(Давомаш)
Аммо «фаришта» дар симои Салим пайкари Гулрафторро, ки бо қади баланди худ бе мушкилӣ аз банди овезон халос карда гирифта буд, дигар раҳо накарда аз дари оғил ба рӯи ҳавлӣ баровард ва хост рӯи сабза гузорад. Аммо дилаш нашуд, ки ин корро кунад ва дида ба чеҳраи зебои ӯ дӯхта бо табассум рӯи дастонаш нигоҳ медошту тамошо мекард. Мехост он ҳама надиданҳои қариб сесолаи худро бо як нигоҳи пур аз муҳаббати худ дида кунад ва чун ташнаи садсола, ки ба лаби чашмаи мусаффо расидааст, ташнагиашро ба як бор шиканад. Аммо магар бо ба охир расидани рӯзи дарози рӯзадор ва фарорасии вақти шом метавон бо як ҷуръа обе, ки танҳо барои кушодани рӯза рӯи дастурхон ниҳодаанд, ташнагии дуру дарозро шикаст?
Салим тамошо мекарду ҳис менамуд, ки мижгонҳои дарози Гулрафтор ба оҳистагӣ ба ҷунбиш медароянд. Ӯ хам шуда, аз рухсораи мисли оби чашмасори Бедистон мусаффои Гулрафтор, бӯсид. Ин бӯса бусаи ҳаётбахши Исо буд, ки ба мурда ҷон медамид. Ин бӯсаи ҷонбахш овози Юсуф буд, ки ба дидагони Яъқуб нур бахшиданд. Ва ин бӯса садои зиндагӣ буд, ки дар торикшабаи марг баланд шуда, онро ба нуристон табдил дод.
Гармии нафаси Шайх Салимро пӯсти нозуки духтар ҳис кард ва… ҳайрон шуд. Магар дар он дунё ҳам гармию сардӣ ҳаст? Магар дар он дунё ҳам инсон ҳисси дарки гармию сардӣ, торикию равшанӣ ва дарду роҳатро дорад? Маълум мешавад, ки будааст… Хайр, канӣ як чашмашро кушояд, шояд равшанию торикиро ҳам мефаҳмад ва ӯ …миҷгонҳо дарозашро аз ҳам дур намуд. Аввал тарҳи ноҳамвор ва баъди андаке чеҳраи ба назараш хеле шиносу дилхоҳе пайдо шуд. «Бибиам мегуфт, ки дар он дунё бо ҳамболини аввалаат аз хоб мехезӣ, рост будааст. Ин чеҳраи шавҳарам Салим аст, охир…» Симои пайдошуда дар пеши назари ӯ торафт равшантар шудан гирифт ва… Гулрафтор дид, ки дар оғӯши Шайх Салим ас- Соиб қарор дорад. Акнун барои ӯ фарқ надошт, ки дар ин дунё аст ва ё он дунё, дастонашро гирди гардани шавҳараш ҳалқа карду сахт ба оғӯш кашид…
…Гулнигин, ки сабабгори ин саҳна шуда буду аз тасмими Гулрафтор дар мавриди худкушӣ бошандагони ҳавлии Муаллими калонро огоҳ намуда буд ва ҳоло такя ба сутуни айвони оғил карда ин манзарраро тамошо мекард, ҳайрон буд, ки чӣ гуна духтари номзаддор, ки аз ин пеш шавҳаршавандаашро боре ҳам надидааст, шарм накарда ӯро оғӯш мекунад… «Аз афташ, хушрӯҳо бешарму беақл мешаванд. Чанд дақиқа пеш худро ба дор кашиданӣ буду бин, аллакай мардакеро, ки ягон бор надидааст, ба оғӯш кашида истодааст. Не, ин хел ҳусне, ки сабаби бешармӣ шавад, ба ӯ даркор нест…» Духтараки деҳотӣ намедонист, ки он ду нафаре, ки ҳоло ӯ шоҳиди ин қадар бо меҳр ба ҳамдигар изҳор намудани муҳаббати онҳо гашта истодааст, зану шавҳари се сол пеш бо ҳам акди никоҳбаста мебошанд, ки ин муддат аз дидори ҳамдигар маҳрум буданд. Ӯ намедонист, ки ҳамдеҳаи зебои ӯ ва ин ҷавони араб соҳиби фарзанд ҳастанд, аммо Замири онҳо ҳоло ҳазорон километр аз ин ҷо дур аст… Ӯ намедонист, ки Гулрафтор аз мавҷудияти шавҳари худ дар деҳаашон танҳо ҳоло хабардор шуда истодааст ва то ҳол ақлаш дарк намекунад, ки ӯ ба ин ҷо мисли фаришта аз осмон афтид ва ё мисли Хизр аз роҳи заминӣ омад. Аммо Гулнигин медонист, ки ин ҷавони зебо аллакай як ҳафта боз ҳамроҳи чанд нафари дигар дар хонаи Муаллими калон зиндагӣ мекунад ва мувофиқи овозаи мардум гӯё номзади апаи Гулрафтор будааст. Ӯ аз ким кадом шаҳри дур пеш аз омадани худи апаи Гулрафтор омадааст ва мехостааст дар деҳа тӯи арӯсӣ барпо намуда, ӯро ба занӣ гирад. Аллакай як ҳафта боз ин домодшаванда ва «хешу ақрабои ӯ»-Муаллими калону аҳли байташ ба тӯй тайёрӣ мебинанд. Гӯё онҳо аз мусофират баргаштани апаи Гулрафторро интизор будаанд. Аммо апаи Гулрафтор омаду ба ҷои тӯй қариб мурда шуда буд… Хайрият, ки ман аз паси ӯ саҳаргоҳон поида будаам…
УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ: ЗАНАМ МЕДОНАД, КИ МАН ЧӢ ГУНА МАРДАМ!
…Ҳамаи инро Гулрафтор намедонист ва ҳам Салиму ҳам падараш мехостанд барои ӯ як тӯҳфа-сюрприз тайёр кунанд, аммо қариб барои худашон сюрприз шуда буд. Онҳо гумон надоштанд, ки Гулрафтор то ба дараҷаи гузар кардан аз ҷон дар гуфтаи худ содиқ аст. «Хайрият ҳамин духтараки ҳамсоя будааст, вагарна бо ин имтиҳони худ ба якборагӣ аз Гулрафтор мемондам…» Аз карда пушаймон, Салим бо меҳр ба чеҳраи хастаю ғамдидаю аз дами марг баргаштаи занаш нигоҳ карда, ӯро бо пояш ба рӯи замин гузошт. Аллакай ҳамроҳони ӯ ва Муаллими калону фарзандонаш як-як ба ин ҷо ҷамъ омада, атрофи онҳоро ҳалқавор печонида гирифта буданд. Қариб нисфи Бедистон ин ҷо ҳузур дошт. Ҳар кадоме ҳайрон буданд, ки дар ин субҳи барвақт чаро меҳмони онҳо ва духтари нав ба деҳа баргашта-Гулрафтор паҳлӯи ҳам дар ин саҳни ҳавлӣ рост истодаанду чизе намегӯянд. Вазъи баамаломадаро танҳо Муаллими калон дуруст дарк кард ва байни издиҳоми гирдомада баромада, ба ҳамдеҳагонаш гуфт:
-Чаро ҳама ин ҷо ҷамъ шудаед? Аз кай боз мардуми мо одати дар вақти бо ҳам вохӯрдани ду нафари бо ҳамдигар номзадшуда ҳузур доштанро пайдо кардаанд? О, расми бо ҳам вохӯрдани номзадҳо дар қадим ҳам буду ҳоло ҳам ҳаст. Пас, чи ҷои ҳайрат, ки онҳо дар ин субҳ барои бо ҳамдигар аз наздик шинос шудан ин ҷо омадаанд? Пагоҳ тӯй, ки кардем зану шавҳар мешаванд ва мисли ҳамаи шумо ба дунё чанд нафарро меоранду ана баъд мо боз «танзимро риоя кунед» гуфта мегардем,-дар охири «нутқаш» шӯхӣ кард Муаллими калон. Аҳли Бедистон гуфтаҳои ӯро табассумкунон гӯш кардаистода, фикр мекарданд, ки воқеан ҳам ӯ дуруст мегӯяд. Расми «нисбатбозӣ» ё вохӯрдан бо номзади худ пеш аз тӯй дар деҳаи онҳо аз замонҳои қадим расм буд ва барои ин касеро маломат намекарданд. Бинобар ин, мардум паси ҳам пароканда шудан гирифтанд. Дар охир, дар саҳни ҳавлӣ Шайх Салим ва ҳамроҳонаш, падару модари Гулрафтору Гулнигин ва модараш, Муаллими калон боқӣ монданду халос. Муаллими калон охиста-оҳиста аз болои сабзаи хушкшудаи саҳни оғилхона қадам задаистода, ба Гулрафторе, ки худро ба шавҳараш ҷафс карда меистод, наздик шуду гуфт:
-Духтарам, Гулрафтор. Ман бо ин сари сафедам аз ту узр мепурсам. Аз номи ҳамаи ин ҷо будагон ҳам узр мепурсам…
…Гулрафтор, ки то ҳол чӣ будани ин ҳолатро то охир нафаҳмида буд, ба ҳайрат омада пурсид:
-Ин худаш чӣ гап ? Чаро аз ман узр мепурсед? Шавҳари ман ин ҷо чӣ кор мекунад?- ӯ ба тарафи Салим рӯ гардонда бо арабӣ ин саволро такрор кард ва муаллими солдида аз ин арабидонии шогирди собиқаш даҳонаш воз монд. Намедонист, ки ин забондонии шогирдашро устод биёбони араб ва сусмору уштурони он аст…
-Гап дар сари он, ки ҳанӯз ту ба деҳа наомада аз саргузаштат огоҳ шуда будем ва ҳамаи инро ба мо ана ин ҷавони зебо қисса карда дода буд, ба тарафи «ҷавони зебо»-Самеъҷон ишора намуд Муаллими калон.
«Ана гап дар куҷо,-андешид Гулрафтор, -Ана, барои чӣ Самеъҷон маро ташвиқ кардаю дурӯғ гуфта ба деҳа оварда будааст. Чаро онҳо ин тавр карданд, магар бо дигар роҳ мумкин набуд…?»- худ ба худ савол дод духтар. Аммо ин саволи ниҳонии ӯро Салим кайҳо пай бурда буд ва бо забони шикастаи тоҷикӣ ҷавоб гуфтанӣ шуд:
-Не, мумкин набуд… Барои ин ки…
-Мумкин набуд, -батакрор таъкид менамуд Шайх Салим дастони Гулрафторро қапида.
ФОТИМА ҒУЛОМОВА: АЗ ДУБОРА ШАВҲАР НАКАРДАН ПУШАЙМОН НЕСТАМ!
-Чаро? Магар ману ту зану шавҳар набудем? Магар ту маро никоҳ карда, тамоми масъулияти зиндагию марги маро ба дӯш нагирифта будӣ? Магар ту набудӣ, ки вақти вохӯрии охиринамон ваъда кардӣ, ки дар хона туро интизор бошам ва зуд бармегардию бо ҳам боқимондаи моҳи фарорасидаро мегузаронем? Канӣ вафо ба он ваъдаҳо? Чаро ман то хона нарасидам? Чаро ман ду солро дар биёбон гузаронидам? Чаро фарзанди мо дар байни уштуру бузҳои биёбон ба дунё омад? Ӯ чӣ ҳол дораду дар куҷост? Чаро тақдири ман чунин шуд?
Ин суханони Гулрафтор мисли оби шаршараи кӯҳистон аз боло бо шаст ба қаъри дара меафтоду акси садояш дар ҳар санги кӯҳ бархӯрда, ба дили онҳое, ки ӯро гӯш мекарданд, як воҳимаи ниҳониро бедор мекард. Аммо аз онҳое, ки ин лаҳза духтари ба риққатомадаро гӯш мекарданд, танҳо худи Шайх Салим, ду нафар ҳамроҳаш, ки аслан таъмингарони бехатарии ӯ буданд ва Самеъҷон мефаҳмиданду халос. Дигарон аз лаҳни арабии ӯ чизе намефаҳмиданд, вале оҳанги гӯшнавозу чашмони ашкбору чеҳраи ин духтари азияткашидае, ки ҳамин ҳоло аз чанголи марги яқин халос шуда буд, намегузошт, ки онҳо аз ӯ чашм кананд.
Гулрафтор бошад, мегуфту мегуфт… Бо ин гуфтанҳо гӯё мехост, ки тамоми ғаму андӯҳ, азияти қариб сесола ва таҳқиру тӯҳмату азобҳои ҷонию равонии худро бадар созад. Мехост ист кунад, аммо наметавонист. Аз умқи дилаш ҳама сӯзу гудозаш берун меомаду меомад… Гӯё то ин дам пеши роҳи онро кӯҳе баста буд ва ҳоло оби дарёи шӯхи кӯҳистон ба оҳистагӣ аз як гӯшааш бурида, якбора сади роҳи худро барканор сохт ва дарё рӯ- рӯи мавҷи худ оби лойолуд ва ҳамроҳ ба кафку лашу лушро сарозер мекард. Шайх Салим ҳам намехост садди роҳи ин дарё шавад ва бо чашмони намзада гӯш мекарду ҳатто ишорае барои бозистодани Гулрафтор наменамуд. Гӯё қиссаи зиндагии худро мефаҳмид, ки дур аз худи ӯ бо вай рух додааст. Медонист, ки зани дар рӯ ба рӯи вай истода дар ин гирудори сесола заррае гуноҳ надорад ва ҳамаи гуноҳ аз Салим аст. Не, гуноҳ аз Салим-ҷавонмарди оддии биёбони араб, ки бо сари хам ва ҷомаи тоҷикӣ дар бар истодааст не, балки аз Шайх Салим ибни Соиб, яке аз доротарин мардони кишвари худ аст, ки мисли асал дар атрофи худ занбӯрони зиёдеро бехабар аз неши онҳо ҷамъ оварда буд. Оқибат онҳо неши заҳрогини худро ба бадани ӯ заданду ӯро аз беҳтарин неъмати ҳаёташ як муддат маҳрум сохтанд. Ҳарчанд баъдан ҷазои худро аз гуноҳашон дида зиёдтар диданд, вале ин Салимро ором карда наметавонист. Зеро ҳар лаҳзаи азоби Гулрафтор ба андешаи ӯ, ба садҳо соли зиндон баробар буд. Бинобар ин, ӯ гӯш мекарду гӯш мекард ва намедонист, ки барои сафед кардани худ чӣ гӯяд. Атрофиёни онҳо ба оҳистагӣ пароканда мешуданд. Ҳатто падару модари Гулрафтор ҳам муддате ба лафзи нофаҳмои духтарашон гӯш андохтанду баъд ба қафо, ба тарафи хонаи худ роҳ пеш гирифтанд. Гӯё ҳама мефаҳмиданд, ки дар ин лаҳзаҳо барои ин ду нафар танҳо будан беҳтар аст…
ДУХТАРИ ТОҶИКРО БА ДУБАЙ БУРДА ФУРӮХТАНД, ВАЛЕ... (ҚИСМИ42)
…Офтоб қади як найза боло шуда, гармиаш бештар эҳсос мегардид. Гулрафтор ниҳоят монда шуд ва худро ба сояи тути байни ҳавлӣ гирифту хастаҳолона ба болои туқуми харе, ки он ҷо гузошта буданд, нишаст. Салим низ назди ӯ омад ва духтар яктарафа шуда, ӯро дар паҳлӯяш ҷой дод. Ӯ бо дастони дарози худ китфони хароби Гулрафторро ба оғӯш гирифта, ба тарафи худ кашид, аммо Гулрафтор ӯро каме аз худ дур намуда, хавотиромез ба атроф нигарист. Аммо аллакай ҳамаи онҳое, ки чанд лаҳза пеш барои дидани духтари худкуш ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, аз ҳавлӣ берун рафта буданд ва инак, ҳамин ҳавлию ҳамин оғил манзили онҳо шуда буду туқуми кӯҳнаи хар ва сояи дарахти тут моликияташон…
Гулрафтор Салимро дурудароз гӯш кард. Аммо Салимро ҳам дарде, ки чанд лаҳза пеш Гулрафтор гирифтори он шуда буд, домангир шуда буд… Мегуфту мегуфт ва намедонист, ки оқибати ин гуфтанҳо чист. Гоҳ дар бораи чӣ тавр дарак ёфтани худ аз гум шудани Гулрафтор мегуфту гоҳ чӣ тавр пайдо кардани Замирро қисса мекард. Аз қиссааш чанд суратро бароварда ба Гулрафтор нишон дод, ки дар онҳо Замир ва Омина дар чанд лаҳза тасвир шуда буданд. Гулрафтор бо табассуми ашколуд бо як даст рухсораашро тоза мекарду бо дасти дигар сурати писарашро гоҳ наздик овардаю гоҳе дур бурда, тамошо мекард. Онҳо ин лаҳза ду мусичаеро мемонданд, ки дар фасли баҳорон дар гӯшаи боми лоӣ нишаста, қиссаи гули наврустаи бойчечакро мекарданд, аммо дар дилашон гапи дигар буд. Ин замон аз шохи дарахти тут мусичае ба сари Гулрафтор «тӯҳфае» фиристод, ки боиси хандаи Салим гардид ва хост сар боло карда барои «гуноҳаш» ба ин мусичаи беодоб «танбеҳ» диҳад.Вале ҳамон замон «бори» навбатии мусичаи дигар рост ба байни ду абрӯи Шайхи Тиллоӣ афтод, ки ин кор хандаи Гулрафторро овард ва ӯ бо овози нимшунаво қиқирросзанон хандиду сарашро ба китфи Салим гузошт. Ӯ гумон дошт, ки дар ин ҳавлии партобӣ, ки ҳоло бошишгоҳи чорво шуда буд, танҳо ваю Салим ҳузур доранду халос. Аммо хато мекард ва чор ҷуфт чашмони зирак, як ҷуфт аз паси ғарами ҳезуми назди девори похсагин ва як ҷуфти дигар аз болои боми ҳамсоя ҳамаи ҳаракатҳои Гулрафтору шавҳарашро наззора мекарданд…
Ҷуфти аввалӣ, ки ба Гулнигин-ҳамсоядухтари Гулрафтор тааллуқ дошт, ҳар як ҳаракати Гулрафтору шавҳарашро бо шавқ тамошо карда, ба таври худ лаззат мебурд ва барои «апаи хушрӯяш» хурсандӣ мекард. Вақте, ки модари Гулрафтор барои аз азми худкушии духтараш огоҳ кардани одамони ҳавлии Муаллими калон ва пешгирии марги Гулрафтор ба ӯ як куртаи зебои нав ваъда кард, ӯ дигарбора пинҳонӣ ба ин ҳавлӣ баргашта омада буд ва гумон дошт, ки боз ягон кирдори ҳардуи инҳоро дида хабар бараду соҳиби мукофот шавад. Аммо худаш нафаҳмида, ғарқи гуфтугуи ба ӯ нофаҳмо вале дилнишин гардид. Вақте, ки паррандаи шохи дарахт байни ду абрӯи Шайхро нақшин кард, Гулнигин дигар тоқат карда натавониста, бо овози баланд қиқирросзанон хандид ва бо ҳамин пинҳонгоҳи худро ошкор сохт…
-Эй духтари пинҳонкор, канӣ ин ҷо баро. Ман туро ба ҷазо гирифтор мекунам.
Салим шӯхикунон ба тарафи ғарами ҳезум рафт, аммо аллакай Гулнигин худро аз он ҷо ба паси девор гирифта буд…
(Охираш фардо соати 21-00 интизор шавед)