Журналисти машҳури шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Мирзо Қурбонов байти дӯстдоштае дорад:
Бе пул суханат асар надорад,
Ҳоле, ки ту дорӣ, хар надорад!
Эҳтимол ин байт бисёр дағал намояд, вале дархӯри замони имрӯз аст. Дар ин замона ҳеҷ кас бе пул ба қавли кампиракон оби дилашро такон намедиҳад. Имрӯз ҳама чиз ва ҳама кор нарх дорад, ҳатто суруду мусиқӣ ва дилхушӣ низ. Далели равшани ин гуфтаҳо хизмати сарояндаҳои тоҷик дар тӯй ва маъракаҳои хурсандии мардум аст.
Дар тӯятон ин ё он ҳунарманди машҳурро даъват карданиед, пеш аз оне, ки дари санъаткори дӯстдоштаатонро мекӯбед, аввал ҷайбатонро таконда, бубинед, ки аз ӯҳдаи пардохти ҳаққи хизмати он сароянда мебароед ё не?
Инак, нархи хизмати сарояндаҳои мо дар тӯй ва маъракаҳо чанд аст?
Имрӯз Қадами Қурбон дар шоу-бизнеси тоҷик аз ҳама сарояндаи ба қавли маъруф “популярний” ба шумор меравад ва бисёриҳо мехоҳанд маҳз ҳамин ҷавонмарди шӯхро ба маҳфилҳои хурсандиашон даъват намоянд. Нархи хизмати Қадами Қурбон дар тӯю маъракаҳо бе пистолет 6000 сомонӣ ва бо пистолет 700 сомонӣ будааст.
Мино баъди сабти клипи “Умираю” бо Қадами Қурбон боз ҳам машҳуртар гашта, арзиши хизматаш дар тӯю маъракаҳо боло рафтааст. Имрӯз ин бонуи хушхиром барои рақсҳои ҷаззоб ва таронаҳои дилнавозаш аз тӯйдорон 1500- 2000 доллар талаб мекунад.
Фарзонаи Хуршед, хоҳари ситораи № 1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё рӯз то рӯз машҳуртар гашта, ҳаққи хизматаш низ боло меравад. Мегӯянд, ки барои гузаронидани як тӯй Фарзона аз соҳибони маърака 2000-2500 доллар мегирад.
Зулайхо Маҳмадшоева пас аз Шабнами Сурайё машҳуртарин сарояндаи шоу-бизнеси тоҷик ба шумор рафта, арзиши хизматаш дар тӯю маъракаҳо хеле гарон аст. Зулайхо маҳфилро бисёр зебо ва пурнишот мегузаронад, аммо на ҳар кас қудрат дорад, ки ин бонуи булбуловозро ба ҷашни хурсандиаш даъват намояд. Ҳаққи хизмати Зулайхо дар тӯю маъракаҳо аз 25000 сомонӣ шурӯъ шуда, вобаста ба минтақае, ки маъракае, ким тӯй баргузор мешавад, боло мерафтааст...
Фирӯза Ҳафизова низ дар байни мардум маҳбубияти зиёде дорад. Новобаста ба ҳама моҷароҳое, ки тез-тез дар атрофи номи ин бонуи ҳунарманд пайдо мешаванд, тӯйдорон мехоҳанд маҳз Фирӯза маҳфили хусандиашонро обод созад. Нархи хизмати Фирӯза Ҳафизова дар тӯй аз 1500 то 2000 доллар аст. Табиист, ки ин хонуми ҳунарманд ва дигар сарояндагони тоҷик маблағҳои номбурдаро аз тӯйдорон мутаносибан бо пули тоҷикӣ мегиранд, зеро доду гирифт бо асъори хориҷӣ дар кишвари мо манъ карда шудааст.
Акнун меоем сари ситораи №1-и эстрадаи тоҷик бону Шабнами Сурайё! Орзу доред, ки дар тӯйи писар ё духтаратон сарояндаи аз ҳама машҳури тоҷик Шабнами Сурайёро биёред? Раис, вазир ё бизнесмен набошед, барои овардани Шабнам ба тӯятон хеле ва хеле заҳмат кашиданатон лозим меояд. Ҳаққи хизмати Шабнами Сурайё дар тӯй ва маъракаҳо аз 7000 доллар оғоз ёфта, то ба 10000 доллар мерасад.
Насли калонсоли санъаткорони тоҷик нисбатан боинсофтар буда, аз тӯйдорон пули калон талаб намекунанд. Қобилҷони Зариф, Хосияти Зарафшонӣ, Ҳаётой Мӯминова, Лола Азизова ва дигар сарояндагони ҳирфаӣ ҳамагӣ бар ивази 5000-6000 сомонӣ маҳфили шуморо тарабобод хоҳанд кард.
Албатта мо ин ҷо хизматонаи ҳамаи сарояндагони тоҷикро зхикр накардем, вале ин мавзуъро минбаъд идома хоҳем дод. Бо сомонаи Оила-ТЧ бимонед! Мо тамоми сррру асрори ситораҳои тоҷикро бароятон мекушоем!