arzon replenishment
Муллопрофессори ҷинбарор ба даст афтод
5516

 

Дар шаҳри Ҳисор муллопрфессори ҷинбарое ба даст афтод, ки занону духтаронро ҷинбаророн мекунам гуфта, нисбаташон ҳаракатҳои ғайри ахлоқӣ анҷом медод.


Дар ин бораи мардуми водии Ҳисор кайҳо маълумот доштанд, вале ҷуръат намекарданд, ки ба ҷое муроҷиат намоянд. Метарсиданд. Вале то чанд метавон тарсид. Модарон ва хоҳароне, ки эҳтиёҷ онҳоро ба даргоҳи ин марди фиребгар мебурд ба доми ин муллопрофессори бадахлоқ гирифтор шуда, дигар аз он раҳидан наметавонистанд. Ному насаби ин муллопрофессор Раҷабалӣ Саидов аст. Аслан занони соддаю зудбовар ба доми ӯ меафтоданд. Аммо куҷост, ки ҳар бор малахак ҷаҳаду ба даст наафтад. Занони боҷуръате пайдо шуданд, ки ин амали ғайри инсонию ғайри мусулмонии ӯро фош намуданд. Ӯ аввал бо суханони нарм ва фиреб, гӯё барои пайдо кардани беморӣ ба тани занон даст мезад ва ба ин восита ба занон дастдарозӣ менамуд.


ДУХТАРИ МУЛО МАМАРОЗА ШУД


Ӯ ҳамчунин худро муллои бахткӯшо, ҷинбарор, гарму хунук кардани муносибати марду зан...нишон медод. Вақто ки ин амали номатлубашро ба анҷом мерасонид, ба занҳо мегуфт, ки агар дар куҷое нисбати аъмоли ӯ гап зананд, дасташ дароз аст ва худи онҳо бадном хоҳанд шуд. Хабарнигори oila.tj кушиш намуд, ки бо ин муллопрофесоре, ки дом барои занон буду худаш ба дом афтод ҳамсӯҳбат шавад. Вале ӯ айни замон мавриди пурсиш ва таҳқиқ қарор дорад ва имкон дорад мо дар мавриди мувофиқ бо ӯ сӯҳбате ороем. 

Саидов Раҷабалӣ Соҳибович 49 сола (соли таввалудаш 1971), маъруф бо лақаби “муллопрофессор” мебошад. Маҳали истиқомати ӯ ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор аст. Ӯ аслан муллои ҷинбарор аст ва эҳтимол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки пайи тадқиқи ин қазия ҳастанд, ӯро низ ҷинбаророн кунанд.
Феълан, ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД