Паскуал Пинон дар саросари олам ягона мардест, ки бо ду сар ба дунё омада, умри дароз дидааст. Паскуал дар Мексико умр ба сар мебурд.
Мардум ӯро “бачаи шайтон” номида, нисбаташ нафрат доштанд, аз ҳамин сабаб наздиконаш кӯшиш мекарданд, ки Паскулро аз чашми дӯсту душман пинҳон доранд, аммо...
Директори сирки Мексика Ҷон Шайдлер тасодуфан ин ҷавонмарди дусараро дида, Паскуалро ба дар сиркаш ба кор ҷалб намуд, зеро хуб медонист, ки бо шарофати ин ҷавонибулаҷаб сирки ӯ шӯҳратманд мегардад. Тамошобинон аз дидани Паскуал ба ҳайрат афтоданд . Пинон аз баландӣ дар сараш кӯлоҳ дар ресмон овезон шуда бо чор чашмаш ба одамон оромона менигарист.Мушакҳои сари дуюми ӯ ҳаракт мекарданд, вале забонаш гунг буд. Баъзе одамон а чашми худ бовар накарда,мегуфтанд, ки Паскал ниқоҳ пӯшида аст, иддаи дигар гиребони тавба медоштанд.
Шӯҳрати зиёд Паскуалро мисли аксари ситораҳо аз кӯчаи дамгарӣ берун карда, билохира майзада шуд. Акнун аксар вақт вай аз иштирок дар намоишҳои сирк даст кашида, фирор мекард.
Сағераи касофати падарлаънат, агар ба падарат шаҳр рафтани маро гӯйӣ, шармандаи ду оламат мекунам!
Ҳар гоҳ ки шароб нӯшад, сари дуюмаш ба ҳиккос задан шурӯъ мекард. Рӯзе масту аласт ба саҳнаи сирк баромад ва кӯлоҳаш аз сараш афтид. Тамошобинон бо дидани сари дуюми ӯ ба таҳлука афтида, сангсораш намуданд.
Пас аз ин ҳодиса, Паскуал қарор дод, ки сиркро абадан тарк намуда, зиндагии фақиронаашро идома хоҳад дод.
Овозаҳое ба гӯш мерасиданд, ки ӯ қобилиятҳои ғайриоддӣ пайдо карда, беморонро табобатмекунад, аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин сару садоҳор касе намедонад, зеро Паскуал хеле ҷавон ин дунёро тарк намуд. Мегӯянд, ки аввал сари дуюмаш мурда асту баъд худи ӯ.
Табибон ар он назаранд, ки сари дуюми Паскуал азони бапродари дугоникаш будааст, ки замони дар батни модар будан ба тани ӯ часпидааст. Дар натиҷаи инкишоф наёфтани ҷисми тифли дуюм дар батни модар, каллаи як кӯдак ба тани кӯдаки дуюм часпида Паскуал дусара ба дунё омадааст.
Паскуал Пинонро ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил карда, муҷассамаашро дар Мексика гузоштанд.