Formula september
Инқилоби Нозия бар зиди "бемории сил"
5519

Овозхони шинохтаи кишвар Нозияи Кароматулло барои иштирок дар 50-умин Конфронси байналмилалӣ дар бораи солимии шуш ба Ҳиндустон сафар кард.

Ӯ ҳамчун узви дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон ва як чеҳраи шинохтаи фарҳангӣ Тоҷикистонро дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон намояндагӣ мекунад.

“Барои иштирок дар 50-умин Конфронси байналмилалӣ дар бораи солимии шуш ба шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон сафар дорам. Вақти он расидааст, ки дар бораи бемории сил гап занем”,-навиштааст худи Нозия дар саҳифаи Инстаграмаш.

Эҳсон Турсунов, корманди иртиботии Асотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар сӯҳбати телефонӣ ба журналистон иброз намуд, ки барои иштирок дар конфронс чанд нафар пешниҳод шуда буданд, вале Нозия интихоб шуд, зеро ӯ забони ҳиндиро медонад ва аз расму оини онҳо то андозае бохабар аст.


баъди сабти клип “Лайлию Маҷнун” Бобур дар ишқи сарояндаи ӯзбек Лейла обу адо шуда, орому қарорашро аз даст додааст.

 


Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалӣ дар бораи солимии шуш соле як маротиба дар яке аз шаҳрҳои бузурги дунё баргузор мегардад.

Соли гузашта дар чунин конфронс узви дигари дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон овозхони шинохта, Сафири боздошти сил Шабнами Сурайё иштироку ҳунарнамоӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД