Ҳамасола фарзандони номбардори ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик, шодравон Кароматулло Қурбон-Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло санаи 29-уми ноябр ба ифтихори зодрӯзи падари бузургворашон барномаи рангини консертӣ меороянд.
Тӯли ду-се соли охир Нозия бо парастории фарзандони хурдсолаш овора шуда, имкони дар ёдбуди падар ширкат варзиданро надошт. Дар ин муддат мухлисони сершумораш ин паричеҳаро сахт пазмон гашта, муштоқи садову симояш буданд.
Субҳи имрӯз ба мо хабар расид, ки Нозия ва Муҳаммадрафӣ барои мусоҳибаи радиоӣ ба “Asia Plus” ташриф овардаанд. Бароямон бисёр аҷиб буд, ки оё Нозиябону имсол дар консерт иштирок мекунад ё не? Ба хотири ба ин ва дигар саволҳои худ ҷавоб гирифтан хостем аз фурсат истифода бурда, ин ду ҳунарманди машҳурро ба қавле “облава” кунем, вале...
Ҳамкорамон Наврӯза бояд сӯҳбати моро бо Нозия ва Муҳаммадрафӣ ба навор мегирифт, аммо бачаҳои шӯхи идора як пойафзоли ӯро дар куҷое пинҳон кардаанд. Ба хотири дидор бо Нозияи Кароматулло Наврӯзмоҳ дар як пой мӯзаву дар як пой шиппак камераро ба даст гирифта, аз думболи ман равон шуд ва ҳамин тавр мо ба қавле “якпоя” рост истода, сӯҳбати ҷолиберо бо ин ду ҳунарманди пуровоза омода намудем, ки фишурдааш манзури шумо,муштариёни сомонаи Оила. ТҶ мегардад.