Ин ҷавонписари 22-сола ба идораи сомонаи Oila.tj омада, шиква аз он намуд, ки ҳангоми як рӯза буданаш модараш ӯро дар таваллудхона партофта, рафтааст.
Имрон мегӯяд, ки то синни 12 солагӣ ман ҳатто тасаввур намекардам, ки падару модарам дар асл бароям тамоман бегона ҳастанд. Саволҳои баҷову беҷои ҳамсояҳо дар бораи он, ки ман ягон зарра ба падару модар ва бародару хоҳаронам монандӣ надорам, дар дилам тухми шубҳа коштанд ва билохира пурсуҷӯ карда, фаҳмидам, ки маро дар як рӯзагиям модарам гӯё бар ивази 100 доллар фурӯхтааст.
-Зане, ки Имронро ба дунё оварда, дар таваллудхона партофт, кист?
-Агар модари аслияшро пайдо намояд, Имрон чӣ кор хоҳад кард?
-Кӣ ё чӣ Имронро маҷбур сохт, ки қасди худкушӣ намояд?
Ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан хоҳед, саргузашти талхи Имронро аз забони худаш бишнавед!