Formula novemver 2024
Муллои арӯсбоз ба даст афтид
6022

 

Маҳмуд домуллои калон буд. Хурду калони маҳалла ӯро ҳурмату эҳтиром намуда «эшони Халифа» гӯён, дар маъракаҳо болонишин мекарданд.

Даму нафасаш хуб буд ва ба чандин дардҳо даво мебахшид. Ба наздаш ҳамарӯза аз дуру наздик маризону корафтодагони зиёде меомаданд, яке барои саломатию дигаре барои кушоиши бахт, сеюмӣ бо нияти фарзанддоршавию чорумӣ барои раҳоӣ ёфтан аз зиён аз эшон тӯмору таштоб гирифта мерафт. Чандин занҳои бефарзанд бо даму нафаси ҳамин мӯйсафед фарзанддор шуда, овозаи каромотҳои Эшони Халифаро дар тамоми минтақа паҳн карда буданд, вале баногоҳ ҳодисае рӯй дод, ки дар як нафас обрӯи мӯйсафедро ба хоки сиёҳ яксон намуд...

Ишқи пирӣ гар бихезад...

Эшони Халифа ҳама фарзандонашро хонадор карда, баъди сари кампираш ҳамроҳи наберааш Саид мезист. Эшон аз ҳисоби худаш сари набераашро ҷуфт намуда, зеботарин духтари маҳалларо, ки Зебо ном дошт, ба Саиди лапашанг келин кард. Ҳар субҳ арӯсак кокулони сип-сиёҳашро алвонҷдеҳон ҳавлиҳоро рӯбичин мекарду мӯйсафед аз дур бо шавқ қаду қомати мавзунашро тамошо карда, лаззат мебурд. Наберакелин ончунон ақлу ҳушашро рабуда буд, ки дигар ҳатто ба масҷид ҳам нарафта, рӯз то бегоҳ дар атрофи арӯсак парвона буд. Шайтон ба таги пӯсташ даромада чашми эшонро кӯр карда буд ва ҳар гҳ ба Зебо нигарад, дар дилаш оташи шавқу ҳавасҳои шаҳвонӣ аланга мезад...

Аз бало ҳазар

Зебо рӯзҳои охир рафтори ношоями хусуркалонашро пай бурда, кӯшиш мекард, ки бо мӯйсафед танҳо намонад, вале қасд кардагӣ барин Саид ба садама дучор шуд ва ӯро дар беморхона хобонданд. Зебо хост то шифо ёфтани шавҳараш ба хонаи хушдоманаш равад, аммо мӯйсафед бо баҳонаи он, ки дар хона ягон одами ба вай оби таҳорат медодагӣ нест, иҷозат надод ва келинчак ноилоҷ монд.

Ҳамон рӯзи наҳс келинчак аз субҳ то шом аз пайи кору бори хона овора шуда, бегоҳ хастаҳолона сар ба болин гузошт. Нав ғанабаш бурда буд, ки садои ғиҷироси дар баромад. Зебо ҷаҳида аз ҷогаҳаш бархест ва дар рӯ ба рӯяш бобои Маҳмудро дида, якбора дар ҷояш шах шуда монд.

-Натарс арӯсак! Чанд рӯз боз шавҳарат нест, зиқ нашавӣ гуфта, омадам,- мӯйсафед ин гапро гуфту Зеборо ба оғӯш гирифтанӣ шуд.

Келинчак худашро дур кашида дод зад, ки зуд баромада равад. Мӯйсафед ҳарчанд кӯшиш кард, зӯраш ба Зебо нарасид, бақувват буд келинчак ва мисли модашер худашро ҳимоят намуда, таслим намешуд. Эшони Халифа чун дид, ки зӯраш ба арӯсак намерасад, кордеро аз бағал бароварда таҳдид кард, ки агар ба касе лаб кушояд, Зеборо зинда намегузорад ва бо чашмони аз ғазаб оташбор дарро шатта зада, баромада рафт.

Зебо баъди рафтани мӯйсафед худро рӯйи бистар партофта, инони гиряро сар дод. Китфони нозукаш аз шиддати гиряву тарсу ҳарос дир-дир меларзиданд. Келинчак ҳамон шаб то саҳар гириста, ақаллан як лаҳза мижжа таҳ накард.

Сирри фошгашта

Беҳуда нагуфтаанд, ки офтобро бо доман пӯшонда намешавад, ҳамон рӯз кампираке келинашро бо мақсади фарзанддоршавӣ назди Эшони Халифа овард. Мӯйсафед «келинатонро танҳо дуо мехонам» гӯён, кампирро аз дар берун кард. Лаҳзае нагузашта садои доду фарёди келинчак баланд шуд ва арӯсаки рӯймолаш афтидаи мӯйҳояш парешон ба шаст аз хона ба берун баромад. Хушдоманаш дасти ӯро дошта, ҳаросон сабаби фарёдашро пурсид.


Зан нигаҳдорандаи оташи хонадон аст, бинобар ин, новобаста аз касбу кор ва шуҳрату мақомаш да ҷомеа бояд барои тарбияву нигоҳубини фарзандонаш, хизмати шавҳар ва дигар корҳои хона вақт ёбад...

 


-Боз чӣ мешуд, қариб буд, ки ин мӯйсафеди беимон шармандаам кунад. Бешармона маро ба оғӯш гирифта, чӣ нағмаҳое, ки накард ин пирхар. Ман ин домуллои духтарбозро ба суд медиҳам,-фиғон кашид арӯсак ва ашки чашмонашро пок кард.

-Ту чиҳо мегӯӣ келин? Наход ин гап рост бошад,-нобоварона пурсид кампир ва теғ кашида ба мулло нигарист.

Бобои Маҳмуд гуноҳашро ба гардан нагирифта, мегуфт, ки ин арӯси девона ӯро тӯҳмат карда истодааст.

Келину хушдоман моҷарокунон баромада рафтанду пас аз ним соат бо ду-се корманди милиса омаданд. Эшони Халифа ба сари милисаҳо дод зада, бегуноҳиашро исбот кардан мехост, аммо ин дам келинаш Зебо ба шаст аз хона баромада дод зад:

-Келинчак тӯҳмат намекунад, шаб ин мӯйсафеди беимон ба номуси ман, ба номуси зани наберааш дастдарозӣ кардан мехост, вале зӯраш нарасид. Ба ин шайтонсират бовар накунед, зоҳиран вай худотарс намояд хам, дарунаш чунон ифлос, ки ҳатто ғаши иблис меояд!

Ҳангу манги ҳозирон канд. Ҳама гиребон дошта, тавба мекарданд.

Чашмони мӯйсафед аз косахонаи сараш баромада, ба сари арӯсак дод мезад, ки дамашро гирад, аммо...

Зебо буду шуди ҳодисаро ба кормнадони ҳифзи ҳуқуқ нақл кард ва милисаҳо ба дастони эшон завлона зада, ӯро пешандоз крада бурданд.

Шармандаи ду дунё

Ҳамин тавр домуллое, ки мардуми чанд маҳалла ҳурмату эҳтиромаш мекарданд ба доми шайтон афтида дар айёми пирӣ натанҳо худаш, балки тамоми авлодашро шармандаи ду олам гардонд. Дар ин синну сол ҷои ӯ бояд кунҷи масчид мешуд, на паси панҷара, вале...

Сурайё

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муҳандис 2019-10-18, 16:31
Агар ба Худо имон медоштед назди мулло барои бахткушоиву дигару дигар намерафтед. Ккшоишкор ва саломатидиҳанда танҳо Оллоҳ аст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муҳандис 2019-10-18, 16:31
Агар ба Худо имон медоштед назди мулло барои бахткушоиву дигару дигар намерафтед. Ккшоишкор ва саломатидиҳанда танҳо Оллоҳ аст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД