Мо аз давраҳои мактабхони бо Меҳроҷ ҳамдигарро дӯст медоштем. Муҳаббатамон, ки самимӣ буд, пас аз се соли хатми мактаб оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯ Ибодат ва Инъомҷон шудем .
Азбаски шавҳарам Меҳроҷ инжинер ва марди кордон буд, мо ба зудӣ яке аз сарватмандтарин оилаҳои ноҳия гашта, соҳиби ҳавлии дакаданг ва давлату сарвати зиёд шудем.
Мегӯянд, ки Худо аз як тараф дод, аз як тарафи дигар мегирад. Ин гап ноҷо набудааст. Худованд ба мо боигарӣ доду саломатии маро гирифт. Дар бачадонам захм пайдо шуд ва аз ноилоҷӣ онро бурида партофтанд. Ман боҳамин ду фарзандам, ки мисли ду фаришта зебо буданд, шукрона мекардам, вале шавҳарам мехост, ки боз як писари дигар дошта бошад.
Дар ҳамсоягии мо як оилаи камбизоате мезистанд, ки дар буду бисоташон як духтар Муқаддас ( садқаи ҳамин номи зебо шавад! ) мезистанд. Онҳо дар шароити баде мезистанд. Муқаддас хело духтараки меҳрубон ва зебо буд. Ӯ ба кӯдакони ман меҳрубонона муомила мекард. Мо ба онҳо ҳамаҷиҳата ёрӣ мерасонидем, Муқаддас дар ҷавоби ин ёрдами мо ба фарзандонам нигоҳубин мекард. Муқаддас ҳарчанд сину солаш аз 25 гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ҳеҷ кас ба ӯ ба хостгорӣ намеомад ва ӯ бешавҳар буд. Боре сабаби ба шавҳар набаромаданашро пурсидам. Сиришки талх бари рӯяшро шусту гуфт:
-Апаҷон, духтари камбағалу модари касалӣ дошта ба кӣ даркор? Кӣ мехоҳад, ки ба худ дарди сар харад?
Намедонам, чӣ қуввае дар ман пайдо шуд, ки худи ҳамон шаб ман аз Меҳроҷ дар бораи Муқаддас пурсидам. Меҳроҷ гуфт, ки духтари зебо ва боодоб аст ва аз ӯ ҳамсари хубе мебарояд. Ман аз чӣ бошад, ки шод шудаму аз шавҳарам пурсидам:
- Меҳроҷ оё ту розӣ ҳастӣ, ки Муқаддасро ҳамчун зани дуюм ба никоҳи худ дарорӣ?
Шавҳарам ҳайрон шуда ба ман нигоҳ кард ва гуфт:
-Ту чӣ магар ақлатро хӯрдаӣ? Ба ман зани дигар чӣ даркор?
Ақлакӣ карда гуфтам:
-Мардак, ҳар марди мусулмон вазифадор аст, ки дар ҳолати шароити хуб доштанаш зани дигареро ба никоҳи худ дароварда ӯро аз роҳи бад гардонад. Муқаддас новобаста аз оилаи камбағал буданаш хело духтари хуб аст. Равад, ки ӯ аз ноилоҷӣ фоҳиша шавад, он гоҳ ба умраш ту зомин мешавӣ, чун ту қудрати ӯро ба никоҳи худ дароварданро доштию ин корро накардӣ.
Хулоса, ба нею нестони шавҳарам нигоҳ накарда Муқаддасро барояш хостгорӣ намудам. Падару модари Муқаддас, ки худ дастнигари мо буданд, ихтиёрро ба дасти худи Муқаддамс супориданд. Муқадас ба ман нигоҳ карда гуфт:
-Апаҷон шумо магар ақлатонро хӯрдаед, ки маро ба шавҳари худ хостгорӣ мекунед. Охир шумо ба ман ин қадар некӣ кардеду ман боз шавҳари шуморо кашида гирам. Не бо ман ин хел бозиҳоро накунед.
-Муқаддасҷон, ман шавҳарамро билкул ба ту додани нестам, аммо бисёр мехоҳам ки ту низ хушбахт бошӣ. Меҳроҷ туро низ хушбахт карда метавонад. Мо бе ин ҳам мисли апаю хоҳар ҳастем. Бигзор одамон донанд, ки як мард метавонад ду зан дошта бошад.
- Худоё, эй кош он рӯз гунг мешудаму ин суханонро ба забон намеовардам. Ман аз куҷо медонам, ки барои худам қиёматсӯз мегирам.
Қисса кӯтоҳ Муқаддасро ба Меҳроҷ никоҳ кардем. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не вақте ки шаби аввал шавҳарам ба наздаш даромад, ман ба ҷои аз рашк сӯхтан аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Аз он шод будам, ки дасти фитодаеро мегирам.
Мо дар ҳақиқат ба ҳам мисли апаю хоҳар мезистем. Ман худ бисёр шаб шавҳарамро ба назди Муқаддас маҷбуран мефиристодам, Меҳроҷам ноилоҷ ба наздаш мерафт...
Рафта- рафта шавҳарам бо ҳар баҳона бо ман ҷанг мекардаги шуд. Шабҳо чогаҳашро дар замин мепартофту рӯяшро ҷониби девор гардонда хоб мерафт. Фақат баъди намоз хондан каме ба худ омада мегуфт:
-Шоираҷон, ман туро хело зиёд дӯст медорам, аммо намедонам барои чӣ ҳамин ки аз назди Муқаддас оям дар назарам мисли албастӣ менамоӣ. Ба фикрам ин духтар маро ҷоду карда ба ту хунук кардааст.Илтимос ба назди ягон мулло рав, намехоҳам аз ту ҷудо шавам...
Домуллое, ки ман ба наздаш рафтам, бисёр машҳур буда, ҳатто одамони калоншавнада ба наздаш мерафтанд. Домулло ктоби кушода гуфт:
-Духтарам, ту бо дасти худ ба сарат бало овардаӣ. Зани дуюми шавҳарат барои дили ӯро ба ту тамоман хунук кардан дар косаи хӯрокаш як чизи ҳаром андохтааст.
Зорию тавалло намудам, ки ягон илоҷашро ёбад. Домулло каме фикр карду баъд роҳи кушодани ҷодуро гуфт ва таъкид намуд, ки шавҳарам хун мепартояд.
Шумо шояд бовар накунед, аммо дар ҳақиқат баъди оне, ки гуфтаҳои муллоро кардам, шавҳарам хуни бадбӯе қайд кард ва маро тергав кард. Ноилоҷ ҳамаашро гуфтам. Меҳроҷ дар ғазаб шуда, ба сари Муқаддаси дуҷон давид ва кашолакунон ӯро аз хона бароварда дод зад:
-Ин хуни чист? Падарлаънат ба ту чӣ намерасид, ки ин кори ҳароми кофириро кард?! Кӯрнамаки ҳаромзод, ақалан қадри нону намаки Шоираро надонистӣ?!
Берӯйии духтарро бинед, ки чӣ ҷавоб дод:
-Шоира даврашро хуб ронд. Хона дорад, фарзанд дорад, боз чӣ мехоҳад? Ман мисли ӯ безуриёт набошам. Барои чи як умр зани дуюм шуда, дастнигари вай бошам? Хаёл мек унед, ки ман барои бахтам намесӯзам ? Ёш будам, ба хотири пулу молат шуда ту пирсолоқа гирифтам, вале...
-Ҳоло ба ту ман боз пирсолуқ шудам-а?! Се талоқат кардам ! Рафта ягон ёши гадоро ёфта гир!-дод зад шавҳарам ва Муқаддасро тела зада аз дар берун карданӣ шуд.
Палонҷам шикамакӣ дар рӯйи кафел афтид ва “ Вой шикамакам” гуфта аз хуш рафт.
Дилам сӯхту ӯро ба беморхона бурдам, аммо тифли батнашро наҷот дода натавонистем. Муқаддас кӯдаки мурда зоид.
Пас аз ин ҳодиса мо ҳавлии бошукуҳамонро ба ними нархаш фурӯхта, ба шаҳр кӯчидем.
Медонед баъд бо Муқаддас чӣ шуд? Чуноне, ки чашмдор будам, аз дасташ ягон кор наомада, фоҳиша шуд.ФОҲИША!
Бечора падару модараш ба ин шармандагӣ тоб наоварда мурданд.
Магар беҳтар набуд, ки бо ман муросо намуда оилаи солим дошта бошад ё ман нодуруст мегӯям?