Се рӯз қабл Гулноза Достиева, як ҷавондухтари 20 солаи бохтарӣ аз бемории саратон даргузашт.
Абдухолиқ Достиев баъди ҷавонмарг шудани духтараш, ба зиндагӣ тоб наоварда, дар сари қабри духтараш Гулноза худро ба дор овехтааст.
Падари мотамзада қабл аз худкушӣ ба ҳамсараш бо телефон паёмак фиристода, навиштааст, ки бо азоби виҷдон зиндагӣ карда намветавонад ва худро дар марги Гулноза гунаҳкор медонад, чунки натавонист духтари нозанинашро ҳамчун падар аз дарди бедаво наҷот диҳад.
Пас аз хондани паёмак ҳамсари Абдухолиқ Достиев писарашро ба сари қабри Гулноза мефиристад, то падарашро гирифта ба хона орад, аммо то расидани писар ба қабристон падар худро дар расани дарахти бед ба дор овехтааст.
Ҷанозаи Абдухолиқ Достиевро рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи деҳаи Виёни ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён ба хок супурданд. Абдухолиқ Достиев 42 сол дошт ва дар БДА кор мекард. Ӯ писари хоҳари калонии Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси парлумон ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия буд. Сокинони Виён мегӯянд, баъди марги духтараш Абдухолиқ Достиев хеле сахт афсӯрда шуда буд ва дигар зистан намехост.
ФАРАНГИС РАҲМАТУЛЛОЕВА ДАР САДАМАИ АВТОМОБИЛӢ ДАРГУЗАШТ
Ҷанозаи Абдухолиқ Достиевро рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи деҳаи Виёни ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён дар канори мазори духтари ҷавонмаргаш ба хок супурданд.
Абдухолиқ Достиев дар БДА шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекард. Ӯ соли 1978 ба дунё омада, ҳамагӣ 42 сол дошт...
Манбаъ: Ахбор