formula
Мулло келинашро мурданивор лату кӯб кард
2214

Маро падарам дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ёвон ба шавҳар дод. Домодро пеш аз тӯй надида будам.

Падарам “одамони хубанд” гуфту мани сода аз рӯйи масали “падар ризо-Худо ризо” амал намуда, розигӣ додам. Пас аз се моҳи фотиҳа шуданамон домодшаванда аз хизмати ҳарбӣ омаду маро бо садои карнаю сурнай ба хонаи бахтам гусел намуданд. Ситораи хунуки домодро дида аз ҳамон рӯзи аввал дилам аз зиндагӣ сард гашт. Бо дили нохоҳам ба мошин нишаста бо хонаи замони беғамӣ ва ҳамраҳи он бо тамоми хушиҳои ҳаётам хайрбод гуфтам. Шавҳарамро ягон зарра дӯст надорам ҳам, аз тарси номи бевагиро гирифтан ба ҳама пастиву баландиҳои ҳаёт тоқат мекардам, вале шӯи бадафтам бо бадзабониаш диламро хун мекард. Фақат худаш тундхӯй мешуд, шояд сабр мекардам, вале падару бародаронаш низ каждумзабону дилозор буданду ба захмҳои дилам намак мепошиданд.


 

H6pzzYb9aDuatvEmJ6e8E4lMK2t13mkzbd4PwDA7
Айни замон тибқи ҳуҷҷатҳо Кросс мард аст ва мехоҳад дар оянда бо роҳи ҷарроҳӣ синаву тухмдонҳояшро бурида партояд, вале аввал фарзанд ба дунё оварда, баъд ин корро карданист. подробнее


Рӯзе набуд, ки ин авбошҳо маро гирён накунанд. Дағалию мардумозорӣ барои аҳли ин хонавода меросӣ будааст, инро ман дертар фаҳмидам. Ҳамсояҳо қисса карданд, ки модари шавҳарам аз ҷабру зулми шавҳари сангдилаш безор шуда баромада рафтааст. Рӯзе хусурам барои оби таҳоратро дертар тайёр карданам маро бо асо чунон зад, ки аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Гириста-гириста ба хона даромадам. Хусури муллоям аз кори кардааш шод шуда барои адои намоз ба масҷид рафт. Намедонистам, ки дардамро ба кӣ гӯям, зеро хонаи волидонам дур буд, шавҳарам бошад дар ҷабру зулм аз падараш монданӣ надошт. Аз тарафи дигар метарсидам, ки агар кори падарашро ба мардкам гӯям, бо ҳамин баҳона бо вай ҷанҷол мекунад. Падару писар бе ҳамин ҳам мисли сагу пишак сояи ҳамдигарро аз девор тарошида, ҳамеша барои даст ба гиребон шудан аз таги нохун чирк кофта мегаштанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шаб шавҳарам маст омада ба қавле кинои бе пул дод. “Нонат шӯру хӯроки пухтаат гӯшт надорад” гӯён, вай боз маро зери мушту лагад гирифт. Тоқатам тоқ шуду қарор додам, ки ҳарчи бодо бод аз хона фирор мекунам. Вақте ки хоби шавҳарам бурд, таги як курта оҳиста аз дар баромадам ва бо чашми гирёну дили хунчакон фирор намудам. Аллакай шаб аз нисф гузашта буд ва дар кӯча ба ҷуз сагҳои дайду дигар касе набуд. Дарақ-дарақ ларзида ҳаросон қадам мезадам, ки ногоҳ мошини боркаше пайдо шуда дар наздам истод. Зориву тавалло намудам, ки маро то хонаи падарам расонад. Хайрият, ки ронанда марди худотарсу боимон будааст, дилаш ба ҳоли ман сӯхту ба хонаамон оварда монд. Падару модарам дар нимашаб маро дар паси дарашон дида талхакаф шуданд. Гириста-гириста ҳамаашро ба онҳо нақл кардам. Чашму рӯйи аз зарби мушту лагади падару писар сиёҳу кабудшудаамро дида, падарам мушт ба девор кӯфта аз ман узр пурсид ва таъкид намуд, ки дигар намемонад поямро ба он ҷаҳаннам гузорам. 

Шавҳараму хусурам аз тарси шармандагӣ барои бурданам намеоянд. Аз духтарон хоҳиш мекунам, ки дар интихоби бахт мисли ман сабукфикрӣ накарда, домодро нағзакак санҷида, баъд хонадор шаванд, то рӯзе бо номи бади бевазан ба хонаи падар бар нагарданд! 

Лутфия, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД