formula
Атри шаҳвонӣ вуҷуд дорад?
2191

 

Шавҳарам чанд сол боз ба Русия рафта меояд. Пештар бепарво буд, вале аз бозе, ки ҷаҳондида шудааст, мудом ба ман эрод мегирад, ки ту ҳамчун зан ба худат тамоман аҳамият намедиҳӣ.  Ошкоро мегӯяд, ки аз ту бӯйи нофорам меояд. Шунидам, ки барои бедор кардани ҳаваси мард атру дезодарантҳои махсус вуҷуд доранд. Ин хушбӯиҳо ба саломатӣ зарар надоранд?

Сафина аз н. Қубодиён.

 Посух
Бале, чунин дезодаранту хушбӯйҳо вуҷуд доранд. Онҳоро қабл аз ҳамхобагӣ барои маҳв кардани бӯи нохуш истифода мебаранд. Гап дар сари он аст, ки узвхои таносулии инсон, зимни омода шуданашон ба амали ҷимоъ тавассути ғадудҳои махсус аз худ бӯй хориҷ месозанд, ки дар баъзе мавридҳо ба паст шудани майли шаҳвонии хусусан мардон оварда мерасонад. Итифода бурдани чунин дезодаранту хушбуйҳо дар узвҳои таносул пеши роҳи ин бӯйи нохушро мегирад, вале илми тиб истифодаи онҳоро тавсия намедиҳад, чунки дар баъзе одамон метавонад оризаҳои гуногуни узвҳои таносулиро ба бор оварад. Беҳтараш рӯзе ақаллан ду аротиба узвҳои таносули худро бишӯед ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоед, он гоҳ аз шумо ягон хел бӯйи нохуш ба машоми шавҳаратон намерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД