Ман 30-сола ва аслан аз Қазоқистон ҳастам. Пештар шавҳари қазоқ доштам, вале бо сабаби бисёр азият доданаш аз ӯ ҷудо шудам.
Барои зиндагиямро пеш бурданд, бо дуои волидонам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам. Дар як сохтмон ба ҳайси ошпаз кор мекардам. Дар ҳамон ҷо бо Аслиддин, ки аз Ҳисор будааст, шинос шуда оила барпо намудам. Як сол пас шавҳарам маро ба зодгоҳаш дараи Алмосӣ овард. Боду ҳаво ва меваҳои шаҳдбори Ҳисор ба ман писанд омад, вале дар як оила 22 нафар зиндагӣ карданашонро дида ба даҳшат афтидам, ки ин қадар одамро чӣ хел сер мекарда бошанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар Русия ошпаз буданамро фаҳмида, хушдоманам дегу табақро ба ман дод. Як дег хӯрок пазам ҳам, то косаву табақро шуста меомадам, ки хӯрок тамом мешуд. Дидам, ки намешавад, дар назди шавҳарам шарт гузоштам, ки хонаи алоҳида созад ё ҷавоби маро диҳад.
Вақте келинам бо коре машғул мешавад, ба назарам чунин менамояд, ки хеле ноуҳдабаро аст.
Мардакам ғайрат карда манзили нав бунёд намуд. Акнун ҳамроҳи шавҳарам алоҳида зиндагӣ мекунам. Дигар на хушдоман ба ҳаёти мо “лезит” мекунаду на авсунҳоям. Пушаймон нестам, ки ба ҷавонмарди тоҷик расидам. Бачаҳои тоҷик номард нестанд, занро, ки гирифтанд, уҳда мекунанд.