Тибқи маълумоти расмии маъмурияти яке аз донишгоҳҳои Белорусия (БНТУ) аз 28 феврал то 15 март, ҷараёни таълим дар ин муассисаи олии таълимӣ қатъ карда мешавад.
Раёсати донишгоҳ воридшавии шахсони бегонаро ба хобгоҳҳо маҳдуд кардаанд. Инчунин, роҳбарияти донишгоҳ баргузории чорабиниҳои оммавиро бекор карда, ширкати донишҷӯёнро дар чорабиниҳои оммавие, ки дар ҳудуди шаҳр баргузор мешаванд, қатъиян манъ кардааст.
Парса Ғуломи донишҷӯи ин донишгоҳ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон буда нав аз хабаргирии аҳли оилаашон омада буд, ҳамчун гирифтори бемории коронавирус ба кайд гирфита шудаааст.
Парса дар як сӯҳбати овозиаш дар саҳифаи телеграми худ зикр кард, ки шаби аз Эрон ба Белорусия баргаштанаш кормандони мақомоти маҳаллӣ ба ӯ занг зада, ӯро ҳамроҳи зану фарзандаш ба беморхона интиқол доданд. Феълан, онҳо таҳти назорати табибон дар ҳолати карантин қарор доранд.