arzon replenishment
Чаро Шабнам дар базми ситораҳо иштирок накард?
9780
Чаро Шабнам дар базми ситораҳо иштирок накард?


Шоми 12-уми декабр дар тарабхонаи зебову барҳавои “Яккасарой” базми солинавии ситораҳои санъати тоҷик бо унвони “Ситорарези Дай” баргузор гардид.

Ташкилкунандагони ин чорабинии бошукӯҳ, ровии шинохта Раҷ Аҳмад ва продюсери машҳур Диловари Мизроб бо чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум меҳмонони гиромиро истиқбол гирифта, хайрамақдам гуфтанд.

Машҳуртарин санъаткорону ровиён ва ҳаҷвнигорону журналистон дар ин базми идона ҷамъ омада, ҳамдигарро бо омад-омади соли нави мелодӣ муборакбод мегуфтанд ва бо як ҷаҳон муҳаббату самимият ширинтарин хотироти худро аз соли 2019 қисса мекарданд.
Ҳунармандони ҷавону овозадори тоҷик Ҳайётой Муъминова, Ситораи Кароматулло, Нигора Холова , Суруш Холов, Меҳрнигори Рустам, Нишонаи Рустам, Беҳрӯз Зеваров, Шаҳнози Рустам, Раҳмия Аюбӣ, Мадина Ақназарова, Қурбон Алиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Рустам Азимӣ,  Сафармуҳаммади Рустам ва дигарон бо таронаҳои марғуби ошиқонаашон ин базми ошиқонаву орифонаро тарабобод намуданд.


Ба хотири ба ин ва дигар саволҳои худ ҷавоб гирифтан хостем аз фурсат истифода бурда, ин ду ҳунарманди машҳурро ба қавле “облава” кунем, вале...


Бисёриҳо интизор буданд,ки ситораи “№1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё чун ҳамешагӣ гули сари сабади ин базми идона хоҳад гашт, аммо Шабнам ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба маҳфил ташриф наоварданд. Сурайё Қосимова ба базми “Ситорарези дай” танҳо омада, бо як таронаи хеле дилнишин хотири ҳозиринро шод гардонд. Дар поёни баромадаш примадонна Сурайё Қосимова барои иштирок накардани духтаронаш дар маҳфили солинавии ситораҳои санъат узр хоста, аз иштирок накардани духтаронаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки Шабнам бемор аст. 
Фарзонаи Хуршед аз рӯйи гуфти модараш дар сари болини хоҳарбузургаш буда, Шабнами беморро парасторӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД