Ӯ беист гиря мекард ва аз алам ҳарфе гуфта наметавонист. Ман ҳайрон шудам, ки ин мард чӣ алам дошта бошад ва шояд рақамҳоро хато чинда бошаду кадом пайвандашро аз даст додааст ва барои дафни он даъват кардан мехоҳад. Баъд аз каме вақт гузаштан шиддати гиряаш паст шуду “Апаҷон, маро бубахш, ки худро дошта наметавам. Аллакай як моҳ зиёд аст, ки ҳолам чунин аст...”,- гуфт марде, ки шартан номашро Маҷид гузоштем. Мехоҳам зиндагиамро қисса кунам, то ин ки хонандагони шумо маслиҳати хешро диҳанду маҷрои зиндагиамро пайдо кунам ва чунин қисса кард...
Ишқи аввал ғурраи сармозада
Дар оилаи коргар таваллуд шудаву ба воя расидам. Оилаи мо калон аст ва ман писари хурдии хона ҳастам ва ба қавле кенҷагии хонаамон ва бо падару модарам зиндагӣ мекунем. Айёми наврасию ҷавонии ман дар деҳоти яке аз ноҳияи дуртар аз марказ гузаштааст. Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданам, духтарреро дӯст доштам ва ишқаш бароям хеле муқаддас ва азиз буд, вале камбудии зиндагӣ маро намегузошт, ки издивоҷро ҳар чӣ зудтар кунем. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаби миёна роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам. Дар мулки рус корам барор гирифту корро дар соҳаи сохтмон оғоз кардам ва маблағи зиёд ба даст овардаму ҷониби ватан роҳсипор шудам. Вақте ба падару модарам дар бораи оиладор шуданам маслиҳат кардам, гуфтанд, ки сохти хонаҳоро иваз кардан лозим аст. Розӣ шудаму ҳар чӣ хостанд, иҷро кардам ва тӯйро низ бо духтари дӯстдоштаам барпо намудем.
Ҳамсарам аз оилаи зиёӣ аст ва волидонаш инсонҳои наҷибанд. Ман низ аз он ки зиндагии худро бо чунин оила пайвастам, фахр мекардам. Зиндагии ширин доштам ва ҳамсарам, ки маълумоти миёнаи нопурра дошт, волидонаш хостанд, ки ӯро соҳибмаълумот гардонам, вале натавонистам, чунки корҳоям дар муҳоҷират мисли пешина набуд ва даромадам барои зиндагии худу волидонам нӯг ба нӯг мерасид. Фарзанди аввалам таваллуд шуд ва хурсандии моро ҳаду канор набуд. Дар ҳаёти мо танҳо камбудӣ ҳамин буд, ки дар як сол ва гоҳҳо зиёда аз як сол ба айёдати пайвандонам меомадам, чунки тариқи шартнома кор мекардем ва то як сол ҳуқуқи аз ҷои кор дур рафтанро надоштем ва ин як амали маъмулӣ шуда буд, ҳарчанд мушкил буд, аз зану фарзандон дур будан, лекин дигар илоҷ надоштем.
ИМО нею дарди сар
Бо пешравии техникаи муосир имрӯз дар дасти ҳама телефон дида мешавад ва ин хуб аст, ки мо муҳоҷирон тариқи телефон аз аҳволи хонаводаамон пурсон мешавем. Дар солҳои аввали зиндагӣ ман бо тавассути телефони пайвандонам бо ҳамсарам суҳбат мекардам ва вақте фарзандони дигарам ба дунё омаданду боре хатогиашро надида будам, худам аз Русия телефон харида фиристодам, то ки ҳар вақте хоҳам, аз аҳволи ҳамсару кӯдаконам пурсон шавам.
Зиндагиамон бо маҷрои худ идома меёфт ва ман соле як маротиба ба аёдати пайвандонам меомадам. Вақте фарзандонам калон шуданд, занам хоҳиш кард, ки ба ӯ иҷозати кор кардан диҳам. Аз он ки кори ман он қадар хуб набуд, розӣ шудам, вале ба шарте, ки ба роҳаш рост рафта биёяд, то ки аз қафояш гапи зиёдатӣ нашавад. Ин шарти маро қабул карду дар яке аз мактабҳои миёна ба ҳайси ошпаз ба кор даромад. Дар рӯзҳои нав ба кор даромаданаш ҳар вақте, ки бекор мешудам, аз аҳвол ва рафти кораш пурсон мегаштам. Ба ғайри рӯзҳои истироҳат ҳама рӯз дар кор буд. Бар замми ин, ман боз пул мефиристодам, ки зиндагиашон хубу рӯзғорашон таъмин бошад.
12 соли бе камбудӣ
Бад ин минвол аз зиндагии муштараки мо 12 сол сипарӣ гашт. Дар 12 сол боре камбудию норасогии ҳамсарамро надида будам. Тарбияи фарзандонро ба дӯш дорад, кори хонаро ба сомон мерасонад. Бар замми ин, кори давлатро ба хотири кӯмак кардан ба ман анҷом медиҳад, ки гоҳҳо барои кори зиёд доштанаш дилам месӯхт ва мегуфтам, ки агар кор вазнин бошад, тарк куну дар хона шин, ман таъмин мекунам, вале ҳеҷ гоҳ аз кораш шикоят намекард. Вақте истифодаи барноми телефонии ИМО бо суръати баланд дар миёни муҳоҷирон паҳн шуд, ки он ҳам арзон ва ҳам тариқи онлайн буд, ману ҳамсарам низ онро дар телефонҳоямон насб кардем, то ки аз аҳволи фарзандонам, рафти тайёр кардани дарсҳояшон назорат кунам ва ҳам бубинамашон. Баъдан, ин барномаро мешуд, ки дар телефон ду ИМО сабт карда, суҳбатҳои дигар нафарро назорат кунед. Ин кор барои назорати ҳамсарам қуллай буд, чунки муддати як сол бе мард гаштани зан хеле хатанок аст. Чуноне дар ҳадиси муборакашон Пайғамбар (с) таъкид кардаанд, ки шаш моҳ занҳоро танҳо мондан иҷозат аст ва баъди ин муҳлат ба наздашон баргардед, то нафсашонро бароварда созед. Лекин на танҳо ман, балки аксари муҳоҷирон вақте ба муҳоҷират мераванд, азобашонро худу худояшон медоданд. Мушкилии ҷои зист, ҷои кор, ҷо ба ҷогузории ҳуҷҷатҳо тақрибан як моҳ тӯл мекашад. Бар зами ин, корфармо дар як сол як маротиба рухсати рафтан медиҳад ва агар шартномаро вайрон кунед, бе ҷои кор мемонед. Ҳамаи ин мушкилиҳоро муҳоҷири тоҷик панҷ панҷаи дасташ барин медонад. Мақсад аз ин ҳарфоям дар он аст, ки хонандагони ҳафтанома дарк кунанд, ки ин ҷо сабаби дер омадани ман ба назди оилаам чӣ омилҳо вуҷуд дорад.
Ронандаи ҳамсоя
Рӯзе ҳамсарам нақл кард, ки чанд муддат аст, ки як ронандаи мусофиркаш ману боз се нафар аз ҳамдеҳагонамонро ҳар субҳи барвақт то марказ мерасонад. Ба қавле маслиҳат кардем, ки ҳар субҳ дар як вақту соат ҷамъ шуда, ба ҳамин таксӣ меравем. Аз ин суханаш шод гаштам, ки ин тавр бошад, дар саҳари зимистон азоби бемошинӣ намекашед ва ҳамроҳонашро пурсидам, ки гуфт занҳо ҳастанд. Дигар ман ба ӯ сахт боварӣ ҳосил карда будам ва агар ҳамроҳонаш мард ҳам бошад, дилам таҳ намекашид, чунки ӯро аз занҳои оқила ва қавиирода меҳисобаидам, вале ин ман-маниҳоям дарди вазнинро болои сарам овард, ки дар зер меорамаш.
Сурат фирист гуфту...
Ман ИМО-и занамро дар телефонам пайваст карда будаму ҳар касе барояш паёмак мефиристод, ман ҳам мехондам. Як рӯз аз рақами марде паёмак омаду салом навишт, ман интизори давоми суҳбати онҳо шудам. Занам низ салом навишт. Ин миён суҳбат атрофи кадом маблағ рафту мард гуфт, ки пулатро бармегардонам ва аз ҳамсарам хоҳиш кард, ки сурататро фирист. Ин ҳарфро хондаму мисле, ки барқ мезанад, якбора ба ҳамсарам занг задаму кӣ будани ҳамсуҳбаташро пурсон шудам. Дар ҷавоб гуфт, ки ҳамон ронанда аст, як рӯзе ба пул сахт ниёз дошт, касе надод. Дили ман сӯхту гуфтам ман медиҳам, давоми ҳамин муҳлат пуламро баргардон ва бо ҳамин шарт ҳамчун қарз барояш пул додам. Баъд гуфтам, чаро ба ту мегӯяд, сурат фирист? Гуфт намедонам, байни мо чизе нест, танҳо мисли мизоҷ суҳабт мекунем ва ман роҳкироямро пардохт мекунам, то ки аз ман дилаш гумони бад набарад. Дилам ором шуду таъкид кардам , ки занак ҳушёр шав, боз як кори хато накунӣ, ки дигар хел бо ту суҳбат мекунам.
Гумонҳо ғолиб баромаду...
Дилам ҳамеша дар ташвиш буд, ки мабодо ҳамсарам ба Имо нею ба телефон суҳбатҳои тӯлонӣ кунад ва ман ба умед, ки ӯ ба роҳаш рост рафта меояд. Ҳамин тавр, моҳи сентябр шартномаи кориам тамом шуду ба Ватан баргаштам. Боз сари ҳамин масъала бо ҳамсарам суҳбат кардам ва ӯ такрор ба такрор маро бовар мекунонд, ки байни онҳо чизе нагузаштааст. Гуфтам вақтҳои охир ҳамеша нисбатат гумони бад дорам. Агар байни туву ронанда чизе набошад, пас ба Қуръон қасам хӯр, ки ягон рафтори ноҷо накардаӣ. Оҳ...кош замин мекафиду ӯро намедидаму суханашро намешунидам. Чанд лаҳза хомӯш монд ва баъдан қоил шуд, ки фақат як маротиба...
Маро маҷбурӣ кард
-Чӣ фақат як маротиба? Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Худоё, ман хобам ё бедор? Занам сарашро намебардошт ва ҳодисаро нақл кард. Мисли ҳарвақта ба роҳ баромадаму ронандаи таксӣ пайдо шуд. Вале аз ҳамроҳони ҳаррӯзаамон касе набуд ва ӯ низ интизор нашуда, мошинро ба ҳаракат даровард. Вақте ба роҳ баромадем, мошинро ба самти дигар ронд. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ба роҳи ҳамешагӣ намеравӣ, баҳона пеш овард, ки як клиенти дигар дорам. Ӯро мегираму якбора меравем. Чизе нагуфтам, ба ҷои хилвате рафту мошинро аз роҳ берун гузошт ва сабаби ҳолатро пурсидам, чизе нагуфта, аз мошин поин шуд. Ман ҳамеша дар нишастгоҳи ақиб менишастам. Аз дар баромаду ба қафои мошин нишаст ва дарҳоро маҳкам кард.Аллакай пай бурдам, ки нияташ нопок аст. Ӯ дар бораи ман ҳамаи чиро, яъне шавҳару се фарзанд доштанамро медонист, вале аз чӣ бошад, ки дигар маро гӯш накарду худашро дар болоям партофт ва дигар на касе ба додам расиду на худро аз дасти ин бадахлоқ раҳо карда тавонистам...
Вуҷудам месӯзад, вале...
Дигар чӣ ҳам мегуфтам, сарамро дар куҷо занам, намедонам. Ин сирри шармандагиро ба кӣ гӯям, ба падарам ё модарам? Медонам, онҳо ҳеҷ гоҳ инро бахшида наметавонанд ва зиндагиам вайрон мешавад. Дилам ба зану зиндагиам не, балки чашмони маъсуми фарзандонам месӯзад, магар ман метавонам онҳоро зиндаятим созам. Замин сахту осмон баланд, чӣ кор кунам? Ҳолам танҳо гиря аст, гиряе, ки касе намебинаду намедонад. Акнун мехоҳам ба он марди разил ҷазо диҳам, барои беномусиаш, барои бевиҷдониаш, барои номардиаш, вале чӣ тавр? Зери мушту лагад гирам? Аз баҳри зиндагиам гузарам? Ба ман маслиҳат диҳед, то ки аз азоби виҷдону чашми гирён халос шавам...
Омодасоз Беназир