Sebiston new 2024 october
Фарангис Раҳматуллоева дар садамаи автомобилӣ даргузашт
7749

 

Фарангис Раҳматуллоева-ин ном барои истифодабарандагони шабакаи Инстаграм ошност.

Ин бонуи зебо бо нашри наворҳои аҷибу тамошобоб дар дилу дидаи мардум маъво гирифта буд ва аксарият ӯро ҳамчун “Маликаи Инстаграм” мешинохтанд. Фарангис дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде дошт, аммо як шоми сиёҳи пурбарф гули орзуҳояш якбора поймоли боди хазон гашт. Аниқтараш беэҳтиётии ду ронанда боис шуд, ки ин нозанин бо ҳаёт умрбод падруд бигӯяд.

Санаи 19- уми январ, тақрибан соатҳои 22:25-дақиқаи шаб, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес- Бенс” Дӯстов Талабшо Давлатбекович, соли таваллудаш 1995, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ аз ӯҳдаи идора кардани автомобил набаромада ба мошини тамғаи “ДЭУ – Сиело”бархӯрд ва заминро аз хуни одамизод лолагун гардонд.

Фарангис дар шаҳри Бохтар кор мекард ва ба хотири он ки зудтар ба дидори пайвандонаш бирасад, ба ин мошини Мерседес, ки ронандааш бо кирокашӣ ризқу рӯзиашро меёфт, нишаста буд, то зудтар ба манзилаш, ба Леваканд бирасад. Пазмони дидори аҳли байташ гашта буд ин нозаниндухтар, аммо ронандаи ҷавон бо саросемагиаш тамоми орзуҳои ширини ӯро барбод дод. Фарангиси ноком дар ин садамаи марговар захмҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.

Дар ин садамаи фалокатбор ҳамчунин ронандаи мошини “ДЭУ– Сиело” Абдулло Кулчиев ва мусофираш Абдумалик Гулмаҳмадови 29 –сола зарар дида, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Саросемагию беаҳамиятии ронанда боз як хонаро мотамсаро гардонида, чанд хонаводаи дигарро дар паси дари бемористон сарсону саргардон намуд.

Ҳаракат дар роҳҳои мошингард бо боридани барф ва яхбандӣ боз ҳам мушкилтар мешавад, бинбар ин мо аз тамоми ронадагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бисёр эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу дигаронро дар хатар нагузоранд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД