Касалии қанд дорам. Андак зиқ шавам, қанди хунам баланд шуда, чашмонам хира мешаванд. Духтур ба ман тавсия дод, ки ҳамеша оби хуч –шиповник нӯшам. Ростӣ, боварам намеояд, ки ҳамин хучи оддӣ ба дарди ман даво шуда тавонад. Шумо чӣ мегӯем?
Сайрамбӣ, н. Ҳамадонӣ.
Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
Мо хучро ба беморони гирифтори иллатҳои ҷигар, талха, гурда, ғадуди сипаршакл (гипертериоз) тавсия медиҳем, аммо мутаассифона аксари мардум мисли шумо хучро ночиз мешуморанд. Дар асл хуч давои бемисл аст, хоса барои касоне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд. Саҳлангорӣ накарда ҳамарӯза оби хуч бинӯшед. Хучро дар тибби суннатӣ настаран меноманд. Настаран сатҳи қандро дар хун баланд шудан намемонад. Оби хучро дар бозорҳо ҳам мефурӯшанд, вале ман онро ба шумо тавсия намедиҳам, чунки зиёд ширин аст. Хучро дар хона худатон ҷӯшонда обашро бинӯшеду солим бимонед. Беморони қанд бояд ҳамчунин гречкаро дӯст доранд. Муддати 10 рӯз гречкаро ба намак обпаз карда бихӯред, қандро то андозае поён меорад ва сангинии пойҳоро бартараф намуда, хатари гангренаро пешгирӣ мекунад.