arzon replenishment
Падар писарчаи 3-моҳаашро ба қатл расонд
3121

 

Дар шаҳри Дивногорски Русия як марди бадмаст ҷинояти гӯшношунид ва бераҳмонае содир намудааст. Ин марди бераҳм тифлаки семоҳаро ба қатл расонидааст,-хабар медиҳад сайти Бел- Новостии Русия.

Бино ба гуфтаи ҳамсари қотил, ин марди бадмаст дар ягон ҷо кор намекардааст. Зан маҷбур мешавад, ки тифлаки ширхораашро монда ба кор барояд. Азбаски дар басти шабона кор мекард, ҳамон рӯзи шум вай духтарчаи калониашро ба хонаи бибиаш бурда, писарчаи семоҳаашро дар назди шавҳараш гузоштааст. Баъди ба кор рафтани зан кӯдак ғаш карда мегиряд. Мард ҳамчанд кӯшиш мекунад, ки тифлакро ором созад, ин кор ба ӯ даст намедиҳад. Ин падари бадҷаҳл дар ҳолати мастӣ кӯдаки семоҳаро чанд мушт мезанад, аммо бача бо мушту лагад низ ором нашуда,бештар ғаш мекунад. Падари ваҳшӣ ба ғазаб омада, мисли дарранда ба тифлаки маъсум дарафтода, гӯшти бадани кӯдаки бечораро бо дандонҳояш газида-газида хуншор месозад. Тифлаки семоҳа ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.


Писарам, агар ту дар вуҷудат як зарра хуни мардӣ дошт бошӣ, набояд дубора занатро ба хона биёрӣ, чунки вай нангу номуси туро пеши по кард.

 


Айни замон алайҳи ин марди бераҳм барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ва куштори шахси ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Интизор меравад, ки падари фарзандкуш беш аз 11-соли умрашро дар пушти панҷара хоҳад гузаронд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД