Фирӯза Ҳалимова, сокини деҳаи Навбаҳор ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намуда, бо чашмони ашкбор сарнавишти талхашро қисса кард.
Ин зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда мегӯяд, моҷарои ҷиҳози арӯсӣ ӯро оқибат хонавайрон кард. Падару модараш вақти ба хонаи бахташ гусел намудани Фирӯза ба ӯ ҳатто як палос ҳам нахаридаанду арӯси бе ҷиҳоз зери таънаю маломати хушдоман монда, оқибат сиёҳбахт мешавад. Ӯ баъди аз шавҳари якумаш ҷудо шудан бо Хушбахт ном ҷавони муҷаррад оиладор мешавад, вале никоҳи дуюм низ ба Фирӯза бахту саодат наовард. Ин ҷавонзани аз зиндагӣ наосуда аз ночорӣ дар ҳавлии падар низ нағунҷида, як ошхонаи вайронаро, ки ба қавли худаш мӯшхона аст, ба макони зисти худ табдил додааст. Хонаи Фирӯза ҳатто дар надорад ва аз таъсири хунукиву намӣ писари ягонааш ба бистари беморӣ афтидааст. Биёед, беҳтараш дарди дили ин ҷавонзани аламзадаро аз забони худаш мешунавем.