arzon replenishment
Шавҳарам духтарамро таҷовуз карду…(қисми2)
2961

(Идомааш).
Бародарам “ин масъаларо ҳал мекунем” гӯён, рӯзи дигар ба ман як телефони қиматбаҳои мобилӣ овард, то ки бо дугонаҳоям чақ-чақ карда ғубори диламро барорам. Ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам.

Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ин туҳфаи қиматбаҳои бародарам дар сарнавишти мани беандеша нақши тақдирсӯзеро хоҳад бозид....

Ишқи телефонӣ

Бародарам бо хоҳиши падарам дар поёни ҳавлиамон барои ману духтарчаам хонаи алоҳида сохта, онро дар як муддати кӯтоҳ хеле зебо таъмир намуд, то ки бемалол зиндагӣ карда, фикр накунам, ки баъди сари волидонам дар пушти дари хонаи акаву янгаам мемонам. Акнун ман соҳиби манзили шахсии худ будам ва бо шарофати бародарам мисли малика серу пур зиндагӣ мекардам. Дар ин миён аз бекорӣ тариқи телефон бо Фаррух ном ҷавоне шинос шудам. Мо шабҳо то саҳар телефонӣ чақ-чақ мекардем, вале аз чӣ бошад, ки вай маро ба вохӯрӣ даъват намекард. Мани дар умрам аз мард ягон сухани нек нашунида ба лутфу меҳрубониҳои Фаррух дода шуда, ӯро девонавор дӯст доштам. Мани содадил танҳо аксҳои Фаррухро дида бошам ҳам, ҳаётамро дигар бе вай тасаввур карда наметавонистам, аммо...

Маҷнун аз маҳбас

Пас аз шаш моҳи суҳбатҳои ширини телефонӣ фаҳмидам, ки Фаррух дар маҳбас будааст. Вай ба ман пешниҳоди хонадоршавӣ намуда гуфт, маҳбусон ҳуқуқ доранд, ки дар зиндон никоҳ карда, зан бигиранд. Пас аз чанд рӯз падару модари Фаррух ба хонаамон хостгорӣ омаданд. Бародарам бо шунидани он ки писари онҳо дар маҳбас аст, сахт ба ғазаб омада гуфт, ки вай ҳанӯз девона нашудааст ва ҳаргиз хоҳарашро ба кадом як тюремшик намедиҳад. Дидам, ки кор бо хушӣ ҳал намешавад, қиссаи ишқи телефониамро ба бародарам нақл кардам. Бо шунидани суханони ман хун ба сари Анис зад, ки наход ту дигар одам наёфта ба як зиндонӣ ошиқ шавӣ, вале мани аз ишқ ақлбохта ошкоро гуфтам, ки агар ба никоҳи ману Фарух иҷозат надиҳанд, худамро мекушам....

Падару модарам диданд, ки панду насиҳат ба ман асар намекунад, ночор розӣ шуданд ва ҳамин тавр, ману Фаррух дар маҳбас ЗАГС карда, зану шавҳар шудем...

Ишқи зиндонӣ

Акнун ман ҳар моҳ хӯрданиҳои бомаза ва туҳфаҳои зиёде гирифта, ба маҳбас ба хабаргирии Фарух мерафтам. Пас аз ду соли никоҳамон шавҳарам ба озодӣ баромад. Азбаски оилаи онҳо бисёр калон ва падару модараш ниҳоят камбағал буданд, падару модарам иҷозат надоданд, ки ман ба хонаи Фаррух рафта зиндагӣ кунам. Мо маслиҳат карда ба хулосае омадем, ки ман ба хонаи сохтаи бародарам кӯчида, ҳамроҳи шавҳару духтарчаам минбаъд дар он ҷо зиндагӣ хоҳам кард.

Акнун ман зани шавҳардор будам ва бародарам дигар вазифадор набуд, ки зиндагии маро таъмин намояд, вале Фаррух ба тайёрхӯрӣ одат карда, дар ягон ҷо кор кардан намехост. Ягон чиз гӯям, шавҳарам қаҳр карда, либосҳояшро ҷамъ мекард ва ба хонаашон рафтанӣ мешуд. Аз тарси он ки дубора хонавайрон нашавам, дар назди касе сир бой намедодам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам духтарчаи маро чашми дидан надошт ва мудом бо ҳар баҳона мезад. Падару модарам ва тағояш ягон бор ба сари Шамсия даст бардоштани падарандарашро намедиданд, вагарна Фаррухро зинда намемонданд...

Ҳамин тавр, аз байн 15 сол гузашт. Дар ин миён ман аз шавҳари дуюмам се писар таваллуд кардам, вале Фаррух ҳамоно дар ягон ҷо кор намекард. Бародарам ба хотири беҳ шудани зиндагиамон нисфи замини боғашро ба мо дод, то меваашро фурӯхта рӯзамонро гузаронем, аммо шавҳари танбалам ҳамин корро ҳам намекард. Худам меваҳоро ба бозор бурда мефурӯхтаму нисфирӯзӣ бо сеткаҳои пур аз хӯрданӣ ба хона бармегаштам. Бародарам барои шавҳари бекорхӯҷаи ёфтаам доим маро ҷанг мекард, вале Фаррухро, ки дӯст медоштам, боз тарафашро мегирифтам...

Меҳмони нохонда

Шамсия мактабро хатм карда духтари зебо шуда буд. Падару модарам “набераамонро мо худамон ба шавҳар медиҳем” гӯён, духтарамро ба писари як ҷӯраи Анис фотиҳа карданд ва тамоми хароҷоти тӯйро худашон ба зимма гирифтанд. Домод бисёр бачаи зебо, хушқаду қомат ва боодоб буд. Рӯзи тӯй ҳамсояҳо ва хешу табор бо ҳавас ба ин ду ҷуфти муносиб менигаристанд, аммо ду рӯз пас Шамсияро шабона бо кӯчу бандаш ба хона оварданд. Духтари наварӯсам чунон бо алам гиря мекард, ки ҳатто дили санг ҳам бо дидани ҳоли зори ӯ об мешуд. Бо дидани ин манзара мани аз зиндагӣ наосуда, беҳуш шуда ба замин афтидам...


Ҷонбибӣ қатори дигар занҳои деҳа ба тӯй рафта будааст. Аз набудани модар истифода бурда, Зулайхо ноаён ба боғи як ҳамсояи дигар меравад ва худро дар шохи дарахт ба дор меовезад.

 


Доғи нангин

Вақте ки чашмамро кушодам, ҳавлиамон аллакай пур аз одам буд. Нолишкунон аз модарам пурсидам:

-Очаҷон, чӣ гап аст? Аз тӯяш се рӯз нагузашта, Шамсияро барои чӣ бо кӯчаш гашта овардаанд?

Модарам оҳи сард кашида гуфт:

-Илоҳо сарат бе шавҳар мешуду як умр рӯймоли бевагӣ баста мегаштӣ!

Ҳайрон шуда пурсидам:

-Барои чӣ ин хел мегӯед, оча?

Модарам инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор гиристу гуфт:

-Шӯйи бекорхӯҷаат дар набудани ту ба гулӯи духтарат корд монда, чанд маротиба бо Шамсия ҳамхоба шуда будааст. Духтарат нодухтар баромадааст, барои ҳамин ӯро шабошаб овардаанд, ки ҳамсояҳо ба ҳоли мо наханданд, вале магар чунин ҳодисаи нангинро пинҳон карда мешавад? Ҳамааш айби худат бачам, сад бор гуфтем, ки ба ҳамин тюремшик нарас, вале ба гапамон гӯш накарда, ҳам ҳаёти худатро сӯзондию ҳам ҳаёти духтари бегуноҳатро. Аз зиндон кӣ одам шуда баромада буд, ки ин Фаррухи ҳаромзод шавад...

Ҷазои падарандари худобехабар

Бо шунидани суханони модарам боз аз ҳуш рафтам. Маро ба хонаи дарун дароварда хобондаанд. Субҳ ҳушёр шудам, ки модарам ва Шамсия дар болои сарам нишаста гиря доранд. Чашм кушодани маро дида, падару бародарам ҳам ба наздам даромаданд. Аз забони онҳо фаҳмидам, ки Фаррухро аллакай кормандони милиса бо дасти баста ба маҳбас бурдаанд. Оҳи пурдарде кашида, зери лаб пичиррос задам: “Бигзор як умр дар зиндон пӯсида равад, номарди худобехабар!”

Пушаймонии дермонда

Мани аз карда пушаймон имрӯз бо чор фарзанд боз дарди сари бародарам ҳастам. Духтарам Шамсия баъди фоҷиаи ба сараш омада, сахт руҳафтода шуда, дилаш аз оламу одам тамоман мондааст. Духтараки бечораам чанд маротиба кӯшиши худкушӣ кард, вале янгаам Марям ва тағояш ӯро аз ҳалқаи дор раҳо намуданд. Аҳволи духтарамро дида, ҷигарам реш-реш мешавад. Аз он ки ба ишқи Фаррухи маҳбус бовар карда, ҳаёти фарзандамро сӯхтам, сад бор пушаймонам. Кошкӣ як умр бе шавҳар зиндагӣ мекардаму чунин бадномиро ба сари худ ва аҳли оилаамон намеовардам.

Саргузашти талхамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар занҳо дарси ибрат шавад. Хатое ки ман кардам, ҳаргиз шумо такрор накунед, хоҳарони азиз!

Ситораи бадбахт

Таҳияи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД