Ин ҳодисаи даҳшатангез дар ноҳияи Зелвенскии Ҷумҳурии Белорусия рӯй додааст. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Белорусия як марди 25-сола бо сабабҳои номаълум духтарчаи 4-солаашро зери мушту лагад гирифта, мурданивор задааст.
Пас аз он ки кӯак дар хуни худ ғарқ гашта, аз ҳуш меравад, падари бераҳм каме ба худ омада, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезанад.
Ба гуфти Валерий Климович, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Зелвенский, вақте ки кӯдакро оварданд, аллакай дар ҳолати марги клиникӣ қарор дошт. Духтарчаро дар ҳуҷраи эҳёгарӣ хобонда ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст кардем, зеро кӯдак мустаъқилона нафас кашида наметавонист. Мутаасифона, тамоми талошҳои табибон барои наҷот додани ҷони духтарчаи бегуноҳ барабас рафтанд ва баъди ду рӯз дили кӯдаки маҷрӯҳ аз тапидан бозмонд.
ПАДАР ПИСАРЧАИ 3-МОҲААШРО БА ҚАТЛ РАСОНД
Нисбати ин падари ҷоҳил бо қисми 2-и моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Беларус "Сӯиқасд ба куштани кӯдаки ноболиғ" парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Модари духтарчаро низ аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда, фарзанди дуюми ин хонаводаро ба як оила бефарзанд доданд.