Дар деҳаи Тахти дараи Алмосии Ҳисор фоҷиаи хунин ба вуқуъ пайваста, боиси марги фоҷиавии як писарчаи 7-сола гаштааст. Дар ин бора субҳи имрӯз шоҳидони ҳодиса ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд...
Довудҷони 7-сола мисли дигар ҳамсолонаш бо дили беқарор оғоз ёфтани соли хонишро интизорӣ мекашид. Ин писарчаи зебо имсол бояд ба синфи 1-мерафт. Падару модараш аллакай барои Довудҷон сару либоси мактабӣ, дафтару албому қалам харида буданд. Довудҷон ҳар рӯз бо ифтихор шиму костюм ва сумкаи пур аз лавозимоти мактабиашро ба ҷӯраҳояш нишон дода, бо беқарорӣ рӯзҳоро мешумурд, то ки зудтар дарсҳо оғоз ёбанд ва ӯ низ дар қатори дигар ҳамсолонаш ба мактаб рафта, илму дониш омӯзад, аммо...
Орзуҳои ширини ин кӯдаки маъсум дар як лаҳза ба зери хоки тира рафта, Довудҷон дар зери чархи мошини калони боркаш ҷон ба ҷонофарин супурд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, падару модараш ба саҳро барои ҷамоварии алаф ба саҳро рафта, ин писарчаи шӯхро низ бо худ бурдаанд. Пас аз алафро ба мошини боркаш бор кардан падари писарча аз ронанда хоҳиш мекунад, ки то каме салқинтар шудани ҳаво дам гирифта, сипас ба роҳ бароянд. Ронанда розӣ мешавад ва ҳама дар гӯшаҳои нисбатан салқин хоб мераванд. Писарчаи барои дамгирӣ ягон ҷойи салқин наёфта ба зери мошин медарояд ва хобаш бурда мемонад. Ронанда ғофил аз он ки кӯдак дар зери мошин хобидааст, муҳаррикро ба кор медарорад ва Довудҷон зери чархҳои азими мошини боркаш монда ба қавле маҷақ мешавад.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, чашмони кӯдаки маъсум аз косахонаи сараш баромада, чунон дар хуни худ ғарқ гашта буд, ки ӯро шинохта намешуд.
Ҷисми ба хоку хун оғуштаи Довудҷони ормониро, ки писари ягонаи Равшан Пиров буд, дар зодгоҳаш, деҳаи Тахти шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.
Тафтишоти ин садамаи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад.