Ҳунарманди машҳури ҳонконгӣ-чинӣ Ҷеки Чан бо мухлисонаш дар алоқа шуда, овозаи ба «коронавирус» гирифтор шудану ба карантин рафтанашро рад кардааст. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Инстаграмаш иттилоъ додааст.
Ҳунарманд аз кулли ҳаводоронаш барои нигаронӣ изҳори сипос карда, хабар додааст, ки овозаҳо дар бораи ба «коронавирус» гирифтор шудану ба карантин рафтанаш комилан беасосанд. Ҳолаш хуб буда, ба саломатиаш хатаре таҳдид намекардааст. Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, Ҷеки Чан ба нафаре, ки аввалин шуда бар зидди «коронавирус» дору ихтироъ мекунад, 1 миллион юани чинӣ мукофоти пулӣ ваъда кардааст. Дар баробари ин, ӯ аз тамоми ҳамватанонаш хоҳиш кардааст, ки худро эҳтиёт ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Аммо, бар акси ҳол, ҳунарманди шинохтаи амрикоӣ Том Круз бо гурӯҳи эҷодии филми «Миссия невыполнима» дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Венетсияи кишвари Италия барои чанд муддат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ки ҳунарманд бо гурӯҳи корӣ ҳафтае қабл барои сабти қисми навбатии филми «Миссия невыполнима» ба Венетсия омада буд. Дар худи ҳунарманд ва ҳамроҳонаш «коронавирус» ошкор нашуда бошад ҳам, барои бехатарӣ онҳо якчанд муддат дар меҳмонхона зиндагӣ ва аз рӯйи гуфтаи пизишкон амал мекунанд ва сабти филм бошад, муваққатан ба таъхир гузошта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар Италия низ сафи гирифторон ва фавтидагон аз «коронавирус» ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.