Sebiston new 2024 october
Мулло зани фоҳиша гирифт
9616


Шавҳари хоҳарам Омина мулло аст. Вақташ падарам тақводор будани аҳли оилаашонро ба назар гирифта, хоҳарамро бо пулу моли ночиз бароварда дода буд, вале ин муллои беимон як рӯсиёҳи занҷаллоб ва духтарбози гузаро будааст.

Як фоҳишаи қади кӯчаро ба занӣ гирифтанаш магар кам буд, ки барои зани дуюмаш дар маҳаллаи 33 хона харидааст. Омина бо шавҳараш ҷанҷол кардааст, ки чаро бе розигии вай дар болояш зан гирифтааст. Муллои худобехабар ба хоҳарам гуфтааст, ки зани дуюмаш дар ҳамхобагӣ беҳамтову талаботи шаҳвониашро пурра қонеъ карда метавонад. Хоҳарам бо ситеза гуфтааст, ки наход дар ҳамин қадар сол аз зан сер нашуда бошад. Муллои беҳаё хоҳарамро масхара карда гуфтааст, ки қати ту одам кайф намекунад. Намедонӣ, ки мардака чӣ хел навозиш кунӣ, то ту меҳрубония ёд мегирӣ, ки риши ман мерезад...

Хулоса, зани дуюм гирифтани шавҳари муллояш зиндагии хоҳарам Оминаро ба ҷаҳанам табдил дод. Бечора хоҳаракам аз ғаму дард ба касалии саратон гирифтор шуда, ба бистари беморӣ афтид. Духтурҳо мегӯянд, ки аз умраш рӯзҳои башумор мондааст. Фарзандонаш хоҳари беморамро нигоҳубин карда истодаанд. Шавҳари беинсофаш ақаллан намепурсад, ки Омина чӣ ҳол дорад.
Ҳар боре ба хабаргириаш равам, ранги зарди хоҳарамро дида, ҷигарам хун мешавад ва як бурда нони хӯрдаам дар танам заҳр гашта, бо оби дида аз дарашмебароям. Омина ҳамеша аз шавҳари дузанааш шиква карда, зор-зор мегиряд, ҳарчанд кӯшиш мекунам, хоҳарамро бо ягон сухан тасалло дода наметавонем.


« Ту воқан ҳам хеле хуб фаолият намудӣ. Ту бисёр мушкилиҳоро паси сар намудӣ. Алвидоъ»


Ба язнаи муллои занбозам гуфтаниям:
Имонат ту, агар комил мебуд, мулло шуда як фоҳишаи кӯчаро ба занӣ гирифта, боз таъриф намекардӣ, ки дар ҳамхобагӣ ҳамто надорад. Илоҳо зани фоҳишаат туро ба “СПИД” ё ягон балои дигар гирифтор созад, то ки мисли хоҳарам азоб кашида, зоб кашида мурӣ, худозада!
Ҷаҳонро ҳам ба даст орӣ, дар охир боядат мурдан,
Надорад суд ҷаҳондорӣ, чу марги ломаҳол омад.
Битарс аз холиқи якто, макун тарк силаи раҳмат,
Надонӣ, ки чӣ хоҳӣ гуфт, чу он рӯзи савол омад.
Хоҳарарӯсат Марям

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД