Ин ду овоза нигаронии мардуми мардуми Тоҷикистонро ба бор оварда, боиси боло рафтани нархи испанд дар бозорҳо гаштааст. Нархи як даста испанде, ки чанде пеш 50 дирҳам буд, ба панҷ сомонӣ расидааст. Мардуми беасос ба ҳарос афтода даста-даста испанд мехаранд. Дуруст аст, ки мардуми тоҷик дуди испандро балогардон мегуфтанд ва хонаҳоро бо он дуд мекарданд. Аммо испанд чи таъсире ба каронавирус дорад? Ин воҳимаи мардум аз куҷо сар зад?
Испанд коронавирусро
пешгирӣ мекунад?
Рӯзи 13 март дар шаҳри Тошканд табиб - эпидемиолог, муовини раиси кулли Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ, профессор Михаил Фаворов зимни як лексия дар ин бора чунин изҳори назар карда буд: «Мо якҷо бо ҳамкасбонамон дурудароз андеша кардем, ки сабаби ин дар чӣ бошад: шояд ҳавои хушк ё иқлими махсус ва ё ҳазориспанд (исриқ) боис гардида бошад, рустание, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ мерӯяд ва аз қадим мардуми ин минтақа онро барои ҳифозат аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ истифода мебурданд…». Ва ӯ зимнан ба табибони қадим, алалхусус фарзанди фарзонаи тоҷик Абуалӣ Ибни Сино мисол меорад. Дар фароварди сухан Фаворов мегӯяд: “Сипанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. «Ҳазориспанд» маънии «ба ҳазор дард даво»-ро дорад. Гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд”. Аммо ба ҳазор дард даво будан маънии онро надорад, ки испанд давои каронавирус аст.
Дар пайи андешаҳои ин профессор Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон дар як нишасти ҳукуматӣ ба шаҳрвандони кишвараш тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз ин вирус бо дуди ҳазориспанд худро ҳифз намоянд. Президент таъкид кардааст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо гузаштагонаш усулҳои миллии мубориза бо ҳаргуна касалиҳо ва пешгирии бемориҳои гуногунро сохтаанд, ки самаранокии худро собит кардаанд. "Аҷдодони хирадманди мо анъанаҳоро қатъи риоя мекарданд: бӯй кардани дуди ҳазориспанд дар вақти рӯйдодҳои муҳим, хоҳ ҳангоми кӯчиш ба хонаи нав, оиладор шудан ва инчунин дар баъзе давраҳои сол, ки бемориҳои сироятӣ пайдо мешуданд", - гуфт Бердимуҳаммадов.
Ахиран, ин андешаи профессори русро Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ҷонибдорӣ кард. Ин ниҳод дар баёнияи худ дар сомонааш аз одамон даъват кардааст, ки истифодаи испандро дар хонаҳояшон зиёд намоянду худро аз хатари гирифторшавӣ ба ин вирус ҳифз кунанд.
Агар воқеан ҳам испанд каронавирусро пешгирӣ мекард, давоми ду моҳ олимони тиби тамоми кишварҳои ҷаҳон нафаси тоза мекашиданд. Ба ин содагӣ мардумро гумроҳ сохтан ва аз дастурҳои касбии духтарон дур нигоҳ доштан бар манфиати мардум нест. Замоне мардум гумроҳ намешаванд, ки ҳақиқатро доранд. Ҳақиқат ин аст, ки испанд барои пешгирии каронавирус ҳеҷ фоидае надорад. Дирӯз вирусологи амрикоии эронинажод Ораш Алавӣ ба идораи сомонаи “Оила” ташриф оварда буд. Кормандони “Оила” аз вай пурсиданд, ки испанд барои пешгирии коронавирус фоида дорад? Ӯ қотеъона ҷавоб дод, ки надорад. «Анъанаи ҳазорреспон дуд кардан аз замон зардӯштиён боқӣ мондаас. Ба ин хотир асрҳо дар зеҳни мардум нишастааст, ки он хосияти давогӣ дорад. Бояд танҳо аз рӯи тавсияҳои духтурон кор кард».
Духтурони касбии соҳаи вирусшиносӣ низ ин фикрро тасдиқ карданд. Ба ин хотир воҳима андохта, мардумро гумроҳ сохтан ва аз соддагиии онҳо истифода бурд нархи испандро баланд бардоштан аз рӯи инсонӣ нест.
Хотиррасон бояд кард, ки дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-2019 ба қайд гирифта нашудааст .
КОРОНАВИРУС БА ҚИРҒИЗИСТОН ҲАМ ОМАД
Дизенфексияи шаҳри Душанбе
Ин хабар низ чун овозаи фоидаи испанд тамоми шаҳри Душанберо фаро гирифта буд. Як корманди сомонаи “Оила” дирӯз барои харид роҳи мағозаи Ашанро пеш мегирад. Аммо дугонааш ба ӯ занг зада мегӯяд, ки зуд баргард, соати 10 (22.00) шаҳрро дизенфексия мекунанд, омада наметавонӣ. Ӯ зуд ба хонааш бармегардад ва аз дугонааш мепурсад, ки ин хабар аз куҷост. Ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ хабаракеро ба забони русӣ нишон медиҳад, ки дар ин бора хабар медод. Баъдтар онро тадқиқ мекунад. Он аз Қазоқостон паҳн шудааст. Ҳастанд касоне, ки хабарҳои фейк мардумро ба таҳлука меандозанд. Сомонаи “ОИла” бо сардори дафтари матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода дар иртибот шуд ва пурсид, ки ин хабар ҳақиқат дорад? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ин дурӯғи маҳз аст ва ҳеҷ гуна дизинфексия дар шаҳри Душанбе ҷой надорад ва ҳангоматалабоне, ки ин хабарро паҳн кардаанд метавонанд тамоми шаб дар хиёбонҳои Душанбе гардиш кунанд ва дурӯғ будани ин хабарро дарёбанд.
Имшаб аз ширкати мобилии TCELL ба рақами муштариён смс паёмак ирсол гашт ва дар он аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос, сарчашмаҳои номӯътамад ва хабари нодуруст бовар накунанд.
Табиист, ки аксари манфиатҷӯёни бевиҷдон аз вазъияти ба амаломада истифода бурда, мехоҳанд мардумро ба ташвиш оваранд. Ин амали ҳангомаҷӯён мақсаднок буда, шояд дар шабакаи Facebook низ маҳз ҳамин гурӯҳ авбошон мардумро ба таҳлука овардаанд.