Зуҳуриддин Ғиёсов, яке аз истифодабарандагони фаъоли Фейсбук дар саҳифаи шахсиаш хабари нохушеро нашр намудааст, ки аз сар задани садамаи ҳалокатбор дар роҳи Файзобод –Роғун дарак медиҳад.
Санаи 19-уми январ, тахминан соатҳои 9-и субҳ дар ҳудуди шаҳраки Файзобод мошини тамғаи “KIA Rio” ба як атомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010” бархӯрда, боиси ҳалокати ду шахс гаштааст.
Дар ин садамаи хунин ду мард, ки яке 33 ва дигарӣ 61-сол дошта, ҳарду сокинони шаҳри Роғун буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон ҳарду мусофирони автомашинаи ВАЗ буданд.
Ногуфта намонад, ки боз 6- нафари дигар бо шумули ду ронанда дар ин садама зарар дида, айни замон дар бемористон қарор доранд.