Formula novemver 2024
Арӯс бо васвасаи ҷинҳо худкушӣ кард ё...
7892

 

Дар арафаи соли нави мелодӣ як арӯсаки бистрӯза бо номи Умеда Назарова дар ҳамоми хонаи домод худро ба дор овехтааст.

Рухшона, яке аз дугонаҳои наздики Умедаи ноком дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи Oila.tj чунин гуфт:

"Умеда ҳамагӣ бист рӯз пеш бо пероҳани арӯсӣ аз маҳаллаи Профсоюз ба маҳаллаи Автовокзал рафта буд. Ростӣ, байни Умеда ва домод чӣ гапу чи корҳо гузаштанд, намедонам, вале соатҳои дуи шаб ин арӯсӣ номурод бо банди махсус, ки маъмулан онро жилка мегӯянд, дар ҳамом худашро ба дор овехтааст.

Ба қавли Рухшона Умедаи ноумед аз рӯзҳои аввали зиндагии оилавиаш хеле ғамгину парешон буда, ҳамеша худро аз одамон канор мекашидааст.

Дар маросими ҷанозаи ин гуларӯс хешовандони домод гуфтаанд, ки Умеда ҷин доштааст ва ҳамон махлуқҳо имкон надодаанд, ки бо шавҳараш хушбахтона зиндагӣ кунад. 

Гуларӯси ноком баъди ишқварзӣ бо домод ба ҳамом даромада, дигар намебарояд. Шавҳари ҷавонаш аз дер кардани Умеда хавотир шуда, дари ҳамомро мекушояд ва арӯсро дар расан (жилка) овезон дида, талхакаф мешавад. Вақте ки Умедаро аз ҳалқаи дор раҳо карданд, аллакай кор аз кор гузашта, ҷони ин гуларӯси нозанин аз бадан кайҳо баромада буд...

Шарҳи тафсилоти бештарро хабарнигорони Oila.tj рузҳои наздик аз ҷои ҳодиса ва хешу ақрабои арӯсак пешкаш хоҳанд кард! Моро ҳамроҳ бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД