Arzon march 2024
Падарам ба хона Сурайё Қосимова агар мерафт....
5595

 

Ман Фирӯз аз шаҳри Кӯлоб. Марди оиладор ва соҳиби панҷфарзанд ҳастам, аммо то ҳол ишқи авваламро фаромӯш карда наметавонам.

Аниқтараш нозанине, ки дили маро рабуда буд, ҳар рӯз аз экрани телевизор ҷилва када, намегузорад, ки фаромӯшаш кунам. Ба фикрам пай бурдед, ки гап дар бораи кӣ меравад. Бале, ман ошиқ Шабнам ҳастам, ошиқи зори Шабнами Сурайё.

Ману Шабнам ҳарду аз як маҳалла ҳастем, ки дар Кӯлоб бо номи "посёлка" маъруф аст. Замоне, ки ман ба Шабнам ошиқ шудам, ин паричеҳра нав ба фаъолияти эҷодӣ сар карда, ҳамагӣ ду-се суруд дошту халос, вале ҳар гоҳ, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешудам, дилам такорӯ шуда, ларза дар андомам меафтод. Ростӣ, ҷӯръат накардам, ки ошкоро ба Шабнам изҳори муҳаббат намоям, вале дарди диламро бо воситаи дугонааш Фаришта ба ӯ расондам. Шабнам дар ҷавоб гуфтааст, ки ӯ дӯстдошта дорад. Бо шунидани ин хабар дунё дар назарам такорӯ шуд ва аз дарди ишқи беҷавоб сарамро гирифта ба Русия рафтам. Дар муддати панҷ соле, ки ман дар Русия будам, Шабнам ба қавли мардум худашро гирифта “звезда” шуд. Ақлам мегуфт, ки умедатро аз ин духтар бикан чунин зебосанами машҳур ҳеҷ гоҳ ба ту намерасад, аммо дили ошиқам ба садои ақл ҳеҷ гӯш намедод. Пас аз бозгашт аз падару модарам хоҳиш кардам, ки ба хонаи модари Шабнам хостгорӣ раванд. Падарам бо шунидани ин гап девона шуда дод зад: “Ақлатро хӯрдаи сағера, зӯри мани камбағал ба Сурайё намерасад. Ту хонаву дар, давлату сарвати онҳоро бин. Магар бо ин қадар карру фар Сурайё Қосимова ба ту почаканда духтар медиҳад?! Ман ахмақ нестам, ки ба хонаи Сурайё хостгорӣ рафта, худамро хандахариши дӯсту душман гардонам...”

Хулласи калом, ҳар қадар зориву тавалло кардам, волидонам барои ба хонаи Шабнами Сурайё хостгорӣ рафтан розӣ нашуданд. Маҷбур шудам, ки бо гардани баста ба духтаре, ки падару модарам таги чашм карда буданд, хонадор шавам. Ҳофизаи тӯямон Шабнами Сурайё буд. Шабнам месуруду аз дили ошиқи ман дуди ғам мебаромад. Чашми ҳама меҳмонҳо ба арӯсу домод буду чашми ман ба Шабнами чун фаришта зебо. Дар сари тахт дар паҳлӯи духтари дигар нишаста, ба худам лаънат мехондам, ки чаро то охир барои ишқам мубориза набурдам, вале аллакай кор аз кор гузашта буд...

Ҳамин тавр ишқи аввали ман мисли ғурраи сармозада бармаҳал хазон гашт.


Дар поёни баромадаш примадонна Сурайё Қосимова барои иштирок накардани духтаронаш дар маҳфили солинавии ситораҳои санъат узр хоста, аз иштирок накардани духтаронаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки Шабнам бемор аст.


Имрӯз ман соҳиби панҷ фарзанд ҳастам. Ҳамсарам зани хубу фармонбардор аст, аз зиндагӣ ягон шикоят надорам, аммо то ҳол ҳар гоҳе, ки Шабнамро дар экрани телевизор бубинам, дилам ба сӯзиш медарояд. Медонам, ки Шабнам низ соҳиби як духтари нозанин аст ва шояд ягон бор маро ба гӯшаи хаёлаш ҳам набиёрад, аммо ҳарчанд кӯшиш мекунам, ишқи авваламро фаромӯш карда наметавонам.

Саргузаштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар ҷавонҳо дарси ибрат гардад. Бародарони азиз, ҳеҷ гоҳ ба духтарони сарватманду машҳур ошиқ нашавед, чунки бачаи камбағалу духтари бой ҳаргиз бо ҳам ҷуфти муносиб ва хушбахт шуда наметавонанд!

Фирӯз, аз шаҳри Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД