Худованд дар Қуръони карим ҳушдор додааст, ки зино бадтарин гуноҳ барои бандаи мусалмон аст. Зинокорон пайравони шайтонанд.
Касе, ки гуноҳи кабира будани зиноро дидаву дониста, қадам ба ин роҳи фаҳшу ҳаром мениҳад ва ё бо мардуми зинокор ҳамнишинӣ мекунад, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар рӯзи маҳшар шармандаву рӯсиёҳ гашта, дар оташи сӯзони ҷаҳаннам то абад хоҳад сӯхт. Ин нуктаро ҳар як фарди мусалмон медонад ва аз қибати ин амали нангин хабардор аст, аммо...
Афроде ҳастанд, ки зоҳиран худро худотарсу худошинос ва бовиҷдону покдомон нишон диҳанд ҳам, дар асл аз ягон гуноҳ рӯ намегардонанд. Ин тоифа ба хотири нафси худ ба ҳама кор қодиранд. Мурод аз ин гуфтаҳо рафтори як сокини маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе мебошад, ки ба хотири ба даст овардани пули бе дарди миён манзили зисташро ба фоҳишахона табдил додааст.
ТОҶИГУЛ: РУСИЯ ДУ ДУХТАРАМРО НОДУХТАР КАРД
Тавре ки Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҷавонмарди 30-сола ба ҷойи бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст овардан, ташкили фоҳишахонаро роҳи аз ҳама осони пулкоркуниро дониста, манзили зисташро ба макони айшу ишрати пургуноҳ табдил додааст. Ин даллаи бе нангу ор бо мардони занбозу ишратпараст забон як карда, бар ивази пули калон иҷозат медод, ки пайравони шайтон занону духтарони гумроҳро ба хонаи ӯ оварда, шаб то саҳар бо айши пургунҳ машғул шаванд. “Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак, охир ба дастӣ малахак” гуфтани халқ беҳуда нест, кирдорҳои бадахлоқонаи ин даллаи худобехабар оқибат рӯйи об бармаданд ва шоми 26-уми январ ба даст афтид. Кормандони милиса даллаи испечакиро дар ҳоле дастгир намуданд, ки аз як марди 32-сола барои ишқварзӣ бо зани 34 солаи бехираде пул мегирифт. Ин зану марди зоҳиран мусалмон, аммо ботинан шайтонсират ба соҳиби хона 250- сомонӣ пул дода, мехостанд манзилашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан иҷора бигиранд, аммо тирашон хок хӯрда, ҳар се дар сари ҷиноят ба даст афтиданд. Акнун натанҳо ин зану марди фоҳиша, балки даллаи Испечакӣ низ барои кирдори худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.