Sebiston new 2024 october
3-садамаи маргбор дар 3-рӯз
3030

 

Иддае аз ронандагон ҳамин ки сари чанбарак нишастанд, худро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, оламу одамро фаромӯш мекунанд.

Аксаран беэҳтиётии чунин ронандагони худпарасту худхоҳ боиси марги одамони бегуноҳ мегардад. Далели равшани ин гуфтаҳо сар задани се садамаи маргбор дар се рӯзи охир аст.

Шоми 10-уми январ, тахминан соатҳои 21:30 Мадаминов Муҳаммад Мадаминович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ паси чамбараки мошини тамғаи “Хова” менишинад. Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутӣ ӯ бо ҳамин мошин, ки ҳатто рақами қайди давлатӣ надорад, зани пиёдагардеро пахш намудааст. Дар натиҷа ин зани тахминан 40-45 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян кардани шахсияти зани шаҳидгашта идома доранд.


ПАДАР ДУХТАРЧАИ 4-СОЛААШРО ЗАДА-ЗАДА КУШТ


Ба ҳамин монанд субҳи 11-уми январ, соатҳои 08:00, ронандаи автомашинаи Опел-Астра Пирназаров Фозилҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Шаҳритус ҳаракат намудан аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба симчӯб бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошин Пирназаров Обидҷон Ҳамзаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Қубодиён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофирони дигар: Пирназаров Расулҷон Хамзаевич, соли таваллудаш 1984 ва Шерматов Ғуломҷон Муродович, соли таваллудаш 1992, сокинони маҳаллаи зикршуда ҷароҳатҳои гуногун бардошта дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

Боз як садмаи маргбор рӯзи 13-уми январ ба вуқуъ пайваста, боиси марги як модари тоҷик гашт. Ронандаи автомашинаи Опел-Астра Раҳимов Амирҷон Ҷумъаевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор нимаи дуюми рӯзи 13-уми январ, тахминан соатҳои 15.30 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Фархор ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идора кадани нақлиёт баромада ба автомашинаи тамғаи Опел-Астра, ки дар паси чамбаракаш Нуралиев Шамсуддинхон Нуриддинович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб нишаста буд, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи Опел-Астра Собирова Гулҷаҳон, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигар Мирзоева Зебонисо Қаюмовна, соли таваллудаш 1963 ва ронандагон Нуралиев Ш.Н. ва Раҳимов А.Ҷ. бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

Бори дигар аз тамоми ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин рӯзҳои сарду пурбарфи зимистон ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД