ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1543

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои мулоқоти ошиқона ва дидор бо дӯстон рӯзи хуб аст. Гузаштаро фаромӯш кунед, дили худро ба муҳаббати нав боз кунед. Ба наздикон суханҳои нарм гӯед, онҳо аз шумо меҳр мехоҳанд. Ба ҳар коре ки даст мезанед, пешакӣ бо роҳбар маслиҳат кунед. Аз харидҳои беҳуда худдорӣ намоед ва пулро сарфа кунед. Машрубот нанӯшед, ба саломатӣ зиён наоред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз шумо диққати одамонро ба худ ҷалб мекунед. Шояд шиносоии нав ё дӯсти кӯҳна пайдо шаванд. Дар хона оромӣ ва муҳаббат зиёд мегардад. Бо роҳбар баҳс накунед, ҳатто агар ҳақ бошед. Хароҷот зиёд мешавад, вале шодии ногаҳонӣ инро ҷуброн мекунад. Агар худро хаста эҳсос кунед, истироҳат кунед ё бо дӯстону наздикон вақт гузаронед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз меҳру муҳаббати худро озодона нишон диҳед. Аз изҳори муҳаббат кардан наҳаросед, эҳтимол сухани нарм ё табассум муносибати ошиқонаро беҳтар созад. Дар касбу кор эҳтиёт шавед, касе метавонад шуморо сахт асабонӣ кунад. Агар нияти харидани чизеро дошта бошед, имрӯз вақти хуб аст. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва аз ҷойҳои серодам дур бошед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз табъи шумо зуд тағйир меёбад. Хобе, ки дар ин рӯз мебинед, метавонад амалӣ гардад. Ба аҳли хона вақт диҳед, муҳаббататон ба онҳо оромӣ мебахшад. Дар ҷои кор шояд супориши нав гиред. Бо ҳамкорон дар бораи пул баҳс накунед. Кори зиёд накунед, ба шумо истироҳат лозим аст. Ба худ вақт диҳед ва ором шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз эҳсосоти ошиқонаатон қавӣ мешавад. Эҳтимол шахсе, ки чанд сол қабл дӯст медоштед, ба ҳаёти шумо баргардад. Барои нафарони танҳо шиносоии ҷолиб пешбинӣ мешавад. Бо дӯстдоштаи худ вақт гузаронед, ин муносибатро мустаҳкам мекунад. Дар кор пешравӣ имконпазир аст, вале аз харидҳои калон худдорӣ кунед. Барои саломатӣ машқ ё парҳезро оғоз намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз меҳрубонӣ ва нармгуфторӣ ба шумо фоида меорад. Агар аз касе ранҷида бошед, вақти оштӣ кардан расидааст. Ба корҳои хона машғул шавед, асабатон ором мешавад. Дар касбу кор ҳама чиз хуб ҷараён мегирад, агар шитоб накунед. Камтар сухан гӯед ва бештар амал кунед. Сабру оромӣ ба шумо муваффақият меорад. Ба саломатии худ диққат диҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз ҳолате рӯй медиҳад, ки дар аввал душвор менамояд, вале ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Шиноси наватон метавонад ба шумо пешниҳоди хуб намояд. Дар хона оромӣ кам аст, кӯшиш кунед муҳаббат ва самимият нишон диҳед. Дар касбу кор бо ақлу идрок рафтор кунед, то мавқеи худро мустаҳкам созед. Бо роҳбар баҳс накунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз бахту барор ба шумо рӯ меорад. Ба касбу кор бо масъулият муносибат кунед, вале аҳли хонадонро фаромӯш насозед. Эҷодкорӣ ба шумо фоида меорад. Аз гирифтани қарз ё кредит худдорӣ кунед, ҳоло вақти мувофиқ нест. Агар табобат ё амалиёти тиббӣ дошта бошед, ҳамааш хуб мегузарад. Асаби ором ва хоби бароҳат калиди саломатист.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шояд шахсе аз гузашта ба зиндагии шумо баргардад. Агар дӯстдошта дошта бошед, муносибат бо ёратон боз ҳам гарму самимӣ мешавад. Бо хешовандон ором бошед, агар бо ҳам низоъ карда бошед, беҳтар аст оштӣ кунед. Дар касбу кор ихтилофҳо аз байн мераванд. Агар нияти қарз гирифтанро дошта бошед, коратон барор мегирад. Аз ғизои вазнин дурӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз тағйироти мусбатро дар зиндагии шахсӣ эҳсос мекунед. Эҳтимол хариди калон доред, вале пешакӣ фикр кунед. Дар хона корҳо зиёданд, кӯшиш кунед як қисмашро ба дигарон диҳед. Дар касбу кор уҳдадориҳо зиёд мешавад, вале музд беҳтар мегардад. Пулатонро дуруст сарф кунед. Хастагӣ зуд мегузарад ва рӯҳияатон боло меравад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои муҳаббат ва муошират рӯзи хуб аст. Бо дӯстдошта вақти бештар гузаронед ва аз лаҳзаҳои бо ҳам будан лаззат баред. Шомро бо дӯстону наздикон бигузаронед, то ғамҳоро фаромӯш кунед. Агар мушкил ё нофаҳмӣ доред, имрӯз онро ҳал кардан осон аст. Аз қарз гирифтан ё хариди калон худдорӣ кунед. Барои оромии асабҳо вақтро дар танҳоӣ гузаронед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз метавонед бо нафаре оштӣ кунед, ки қаблан ҷудо шуда будед. Корҳои хона вақти зиёдро мегиранд, вале бо сабру тамкин ҳамааш анҷом меёбад. Дар касбу кор масъулият нишон диҳед, то роҳбар ба шумо эътимод кунад. Аз хароҷоти калон худдорӣ кунед ва пулро эҳтиёт намоед. Сайр ё машқи сабук шуморо пурнерӯ ва хушҳол мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД