Мардуми мусалмон ба муллову эшон ва дигар ходимони дин эҳтироми зиёд доранд ва дар ҳама ҷо онҳоро бологузар менамоянд. Аксарият бар он ақидаанд, ки муллову эшонҳо аз дину оин бохабар буда, аз зоти пок ва худотарсу биҳиштианд.
Бо чунин эътиқод ва боварии комил одамони содадил фарзандонашонро ошкору пинҳон ба назди ходимони дин бурда мемонанд, то қуръонро аз худ намуда, мусалмони асил ва аз аҳли биҳишт гарданд. Мутаасифона, баъзан дар зери ниқоби муллову эшону мударрис шайтонҳои дупое амал менамоянд, ки аз зишттарин гуноҳ ва бадтарин амалҳои ахлоқӣ рӯй наметобанд. Кӯдакони маъсум ба доми чунин домуллоҳои риёкор афтида, ба азоби алими ҷисмонию равонӣ гирифтор мешаванд. Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори бадахлоқонаи домулло ва муддариси яке аз мадрасаҳои исломӣ мебошад, ки чанде қабл фош гашт.
Омӯзгори як мадрасаи бонуфӯз дар Покистон ба номи Шамсуддин бо кӯмаки се ҳамкори дигараш хонандаи 10-солаи ин мадрасаро беш аз 100 маротиба таҷовуз кардааст. Писарча айни ҳол дар ҳолати хеле бади рӯҳӣ қарор дорад. Табибон кушиш карда истодаанд, ки бачаи таҷовузшударо табобат намуда, ҳолати руҳиву равонии ӯро хуб гардонанд. Тавре ки сомонаи Азиа–таймс хабар медиҳад, мударриси таҷовузкор ва ҳампешагони шайтонсираташро ба қатл маҳкум намудаанд.