Arzon march 2024
Коронавирус ба Қирғизистон ҳам омад
4047

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳолатҳои нахустини сироятёбии коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Се нафари сироятшуда дар як ҳавопаймо аз Арабистони Саудӣ аз ҳаҷ баргаштанд.

Дар он ҳавопаймо ҳамагӣ 135 мусофир омада, аз отанҳо 90 касро дар карантин нигоҳ доштанд. Мусофирони дигар ҳанӯз дар ҷустуҷӯянд.

“Ин воқеа барои мо ғайричашмдошт набуд. Мо се моҳ таҳқиқот гузаронда чораи зарурӣ андешидем. Дар беморхонаҳо катҳои иловагӣ аллакай омода ҳас, инчунин, духтуронро барои аз муоина гузарондани беморон кайҳо боз омодаанд”,- қайд намуд дар брифинг вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбоев.
Як рӯз қабл Қирғизистон барои ворид шудани хориҷиён сарҳадҳоро баст.


Диққат! 14-роҳи пешгирӣ аз коронавирус


Инчунин мавриди қайд аст, ки Русия низ шурӯъ аз имрӯз то 1 май сарҳадҳоро баст. Ин қарор пас аз он қабул шуд, ки дар як шабонарӯз шумораи сироятшудагон то 50 % зиёд шуд. Рӯзи 16 март Русия расман 30 ҳолати нави сироят ёфтан аз коронавирусро эълон кард. Ҳоло дар Федератсияи Русия 114 нафар гирифтори бемории коронавирус ҳастанд.

P.S Шаҳрвандони гиромӣ чӣ тавре, ки  худ шоҳиди ҳол ҳастед, кишварҳои гирду атрофи мо аллакай гирифтори бемории корнавирус шудаанд. Аз шумо эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки қоидаи санитарию гигиениро ҳамаҷиҳата риоя намоед. Ба маслиҳати духтурон гӯш диҳед ва амал намоед. Саломатии шумо ва фарзандонатон дар дасти худи шумост!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД