Саида ном дорам. Дар ноҳияи Шаҳритуз зиндагӣ мекунам. Шавҳарам 6-сол боз дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Намедонам занҳои муҳоҷирони дигар чӣ ҳол доранд, вале шавҳари ман ягон тин пул намефиристад. Аламам дар даруни дил ба падару модарам дар ин бора шикоят намекунам, чунки ҳарду бемории фишорбаландӣ доранд. Намехоҳам, ки барои мани бадбахт ғам хӯрда, ҳолашон бадтар шавад. Додаршӯям аввалҳои баҳор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Вай муддати шаш моҳ дар Русия кор карда бо пули калон баргашт ва хабар овард, ки акааш дар он ҷо зани рус дорад. Ба гуфти додараш шавҳарам аз зани урусаш ду бача ҳам доштааст. Додаршӯям мудом дар назди ман бародарашро сиёҳ карда мегӯяд, ки янга, беҳуда ғами ғро нахӯр, акаи маро садқаи ту барин зани вафодору зебо кунад. Як маймуни зардро ёфта, туро тамоман фаромӯш кардааст. Ман ба ҷойи ту бошам, дигар ба рӯйи чунин шавҳар нигоҳ намекунам...
Пештар фикр мекардам, ки додаршӯям барои дилбардории ман чунин гапҳоро мегӯяд, то ки баҳудаю беҳуда гиря карда, худамро обу адо накунам. Хусуру хушдоманам ҳам мудом ба ман ҳар чизи бомаза оварду “янга, маҳ ин пулро гирифта ба худат ягон чиз бихар, охир ту ҳам одам ҳастӣ, орзуву ҳавас дорӣ” гуфта, ёрӣ расонидани писари хурдиашонро дида, дар ҳаққаш дуои нек мекарданд, аммо...
Маълум шуд, ки ғамхориҳои додаршӯям бе тамаъ набудааст. Вақтҳои охир вай ба ман бо чашми бад нигариста ҳар хел ишораҳо мекунад. Дирӯз ошкоро гуфт, ки агар моли ӯ мешудам, аз сарам зару зевар мерехт. Ту барои ман мисли додарам ҳастӣ, ин хел гапҳоро нагӯй, ки убол мешавад, гӯям, даст афшонда, ҷавоб дод, ки пайғамбарамон зани аз худаш 25 сол калон гирифта буд. Метарсам, ки ягн шаб ин ҷавони ба васвасаи шайтон гирифор гашта ба ҷогаҳи хобам даромада, маро шармандаю рӯсиёҳи ду олам насозад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Аз хонаи хушдоманам баромада равам ё бозгашти шавҳарамро интизор шавам?
Саида, н. Шаҳритуз