arzon replenishment
Фирори духтар сари падарро хӯрд
3777

 

Салом хонандагони-и азиз! Дилам пури рози ногуфта аст, вале падари азизам дигар дар дунё нест, ки аз ӯ бахшиш пурсам.
Дар донишгоҳ мехондам. Дар курси охирин падарам маро ба писари як дӯсташ фотиҳа кард, вале мани содадил ба як ҳамсабақи деҳотиам дил баста, фақат дар орзуи он будам, ки зани ӯ шавам. Медонистам, ки ин ҷавон писари охирини хонаводаашон асту ҳоло акаҳояшро зан надодаанд, вале ӯ бо чормағзи пуч домани маро пур карда мегуфт, ки имрӯз ё пагоҳ ба хонаамон хостгор мефиристад. Мани эрка шарму ҳаёро фаромӯш карда, рӯирост ба падарам гуфтам, ки ҳамсабақамро дӯст медорам ва ба ғайр аз ӯ дигар ба ягон кас ба шавҳар намебароям. Падарам сахт хашмгин шуда бошад ҳам, худро базӯр ба даст гирифта гуфтанд, ки ин тавр бошад, зудтар хостгорҳояшро фиристад. Аз шодӣ қариб дилкаф шуда розигии падарамро ба дӯстдоштаам расондам ва хоҳиш кардам, ки волидонашро ба хонаи мо ба хостгорӣ равон кунад, аммо ӯ баҳона пеш овард, ки падараш сахт касал аст ва ҳамин ки ҳолаш каме беҳтар шуд, албатта ба хонаи мо ба хостгорӣ меояд. Дертар фаҳмидам, ки ҳамаи ин гапҳо дурӯғ ва ошиқи бевафоям кайҳо бо як духтари ҳамдеҳаашон фотиҳа шуда будааст. Падарам дид, ки аз хостгорони ҳамсабақам дарак нест, рӯзи тӯйро муайян намуда, дар тараддуди ба хонаи бахтам гусел кардани ман шуд. Хона пури меҳмон, волидонам дар ташвиши тӯй буданд, мани беақл бошам, шаби никоҳ гурехта ба хобгоҳ ба назди ошиқам рафтам. Ҳамсабақам маро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта, рӯйирост гуфт, ки тамоман дилу нияти бо ман хонадор шудан надорад. Чораи дигар наёфта, ноилоҷ ба хона баргаштам. Вақте ки ман аз дар даромадам, падари бе ҳушу бе ёдамро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор карда ба беморхона мебурданд. Модарам маро дашномҳои болохонадор дода, дуи бад мекард. Ман пеш аз гурехтан хатча навишта будам, ки ба назди дӯстдоштаам меравам, маро дигар ҷустуҷӯ накунанд. Падарам ҳамон мактуби сархӯрро ёфта, аз дарду алам ба сактаи дил гирифтор шудааст.

 


Дар шаш моҳи бе кор монданаш зани серҷоғаш «мард бошӣ, баро, пул кор кун» гӯён, ҷонашро бо таънаю пичинг ба лабаш расонду бечора маҷбур шуд, ки тарки Ватан намояд. Бо дипломи олӣ ба Русия мардикорӣ рафт. 


3xDym4VUnfVp9hWS6lVYVCvUqceHYAmA28BnWCR8_1
Ҳамин тавр падари бечораам ба шармандагӣ тоб наоварда, дар беморхона ҷон дод. Ман мондаму дарду ормонҳои ногуфтаи падар. Солҳо гузаштанд, аммо доғи бадномӣ аз номи мани бе ақл ҳеҷ шуста нашуд, ки нашуд. Номам ба бадӣ баромада, дигар касе бо нияти хостгорӣ пояшро ба остонаи дари хонаамон нагузошт. Мани бадбахт мисли зоғ бо дили пур аз доғ намедонам сарамро ба кадом дар занам.
Ба тамоми духтарҳо гуфтаниям:
-Падар розӣ, Худо розӣ гуфтаанд, ҳаргиз падарро наранҷонед, вагарна мисли мани беандеша як умр шармандаю рӯсиёҳ шуда мемонед!
Бо эҳтиром: П

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД