Доир ба тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.
“То имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад”,-гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба иттилои котиботи дафтари раисҷумҳур минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад.
Айни ҳол, гирифторони ин бемории марговар дар кишварҳои Фаронса, Италия, Ирон, Олмон, Амрико, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва боз чанд давлати дигар ба қайд гирифта шудааст.