Formula september
Домоди хушдоманфурӯш(қисми3)
2466

 

Пойи амаки Зафар ба лаби гӯр расида бошад ҳам, то ҳол бевабозӣ мекард ва дар занбозӣ устухон надошт. Вай каме андеша карда гуфт:

 

-Дилам ба ту сӯхт ҷиян, агар хоҳӣ, чунон мекунам, ки хушдомани пулмастат дар пеши пойи ту афтида, бахшиш мепурсад.

 

-Эй амаки Зафар, шумо хушдомани маро намедонед. Дар бозор тилловорӣ мефурӯшад. Пул ӯро чунон маст кардааст, ки назараш замину осмонро намегирад. Ӯ ҳаргиз аз касе бахшиш намепурсад-даст афшонд Зафар. 

-Ман ғурури ӯро шиканам-чӣ? Қасди туро аз хушдомани сатангат гирам, ба ман як сару по мекунӣ?

-Якто не, ду сару по мекунам,-Раҳими масти шароб чӣ гуфтанашро надониста, ба амаки Зафар даст дод.

-Ту фақат рақами телефонашро ба ман деҳ, он тарафаш кори ман,-ба кундаи сина зад амаки Зафар.

Раҳим мастомаст рақами телефони хушдоманашро ба ин марди занбоз навишта дод...

Аксҳои тақдирсӯз

Аз байн тақрибан як моҳ гузашт. Як шаб Раҳим телевизор тамошо мекард, ки амаки Зафар ба ӯ занг зада гуфт:

-Шабакаи Имо дарою хушдоманатро тамошо кун, ҷиян...

Раҳим ҳайрон шуда, ба шабака даромад ва аксҳои хушдоманашро дида, ҳуш аз сараш парид. Дар суратҳо модари Маҳина дар оғӯши амаки Зафар ишваю ноз мекард. “Ин ронандаи кашталканда чӣ хел дили хушдомани таннози маро ба даст оварда бошад-а? Бало будааст ин амаки Зафар. Ман дигар ба ӯ гап надорам”,- худ ба худ гуфт Раҳим ва аксҳои урёни хушдоманашро тариқи телефон ба хусураш ва Маҳинаю бародаронаш фиристода, чанд гапи обдор низ навишту телефонашро хомӯш намуд....

Дуои бад

Субҳ нав аз хоб бедор шуда буд, ки садои занги телефон баланд шуд. Раҳим хоболудона гӯширо бардошта, овози хушдоманашро шунид. “Сағераи кӯрнамак, илоҳо нону намакам ду чашматро кӯрат кунад! Духтарамро бадбахт карданат кам буд, ки ҳаёти маро ҳам сӯхтӣ. Шавҳарам аз рӯйи ҳамон суратҳои шаб фиристодаи ту маро се талоқ карда аз дар берун намуд. Шабро дар кӯча саҳар кардам. Нокас, дар пирӣ хонаамро вайрон карда, маро дар назди ҳамсояҳо, хешу табор ва дӯсту душманам шарманда кардӣ. Акнун ҳатто бачаҳои худам рӯйи маро дидан намехоҳанд. Духтарам “ба ман ин хел модар даркор нест” гуфта, ба рӯям туф кард. Ту маро дар пирӣ овораю дар ба дар кардӣ, Худо ҷавонмаргат кунад, Раҳим! Илоҳи хабари маргат биёяд, худозада. Нони хӯрдан наёфта, рӯзатро бо гадоӣ гузаронӣ. Кошки ягон мошин туро занаду маъюбу маслуқ шуда, як умр ба зану фарзанд зор шавӣ...”,- Садафмоҳ бо овози гиряолуд Раҳимро дуоҳои бад карда, дашном медод. Вай дигар тоқати шунидани суханони модарарӯсашро накарда, телефонро хомӯш кард ва оҳи сарде кашида дар болои ҷогаҳ нишаст...

Пушаймонии дермонда

Раҳим аз кори кардааш пушаймон шуд. Ҳамон рӯз мастомаст рақами телефони модари Маҳинаро ба амаки Зафар дода, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки хушдомани олуфтааш ба доми ин марди назарногир меафтад, вале маълум мешавад, ки занҳо ба садои ақл не, ба эҳсосот гӯш медодаанд. Хушдомани зоҳиран кордони ӯ аз ин марди занбоз як-ду гапи ширин шунида, оламу одамро фаромӯш кардааст.

Ҷавон аз он ки ин суратҳои тақдирсӯзро ба хусураш ва бародарони занаш фиристод, сахт пушаймон гашт, вале медонист, ки дигар обрӯи барбодрафтаи хушдоманашро бо ягон роҳ баргардонда намешавад...

Рустам Азимӣ

Р/С

Шавҳару фарзандонаш Садафмоҳро набахшиданд, ҳатто духтараш Маҳина аз вай рӯй гардонида гуфт, ки аз чунин модар доштан бе модар будан сад бор авлотар аст. Садафмоҳ аз шарму ҳаё дигар дар бозор ҳам савдо карда наметавонист, чунки аксари фурӯшандаю харидорон он аксҳои тақдирсӯзро дида буданд ва бо дидани ӯ миш-мишро сар мекарданд. Ин зан дар умраш танҳо як маротиба хато кард, вале хатои ягонааш ҳаёти ӯро дар пирӣ сӯхта, маҷбураш намуд, ки тарки Ватан ва хонаву дар намояд. Мегӯянд, ки вай ба Русия рафтааст, вале Садафмоҳ дар кадом шаҳр зиндагӣ мекунаду чӣ ҳол дорад, инро касе намедонад...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД