Arzon march 2024
Ҷовидони аскарбача аз лату кӯб мурд ё...
5207

 

Додситонии низомии Тоҷикистон марги сарбози низомиро дар ноҳияи Лахш таҳқиқ мекунад.Ҷовидон Амирхонов дар қисми низомӣ ҳамагӣ 18 рӯз хизмат карда аст. Хешовандони сарбоз мегӯянд, ки ӯ дар натиҷаи латукӯби шадид ҷон додааст.

Ҷовидон Амирхонови 22-соларо зодаи ноҳияи Фархор буда, дар қисми низомии 02011A воқеъ дар Лахш хизмат мекард. Субҳи рӯзи 15-уми октябр Ҷовидон бо хоҳиши худаш ба қисми низомӣ ҳозир шудааст. Пас аз 18 рӯзи хидмат сарбозро ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва ӯ шаби 11-уми ноябр дар он ҷо вафот кард. Ҷисми бе ҷони Ҷовидон Амирхоновро рӯзи дигар дар зодгоҳаш, деҳаи Давлатободи ноҳияи Фархор дафн карданд.

Хешовандони ин сарбози ғуррамарг мегӯянд, ки Ҷовидон дар натиҷаи латукӯби яке аз афсарон ҷон додааст.


Моиндари морсифатам онҳоро ба бозор бурда, либосҳои арзонак мехаридаасту боқимондаи пулро ба кисааш зада, кайфу сафо карда мегаштааст. Ин гапро аз забони хоҳари калониям Моҳрӯ шунида аз ғазаб хун ба сарам зад.

 


Рӯзи 15уми ноябр аз прокуратураи Рашт хабар доданд, ки сабаби дақиқи марги Ҷовидон Амирхонов то ҳол маълум нест.

Бознашр аз Озодӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД