироҳат ва машқ фаро расидааст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз барои шиносоии ошиқона мусоид аст, шояд шахси ҷолиберо вохӯред. Агар муносибатҳо якранг шудаанд, каме навоварӣ созед. Дар ҷои кор ҳамкорон ба шумо кумак мекунанд, дар ҷавоб шумо низ кумак кунед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, вазъ ногаҳон дигар мешавад. Шумо метавонед каме ширинӣ ё ғизои дӯстдошта бихӯред, аммо аз ҳад нагузаред.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Нагузоред, ки касе бо эҳсосоти шумо бозӣ кунад. Агар фишор эҳсос шавад, беҳтараш муносибатро бозбинӣ кунед. Барои навхонадорон нофаҳмии хурд пеш меояд, аммо зуд мегузарад. Мушкилот табъатонро хира месозад, вале натиҷаи хуб меорад. Аз хариди калон парҳез кунед, хавфи қарздор шуданатон зиёд аст. Қуввати худро дуруст ҳисоб кунед, зеро эҳтимоли хастагии шадид ҳаст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Нафарони муҷаррад ҳангоми суҳбат бо шахси писандида каме шармгин мешаванд. Агар гузашт ва сабр нишон диҳед, вазъи молӣ ва оилавиатон беҳтар мешавад. Имрӯз сармоягузорӣ ва харидҳои калон мувофиқ нестанд. Барои саломатӣ аз субҳ машқ кунед, аз ҳавои тоза нафас гиред ва хӯроки дуруст истеъмол кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои мулоқот, шиносоӣ ва дӯстӣ рӯзи хуб аст. Шояд дӯсти нав пайдо кунед. Маслиҳати калонсолон ба шумо кумак мекунад. Дар касбу кор диққат ва тартибу низом лозим аст. Масъулиятҳои нав вақти зиёдатонро мегиранд, аммо худро аз ҳад хаста накунед. Аз харидҳои беҳуда худдорӣ кунед. Агар дардҳои миён ё буғум дошта бошед, имрӯз сабуктар мешаванд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар муносибати ошиқона шитоб накунед, то кадом андоза самимӣ будани муҳаббатро вақт нишон медиҳад. Ҷанҷолҳои хонагӣ зиёд шудаанд, фикр кунед, ки оё ин зарур аст? Имрӯз бештар ба корҳои коғазӣ машғул мешавед. Қобилияту истеъдодатон зиёд аст, фикрҳои нав ба саратон меоянд. Агар ором бошед, рӯз ба фоидаи шумо мегузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД