Sebiston new 2024 october
Осия аз КОМА баромад!
5202
Осия аз КОМА баромад!

 

Осияи шашсола, ки як гурӯҳи сенафараи ноболиғон дар рӯзи равшан ӯро ба панҷара баста, оташ зада буданд, аз санаи 19-уми июн инҷониб дар шуъбаи эхёгарии бемористони рақами 3-и пойтахт дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт.

Хушбахтона, пас аз панҷ шабонарӯзи мадҳушӣ бо талошҳои табибон ин тифлаки маъсум, ки байни маргу зиндагӣ қарор дошт, аз ҳолати кома берун шуда, ба ҳуш омад. Дар ин бора субҳи имрӯз табибони Маркази тиббии шаҳрии №3 ба хабарнигори сомонаи “Oila.tj” хабар доданд.

Ба қавли Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи №3-и пойтахт Зоҳиров Тоҳир Убайдович, Осияи шашсоларо шаш рӯз пеш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона оварда буданд. Беш аз 65 дар сади бадани кӯдак сӯхта, ҷароҳатҳояш ниҳоят чуқур ва ҳолаташ вазнин буд. Айни замон бо талошҳои табибон ҳолати Осияи шашсола рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва умед аст, ки ин фоҷиаро паси сар хоҳад кард.

Модари Осияи шашсола Аминова Шаҳло мегӯяд, рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш ӯ барои кандани дандонаш ба беморхона рафта, парастории фарзандонашро ба зиммаи модаршӯяш вогузор намуда буд.

Осия бо дугонаҳояш дар назди дарвозаи бибиаш бо бозӣ машғул мешавад, ҳамин вақт се нафар бачаҳои 9, 10 ва 13 сола аз деҳаи ҳамсоя пайдо шуда, ӯро бо фиреб аз назди хонаи бобояш дуртар мебаранд ва ба панҷара баста, оташ мезананд. Осияи хурдсол аз дарду сӯзиши баданаш ба фиғон медарояд. Авбошҳои хурдсол бо худ саги газандае доштаанд ва духтарчаро тарс медиҳанд, ки агар дод занад, ӯро ба пеши ҳамин саг мепартоянд. Кӯдак аз тарси луқмаи саг гаштан дам фурӯ бурда, дигар дод намезанад.

Вақте ки ресмон сӯхта тамом мешавад, Осияи хурдсол, ки сар то по оташ гирифта буд, мисли як гулхани зинда бо доду фиғон ба сӯйи хонаи амакаш медавад. Духтарамаки 13 солааш Оиша ба сару рӯйи Осия об пошида, оташро хомӯш кардааст.

Шаҳло, модари Осия мегӯяд, бачаҳоеро, ки духтарчаашро ба панҷара баста, оташ задаанд, намешиносад ва намедонад, ки авбошҳои хурдсол чӣ қасде доштанд.

Айни замон падару модар, бобову бибӣ ва хешу табори наздики Осия дар пушти дари бемористони №3-и пойтахт қарор доранд ва шабу рӯз дуо мекунанд, ки худованд ба ин тифлаки маъсум шифои комил ато намояд.

Мо низ дуогӯӣ он ҳастем, ки умри Осия дароз бошад ва куллан шифо ёфта, бо мурури замон ин фоҷиаи даҳшатангезро мисли як хоби бад фаромӯш созад.

Қазияи ваҳшатангези дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзи равшан ин духтарчаи шашсоларо оташ задани се ноболиғ то ба гӯши Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидааст ва ин парванда зери назорати махсус қарор дорад. Умедворем, ки авбошҳои хурдсоли нисбати ин духтарчаи маъсум чунин бераҳмиро раво дида, ҳатман ҷазои амали носавоби худро хоҳанд дид.

Ташвишовар он аст, ки шумораи чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии махсус содир шуда вақтҳои охир дар кишвари мо торафт меафзояд. Занкушию келинкушию духтаркушӣ магар кам набуд, ки акнун кӯдакони ноболиғ низ даст ба сӯхтору куштори ҳамдигар мезананд.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД