Духтари деҳотиям. Др аввал хостгоронам аз мӯйи сарам бисёр буданд, вале нозу нуз карда, оқибат пирдухтар шуда мондам.
Дар 25-солагӣ як марди занмурдаи се кӯдак дошта ба хонаамон хостгорӣ омаду модари бечораам «забонам дар назди ҳамсояҳову хешу табор дароз шавад» гуфта, маро ба он домоди пиракӣ номзад кард.
Хулоса, маро бе тӯю тамошо, танҳо бо никоҳи мусулмонӣ ба ҳамон марди пир ба шавҳар доданд. Домодро пеш аз тӯй надида будам, танҳо баъди никоҳ фаҳмидам, ки шавҳарам як марди бадафти шикамкалони сип-сиёҳ аст. Дилам аз рӯзи аввал аз зиндагӣ ях барин хунук шуд. Мехостам фарёд зада, худро аз тиреза партоям ё ҳамсояҳоро ба имдод хонам, вале обрӯи бародаронамро фикр карда, ночор шабро дар оғӯши домоди бӯгин рӯз кардам. Шавҳарам саҳар бо табъи болида ба кор рафту мани берӯзӣ рӯзро бо гиря бегоҳ карда, ба тақдири бадам садҳо бор лаънат хондам. Пеши худованд лоба карда мегуфтам, ки ин чи бахтест, ки насибам гардондааст, охир аз чунин шавҳари бадафт доштан ҳазорон бор пирдухтар буданам хубтар буд. Шавҳарам ҳама нозу нузамро мебардошт, вале шаб, ки мешуд, маро ғам мегирифт. Дар назарам чунин менамуд, ки дар паҳлӯям инсон не, деви бадафте хобидааст. Ин ғули носерам ҳар дам маро ба оғӯш кашида, як аламамро сад алам мекард. дилам беҳузур мешуд аз бӯсаҳои туфолудаш. Субҳ хӯрок тайёр менамудаму барқасд дастархон намепартофтам. «Занакҷон, хӯрокатро тезтар биёр, ки корамба дер шуд» гуфта овоз баланд мекард. Бо қошу қавоқи овезон «Дастат нашикастааст, худат кашида хӯр» мегуфтам, то қаҳраш ояду ҷавобамро диҳад, вале шӯйи беномусам «занакҷон, охир дар ин хона ту аз чӣ камӣ, ки чунин мегӯӣ» гуфта, боз хушомад мезад ва аз бари рӯям мебӯсид.
«Лозим нест» гӯён, рӯямро бо нафрат аз ӯ метофтам. Ҳамсояҳо маро дида афсӯс мехӯрданд, ки чунин духтари зебо насиби ҳамин ғул шудааст. Қошпарониашон аламамро даҳчанд карда, бештар ғазабамро меовард, ки чаро бо ҳамин марди калонсол хонадор шудам. Дар вақташ сад ҷавон ҳавасамро мехӯрду мани шӯрбахт нозу нуз карда, оқибат насиби як дев шудам. Хуллас, базӯр ду моҳ тоқат карда, хонаи модарам меҳмонӣ омадам. Намехоҳам дигар ба хонаи шавҳарам баргардам, чунки аз хук бештар бадаш мебинам ва нисбаташ нафрат дорам, вале модарам «духтарам, бахт бахти аввал аст, ахмақӣ карда хонаатро бо дасти худ вайрон накун» гӯён, маро сарзаниш карда истодааст. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чикор кунам?
Насиба аз н. Ҳисор