Arzon march 2024
Шавҳарам духтарамро таҷовуз карду…
10436

 

Қиссаи ишқи зиндонӣ ва сарнавишти талхи
Ситораву Шамсияи ҳисорӣ

Биҳишти кӯдакӣ

Мо дар оила танҳо як духтару як писар будему халос. Ману бародарам аз кӯдакӣ бо ҳамдигар чунон меҳрубон будем, ки тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба тифоқии мо ҳасад мебурданд. Модарам баъзан шӯхӣ карда мегуфт: “Бачаҷон, ин қадар хоҳаракатро дӯст медорӣ, фардо вай калон шуда, шавҳар кунад, ту чӣ кор мекарда бошӣ-а!” Бародарам қавоқ андохта мегуфт: “Ситораро ба ҳеҷ кас намедиҳам!”

Он замон мани кӯдак ҳам “шӯ намекунам” мегуфтам, аммо...

Як гулу сад харидор

Солҳо турнасон гузаштанду ману бародарам ба мисли ду ниҳоли навбар қад кашида, ба камол расидем. Азбаски духтари зебою хушахлоқ ва ҳунарманду бо дасту панҷа будам, пушти дари хонаамон хостгорборон шуд. Хешу табор падару модарамро насиҳат мекарданд, ки “духтарамон ҳоло хурд аст” гуфта, хостгоронро навмед кардан нагиранд, чунки бахт ҳам як омад дорад, агар духтарро сари вақт ба шавҳар надодӣ, пеши бахташ баста мешавад. Волидонам аз тарси он ки бо мурури замон пою қадами хостгорҳо канда шуда, пирдухтар шуда намонам, маро ба ҷавоне, ки ҳафт пушташро намедонистем, фотиҳа карданд. Ман аз тарси бародарам дар умрам бо ягон бача гап назада будам ва аслан бароям фарқ надошт, ки маро ба кӣ ба шавҳар медиҳанд. Падар розӣ-Худо розӣ гӯён, ба тақдир тан дода, риштаи умрамро бо ҷавоне, ки ягон бор надида будам, пайвастам, вале...

Домоди девона

Хушдоманам ба ман сару пойи шоҳона оварда, чунон тӯйи бодабдаба орост, ки даҳони ҳама воз монд. Хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба бахти ман ҳасад мебурданд. Ростӣ, дар барам ҷавони хушқаду қомати абрувонаш қатрон барин сиёҳро дида, рӯзи тӯй мани наварӯс низ аз тақдир розӣ будам. Боварӣ доштам, ки бо чунин йигити зебо дар зиндагӣ албатта хушбахт мешавам, аммо баъди тӯй фаҳмидам, ки пеш аз тӯй бо домод ақаллан як маротиба вонахӯрда, сахт хато кардам. Домод зоҳиран зебо бошад ҳам, бемории руҳӣ доштааст. Инро мани бадбахт як ҳафта пас аз тӯйи арӯсиам фаҳмидам...

5 моҳ дар дӯзах

Шавҳарам бисёр ҷавонмарди хушрӯй буд ва зоҳиран орому ботамкин менамуд. Одами ӯро бори аввал дидагӣ гумон мекард, ки аз даҳонаш ҳатто як гапи бад намебарояд, вале дар асл деве буд дар ниқоби фаришта. Ҳар гоҳ, ки дардаш хуруҷ кунад, шавҳари девонаам маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона мезад, ки 5-6 рӯзи дигар аз ҷоям хеста наметавонистам. Дар ҳамон вақти касалаш гирифтан, агар хушдоманам маро аз чанголи писараш халос накунад, шавҳари девонаам метавонист маро буғӣ карда кушад...

Бо ҳамин азобу ситам базӯр панҷ моҳ тоқат карда, ба хонаамон талбон омадам ва зиндагии пурдардамро ба бародарам як ба як қисса кардам. Девона будани шавҳарамро фаҳмида, падару модар ва бародарам маро дигар ба хонаи хушдоманам рафтан намонданд. Бо маслиҳати пайвандонам ман худам барои аз шавҳарам ҷудо шудан ба суд ариза навиштам ва ҳатто аз баҳри ҷиҳози бурдаам гузашта, фақат талоқамро талаб кардаму халос...

Меваи умр

Акнун ману бародарам боз чун пештара мунису ғамхори ҳамдигар будем. Ҳомиладор буданамро фаҳмида, модарам хост маро ба духтур бурда, тифли батнамро исқоти ҳамл намояд, вале “бигзор таваллуд кунад, наход, ки мо як кӯдакро худамон калон карда натавонем? гӯён, бародарам монеъ шуд. Вай маро тасаллӣ дода мегуфт, ки ягон зарра ғам нахӯрам, то рӯзе, ки ӯ зинда аст, намемонад, ки ба пойи фарзанди ман хоре халад ва албатта кӯдаки маро мисли фарзанди худаш нигоҳубин мекунад. Дар дил Худоро шукр мегуфтам, ки ба ман чунин бародари ғамхор додааст...

Дугонаам янгаам шуду...

Аз байн чанд муддат гузашту падару модарам бародарамро хонадор карданӣ шуданд. Бародарам интихоби арӯсро ба ман вогузор намуд. Марям ном дугонаи ҷонӣ доштам, ба модарам гуфтам, ки ҳамонро келин мекунем. Волидонам духтари дидадаро ва ботамиз будани Марямро хуб медонистанд ва бе ягон ҳарфи зиёдатӣ ба хонаашон хостгорӣ рафтанд. Волидони дугонаам хостгории моро дарҳол қабул карданд ва дар байни 15 рӯз тӯйи осмонкаф роста, келин фаровардем. Ману Марям аз кӯдакӣ дугонаҳои ҷонӣ будем ва баъди ба хонаи мо арӯс шуда омаданаш муносибатамон боз ҳам гармтар гашт, вале...

Туҳфаи тақдир

Пас аз ду моҳи тӯй ман духтарчаи заркокуле таваллуд кардам ва падару модарам номашро Шамсия ниҳоданд. Акаву янгаам кӯдаки маро мисли фарзанди худашон қабул карда, намемонданд, ки овозаш сахттар барояд. Шамсияи ман азизи тағову янга ва бобову бибиаш буд. Дар хонаи падару модарам аз чизе камбудӣ надошта бошам ҳам, баъди дусола шудани духтарчаам хостам ба кор бароям, вале бародарам зид баромада гуфт:

-Мардум чӣ мегӯянд?! Онҳо фикр мекунанд, ки Анис як хоҳарашро хӯронда наметавонад, барои ҳамин бечора ба кор баромадааст. Ситора, дониста мон, то рӯзе, ки ман зинда ҳастам, ҳаргиз намемонам, ки барои пул шуда, дар ягон ҷо кор кунӣ. Ба ту чӣ қадар пуле, ки даркор набошад, гӯй, ман медиҳам, вале илтимос, дигар дар мавзӯи кор кардан даҳон накушо, хоҳарҷон...

Дар ҷавоб гуфтам, ки ман барои пул не, барои зиқ нашудан кор кардан мехоҳам. Бародарам “ин масъаларо ҳал мекунем” гӯён, рӯзи дигар ба ман як телефони қиматбаҳои мобилӣ овард, то ки бо дугонаҳоям чақ-чақ карда ғубори диламро барорам. Ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ин туҳфаи қиматбаҳои бародарам дар сарнавишти мани беандеша нақши тақдирсӯзеро хоҳад бозид....

(Идомаашро фрдо соати 14 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД