Сари девор дар як дам пур аз одам шуд, ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида, ба тамошо баромада буданд, то бубинанд, ки кашмакашу занозании ду зан барои як мард бо чӣ меанҷомад.
Ҳамсоязан аз рашк ва қаҳру ғазаб мӯйҳои мушкини рақибашро қабза-қабза канда мегирифт, Сорои танноз ҳарчанд кӯшиш мекард, ки аз чанголи ин деви сиёҳ халос шавад, наметавонист. Зубайдахола ҳарчанд кӯшиш мекард, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо созад, наметавонист. Махфирату Соро мисли ду модагурги ваҳшӣ ба ҳам часпида буданд ва якдигарро дашномҳои қабеҳ дода, рӯю мӯйи ҳамдигарро канда хунсор мекарданд. Бечора кампир дар байни ин ду модагурги дупои ваҳшӣ монда буд ва зӯраш ҳеҷ ба онҳо намерасид. Мушти Соро, ки мехост Махфирати сиёҳро ба замин яксон намояд, тасодуфан ба хушдоманаш расида, рост ба дили кампир зад. Аз зарби мушти обдори келин нафас дар гулӯи кампир печид ва “Илоҳо хонаат сӯзад духтардор, дар байни дӯсту душман шармандаам кардӣ” гӯён, ба замин афтида аз ҳуш рафт. Ҳамсояҳо ин ҳолатро дида, зуд ба имдоди Зубайдахола шитофтанд, вале аллакай кор аз кор гузашта, кампир дигар намеҷунбид...
Хушдоманкуш
Сорою Махфирати сиёҳро бо азоб аз ҳамдигар ҷудо карданд ва Зубайдахолаи бе ҳушу бе ёдро ба мошин бор карда ба духтур бурданд. Табибони ноҳия вазнин будани ҳолати беморро ба назар гирифта, маслиҳат доданд, ки Зубайдахоларо ба ягон беморхонаи шаҳр баранд. Ҳамсояҳо ба хотири нону намаке, ки чанд сол бо ҳам хӯрда буданд, кампирро ба шаҳр бурданд, то табобат намоянд, аммо кӯшишҳояшон ягон натиҷа надод. Зубайдахола аз шарми мардум ва кашмакаши келини бероҳааш бо Махфирати сиёҳ якбора ҳам сактаи дил ва ҳам сактаи майнаро аз сар гузаронида будааст, табибони шаҳрӣ барои наҷот додани ҷони бемор се шабонарӯз талош карда бошанд ҳам, аз дасташон ягон кор наомад. Кампир дигар ба худ наомада, рӯзи чорум сари субҳ дар беморхона ҷони азияткашидаашро ба ҷонофарин супурд ва ҷисми беҷонашро ба хона оварданд.
Нафратзада
Сорои шаттоҳ худро келини ғамхору ҷигарсӯз нишон доданӣ шуда, либоси мотамӣ ба бар намуд, вале ҳамсояҳо, ки шоҳиди ҳол буданду сабаби марги Зубайдахоларо нағз медонистанд, нагузоштанд, ки ба ҷасади кампир наздик шавад.
-Ин занак ба мо ҳамсоя не, мисли як хеши наздик ғамхору меҳрубон буд ва дасташ ба ҳамаамон расидааст. Мо худамон мурдаи ӯро гӯру чӯб мекунем. Беҳтараш ба хонаи очаат рав, агар шавҳарат фаҳмад, ки сабаби марги модараш маҳз ту ҳастӣ, саратро аз танат ҷудо мекунад,-маслиҳатомез гуфт кампири Зебо, ки ҳамсояи девордармиёни Зубайдахола ва аз тамоми сирру асрори ин хонавода огоҳ буд.
-Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ин хона акнун хонаи ман аст ва дилам чӣ коре, ки мехоҳад, кардан мегирам. Кори ҳеҷ кас ба ман набошад,-шаттоҳона дод зад Соро, ки баъди марги хушдоманаш худро соҳиби ин ҳама ҷоҳу ҷалол мепиндошт.
-Меравӣ, агар ба хубӣ наравӣ, ман худам ҳамаашро ба шавҳарат як ба як мегӯям, он гоҳ зинда намемонӣ,-таҳдид намуд кампири Зебо.
Дигар ҳамсояҳо низ кампирро тарафдорӣ намуда, қасам хӯрданд, ки ҳамаашро ба шавҳараш мегӯянд. Ду-се нафар ҳатто ҷанҷоли Сороро бо Махфирати сиёҳ дар телефонҳояшон сабт карда будаанд. Вақте ки ин сабтҳоро ба Соро нишон доданд, дами ҷавонзан ба дарун афтид, зеро ҳангоми ҷанҷол вай тамоми сирру асрорашро фош карда, бо забони худаш ба Махфирати сиёҳ гуфта буд:
-Беваи маймун, пулҳои шавҳаратро хӯрдам, аламат кард? Ана ҳамин хел, ту хар барин рӯзи дароз ба вай хизмат мекунӣ, либосашро мешӯйӣ, хонаашро мерӯбӣ, бачаҳояшро нигоҳубин мекунӣ, вале шавҳарат тамоми боигариашро ба пеши пойи ман мерезад, чунки....
Соро эҳсос намуд, ки бо ин мардум шӯхӣ карда намешавад ва агар ба хубӣ баромада наравад, рӯзашро сиёҳ мекунанд, аз ҳамин сабаб, “шумо ба ҳусну ҷамоли ман ҳасад бурда, маро хонавайрон кардан мехоҳед, ҳоло истед, рӯзи ҳамаатонро сиёҳ мекунам” гӯён, ғурбаткунон баромада рафт...
Бозгашти мусофир
Хабари марги модарашро шунида, Маъруф фавран чипта харид ва худи ҳамон рӯз б Ватан парвоз кард, вале дидани рӯйи хунуки модар низ ба ӯ насиб накард. “Ҳаво бениҳоят гарм аст, агар мурда шаб дар хона монад, то саҳар бӯй мегирд” гӯён, муллоҳо мардумро маҷбур карданд, ки маитро баъди намози пешин ба хок супоранд.
Вақте ки Маъруф аз дар даромад, мардуми ба ҷаноза омада, нав аз қабристон баргашта буданд ва ҷисми бе ҷони Зубайдахолаи пурормон аллакай дар зери хоки сард хуфта буд. Маъруф “очаҷон, чаро маро партофт рафтӣ?” гӯён, сарашро ба дару девор зада, мисли занҳо ҳой-ҳой мегирист, аммо тақдирро тадбир набуд...
Марзи номус
Маъруф миш-миши мардумро шунида бошад ҳам, ҳеҷ бовараш намеомад, ки ҳамсараш ба ӯ хиёнат карда бошад, аз ҳамин сабаб хост баъди гузаронидани маъракаи ҳафти модараш рафта Сороро биёрад. Ҳамсояашон, кампири Зебо аз ин нияти ҷавони аз макри зан бехабар огоҳ шуда ба назди Маъруф омад ва оҳи сард кашида гуфт:
-Маъруфҷон, модари ту барои ман ҳамсоя не, мисли як хоҳари меҳрубон буд, аз ҳамин хотир ман бояд қарзамро дар назди руҳи поки Зубайдаи худораҳматӣ иҷро карда, ҳамаашро ба ту бигӯям. Писарам, агар ту дар вуҷудат як зарра хуни мардӣ дошт бошӣ, набояд дубора занатро ба хона биёрӣ, чунки вай нангу номуси туро пеши по кард.
-Холаҷон, зани ман бисёр хушрӯй буд, барои ҳамин мардум рашк бурда, дар ҳаққи вай ҳар хел гапҳоро мебофанд,-ҳамсарашро тарафгирӣ кард Маъруф.
-Ягон кас дар ҳаққи зани ту гап набофтааст писарам, занат бо шӯйи Махфирати сиёҳ- Амир –бангӣ мегашт. Тамоми ҳамсояҳо ҳар рӯз бо чашми худашон медиданд, ки чӣ тавр зани ту ба мошини вай мардак шишта меравад. Амир-бангӣ дар чанд маърака маст шуда, бо забони дароз гуфтааст, ки ман зани Маъруфро навозиш карда мегардам. Сабаби марги модарат ҳамин аст. “Ту бо шӯйи ман мегардӣ” гуфта, Махфирати сиёҳ ба сари занат омад. Онҳо ҳамдигарро дашному ҳақорати бисёре дода, хуб рӯканию мӯканӣ карданд. Бечора очаат дар байни ин ду аҷуза монда, дилкаф шуд ва дигар ба худ наомада мурд. Писарам, ихтиёр дорӣ, агар табъат кашад, рафта занатро биёр, вале бидон, ки баъди ин ягон кас аз дарат намедарояд. Мардум даюс гуфта ба рӯят туф мекунанд, чунки бачаҳо ҷанҷоли Сорою Махфиратро дар телефонҳояшон сабт кардаанд. Ба гапи ман бовар накунӣ, бегоҳ ба хонаи мо биё, набераам он наворҳоро ба ту нишон медиҳад...
Кампири Зебо рафт, Маъруф бошад, ҳайкал барин дар ҷояш шах шуда, чӣ кор карданашро намедонист...
Вақте ки мард мегиряд...
Ҳанӯз бовари Маъруф намеомад, ки Соро ба ӯ хиёнат карда бошад, аз ҳамин сабаб “ҳарчи бодо бод” гӯён, бегоҳ ба хонаи ҳамсоя рафт. Набераи кампир бо дили нохоҳам навори ҷанҷоли Сорою Махфирати сиёҳро ба ӯ нишон дод. Бо дидани ин манзараи нангин дуд аз димоғи Маъруф баромад ва чашмонаш беихтиёр ҳавзи об шуданд ва бо овози базӯр шунавои гиряолуд пичиррос зад:
-Ман ба ҳусну ҷамолаш шефта шуда, ин аҷузаро ба занӣ гирифтам, чӣ хел одам буданашро медонистам, сад сол бе зан монам ҳам, ҳеҷ гоҳ ба рӯйи ин касофат нигоҳ намекардам. Акнун сарамро дар байни мардум чӣ хел мебардорам. Мурдани ман барин мард беҳтар аст...
-Зиқ нашав бачам, одамизод шири хом хӯрдааст, охир ту аз куҷо медонистӣ, ки занат тарпоча мебарояд. Талоқашро деҳу дигар фикри он беномуси касофатро накун. Қишлоқ пур аз духтари хушрӯи қадрас, маъракаҳои модаратро гузаронем, худам ягон нозанинро барои ту хостгорӣ карда, хонаатро обод мекунам,-Маъруфро модарона тасаллӣ дода гуфт Зебохола.
-Ҳоло ба дили ман на зан меғунҷад, на ягон чизи дигар, ҷигарам барои очаам хун аст, хун! “Писарам хор нашавад” гуфта, бечора модарам тамоми ёфту тофташро барои ман сарф мекард, вале мани аблаҳ дар ҷавоби ин қадар некиҳояш чӣ кардам?! Ман ӯро куштам. Мани аҳмақ, агар ба ин мори зард ошиқ шуда, ӯро ба хонаам намеовардам, шояд имрӯз очаҷонам дар барам зиндаю саломат мегашт,-Маъруф рӯяшро ба дигар тараф гардонд, то чашмони пуробашро аҳли оилаи Зебохола набинанд, вале садои ларзонаш ҳоли зори дили ин ҷавонмарди фиребхӯрдаро бозгӯ менамуд.
-Писарам, кори шудагӣ аллакай шуд, дигар ғаму ғусса хӯрдан фоида надорад. Беҳтараш аз ин пас ақлатро кор фармо ва фирефтаи ҳусну ҷамоли ҳар зани маккора нашав. Фаромӯш накун, ки мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам зан аст. Зан метавонад обрӯи мардро бардорад ё баръакс, ӯро ба хоки сиёҳ яксон намояд,-Насиҳат кард кампири Зебо ва косаи хӯрокро ба Маъруф наздиктар гузошта афзуд,-хӯрокат хунук шуд бачам, гир хӯр. Сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, мурда мемураду зинда маҷбур аст, ки боз рӯзашро бинад. Миёнатро маҳкам баста аз паси маросимҳои мотамии модарат шав. Гузаштагон ба ҷуз як каф дуою фотиҳа аз мо, зиндаҳо дигар ягон чиз намехоҳанд. Одамизод бо ҳамин умед фарзанд калон мекунад, ки рӯзи маргаш гӯшаи тобуташро бигирад ва баъди сараш дар ҳаққи ӯ як каф дуо кунад...
Ҳамин тавр то нисфи шаб Маъруф дар хонаи ҳамсоя нишаста, бо кампири Зебо рози дил кард, то хумори модарро шиканад...
Оқибати бероҳагӣ
Соро чанд маротиба ба хонаи Маъруф омада, хост зиндагиашро бо шавҳараш идома диҳад, вале ҷавон на бо зорию на бо зӯрӣ ӯро қабул накарда, талоқашро дод. Барои он ки умеди зани тардоманаш канда шавад, ҳамсояҳо маслиҳат карда, Маъруфро баъди гузаронидани маъракаи чили модараш зан доданд. Соро ду-се бор ба сари зани нави шавҳараш омада, ҷанҷол бардошт ва дағдаға кард, ки ин хона азони ӯст, вале ҳамсояҳо ҳамон ҷанҷоли қисматсӯзашро бо Махфирати сиёҳ ба ёдаш оварда, таъкид намуданд, ки дигар пою қадамашро ба ин деҳа нагузорад, вагарна пояшро зада мешикананд. Ҷавонзан эҳсос кард, ки хонаи бахташро бо дасти худ сӯхтаасту дигар бо ягон роҳ наметавонад дили шавҳари фиребхӯрдааш Маъруфро ба даст биёрад ва ноумед шуда, якбора ғайб зад. Дақиқ дар куҷо будани ӯро аниқ намедонанд, вале дар байни мардум миш-миш ҳаст, ки бо кадом як марди бероҳа ҳамроҳ шуда ба Сурия рафтааст. Мурда ё зинда будани Сороро ҳатто падару модараш ҳам намедонанд..