Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми41)
11.01.2020
А. Ҳоҷӣ
3567

(Идомааш)
Гулрафтор ашки чашмонашро пок карда, ба берун нигарист. Манзараи ду тарафи роҳи Бедистон тақрибан ҳамон тавре буд, ки Гулрафтор онро тарк карда буд. Танҳо дарахтон ба назараш бузургтар шудаанд. Ана ба даромадгоҳи Бедистон расиданд. Мошин аз кӯтали зери деҳа нолакунон боло мерафт. Гулрафтор аз кӯдакӣ медонист, ки дар ин кӯтал ҳамаи мошинҳо «нола» мекунанд. Ана дарвозаи бобои Назир намоён шуд, ки хонаи аввалини деҳа пас аз кӯтал мебошад. Зане аз дохили боғ ду бузро бо химча зада берун мекард. «Холаи Ҳанифа, келини бобои Назир …»,- аз дил гузаронд духтар ва як лаҳза рӯи ӯро дид, ки ба назараш пурожангтар шуда буд. Гулрафтор ғайриихтиёр худро ба гӯшаи мошин гирифт. Гумон кард, ки ҳоло холаи Ҳанифа пеши роҳи мошинро медораду мегӯяд: «Ҳа, Гулрафтор! Бибиат туро доим дар тӯю маъракаҳо таъриф карда мегашту мегуфт, ки набераи ман аз ҳама боодобтар аст, магар одобат ҳамин буд, ки дар мулкҳои бегона танфурӯшӣ карда гаштӣ? Канӣ акнун бибиат, ки ман туро ба ӯ нишон диҳаму гӯям: Бин таърифиатро. Коре кард, ки дар таърихи деҳаи мо ягон духтар накардааст. Обрӯи деҳаи моро резонду боз шарм накарда омадааст…»

Аммо холаи Ҳанифа ҳатто ба сӯи мошин нимнигоҳ ҳам накард. Вай хам шуда аз замин сангчаеро гирифту қулоч кашида ба тарафи бузҳо партофт ва чизе гуфту сараш аз девори боғ ба дарун ғайб зад.

Мошин хазида ба тарафи хонаи Гулрафторино наздиктар мешуд. Ҳар қадар мошин ба хона наздиктар меомад, ҳамон қадар дили духтар бештар мезад ва мисли кабки кӯҳистони диёраш аз қафаси худ баромадан мехост. Ин ҳолати Гулрафторро Самеъҷон хуб эҳсос менамуд. Барои андак паст кардани ҳаяҷони духтар ӯ аз нишастгоҳи пеш ба тарафи Гулрафтор андаке хам шуда, бо нимовоз гуфт:

-Ман пешакӣ ба падаратон дар бораи омадани Шумо гуфта будам, барои ҳамин хавотир нашавед, онҳо чизе намегӯянд, ки боиси ранҷишатон шавад.

-Шумо падари маро аз куҷо медонед! Агар аз касе ранҷад, дар сад сол ҳам дигар ба ӯ бовар намекунаду нафраташ гум намешавад…

-Аммо модаратон зани хуб будаанд. Вақте, ки дар бораи зинда будани шумо фаҳмиданд, тайёр буданд, ки дар зери пои ман уштур кушанд…

«Ҳа, модарам зани хуб аст. Аммо як умр маро ба бибиам рашк мекард. Рашк мекард, ки аз ӯ дида бибиамро бештар дӯст медорам. Баъзан агар аз ман қаҳраш меомад, «бибисурат» гӯён таъна мезад ва ба ҷои ман бибиамро танбеҳ доданӣ мешуд. Эҳ бибиҷон, ҳоло дар куҷоӣ, ки маро дар ин лаҳзаҳо дастгирӣ кунӣ… Духтарат танҳои танҳо»,-аз дил гузаронд духтар.

Мошин ба назди дарвозаи чӯбине, ки аз овони тифлӣ ба Гулрафтор шинос буду мумкин онро то тарки ин ватан аз миллион маротиба ҳам зиёдтар боз намудаву пӯшидааст, омада истод. Пеши дарвоза рӯфта об задагӣ буд, мисли он, ки меҳмонеро дар ин ҳавлӣ интизор бошанд. Аммо дар берун касе наменамуд. Баробари баланд шудани садои сигнали мошин як қабати дарвоза кушода шуду аз дохили он духтараки ҳамсоя, Сумайё, ки тақрибан 7-8 сола буд, берун баромад ва баробари дидани Гулрафтор дар дохили мошин бо шаст ба қафо гашта, чапакзанон чизе фарёд кард. «Ана ин ҷилла ҳоло ҳамаи деҳаро ба ин ҷо даъват мекунад…»,- бо хавотир аз дил гузаронд Гулрафтор. Аз паси ӯ модараш намоён шуд, ки чеҳрааш ғайричашмдошти духтар хандон буд ва аз тарафи дари мусофир ба ӯ оғӯш кушода наздик шуд. Гулрафтор дарро кушода, берун баромаду модарро ба оғӯш кашид. Модар танҳо ҳамин қадар гуфта тавонист:

-Эҳ, духтараки нодону мусофирам…

Гулрафтор дар машоми худ, бӯи аз овони тифлӣ басо шиносу наздик-бӯи Модарро ҳис карда, чуқур нафас кашиду инони гиряро сар дод. Чунон мегирист, ки гумон мекардӣ тифле, ки пояш ба санге бархӯрдаасту аз дарди он худро ба оғӯши модар партофтааст. Модараш ҳам мегирист, аммо гиряи ӯ аз шодии дидори фарзандаш буд. Аз шиддати гиря пайкари ҳарду меларзид. Ин манзараро дида Самеъҷон аз дил гузаронд:

«Аҷаб, агар мо тамоми рӯи оламро чарх зада бароем ҳам, танҳо дар ҳамин оғӯш худро гарму нарм ва аз тамоми ранҷҳои дунё раҳошуда меҳисобем. Худованд чӣ мӯъҷизае офаридааст, бо номи модар…»

Гулрафтору модараш то хеле вақт ҳамдигарро аз оғӯш сар додан намехостанд. Аммо овози омиронаи падар, ки «хайр акнун шуд, мон духтаратро дигарон ҳам бинанд»,- мегуфт, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кард. Падараш ба Гулрафтор наздик шуда, аз китфонаш дошту аввал ба чеҳраи пур аз оби дидааш нигоҳ кард ва сипас бо табассум аз пешониаш бӯсид. Вақте, ки ӯ дастонашро аз китфи духтараш раҳо намуд, баробари он гӯё аз бозӯи духтар он бори гароне, ки таи ин се соли охир ба дӯш бардошта мегашт, ба замин афтод. «Падарам маро бахшидааст,-барқосо аз майнаи Гулрафтор ин фикр гузашт,-агар чунин намешуд, ба пешвозам ҳам намебаромад. Модарам ӯро маҷбур карда бошад? Не, падарам ҳеҷ гоҳ ба гапи модарам намедарояд…» Акнун навбати ба оғӯш кашидани хешу ақрабо расида буд ва ҳамагон мисли гунҷишконе, ки дар сармои зимистон тӯдаи донро ёфтаанд, дар атрофи Гулрафтор ҳалқа заданд. Падари Гулрафтор ба Самеъҷон, ки ҳамроҳи ронандаи мошин ин манзараро тамошо мекард, наздик шуда, онҳоро ба даромадан таклиф кард.

-Не ака, ман фурсати даромадан надорам. Худатон медонед- ку аввал рафта, ба хӯҷаинам дар мавриди иҷрои супориш маълумот доданам даркор, сониян директори мактаб ҳам хоҳиш намуда буд, ки вақти ба Бедистон омаданам ҳатман аз ӯ хабар гирам. Чӣ гапи заруре доштааст…Ана духтаратонро сиҳату саломат ба наздатон оварда мондам. Акнун ҳарчи зудтар тайёриро бинед… Он тарафашро маслиҳат карда будем- ку…

Падари Гулрафтор бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду дасти Самеъҷонро сахт фишурда гуфт:

-Ҳазор раҳмат ба Шумо, писарам. Маро аз шармандагии ду олам халос кардед…Хока гиред зар гардад…

Минбаъд аҳд намудаам, ки шуморо писар хонам…

-Медонам, вале ин хизмати ман нест. Шумо медонед, ки ин корро кӣ ташкил карда истодааст…

-Аммо бе шумо гумон буд, ки чунин шавад…

-Чаро пичир-пичир мекунед, меҳмонҳоро ба хона даъват кунед,- ба шавҳараш рӯй овард модари Гулрафтор.

-Инҳо вақт надоранд, рафтанашон лозим. Биё онҳоро аз кор намонем занак. Духтаратро ба хона дарор, ҳозир занҳои деҳа ҷамъ мешаванд…

Гулрафтор ба Самеъҷон наздик шуда гуфт:

-Шумо меравед? Давоми корҳои ман чӣ мешавад? Ваъда карда будед, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барқарор мекунеду барои ман иҷозат мегиред…,- ин суханонро духтар бо ҳарос, пичиросзанон мегуфт, ки атрофиёнаш нашунаванд.

-Ман ягон ваъдаамро ба касе, ки надода бошам, иҷро накарда намондаам. Шумо акнун ба падару модаратон гӯш кунед. Ҳамааш ҳал мешавад….

-Чӣ хел ҳал мешавад, ки маро партофта рафта истодаед?

-Акнун шумо соҳиб доред ва онҳо чӣ кор карданашонро медонанд. Хайр то боздид,- Самеъҷон чолокона ба паҳлӯи ронанда нишасту мошин чанги кӯчаи деҳаро ба осмон бардошта, ба поён ҳаракат кард. Гӯё бори вазнинеро аз дӯшаш партофта бошад, мошин бе ягон нолиш босуръат ба тарафи Душанбе роҳ пеш гирифт. Он ҷо Самеъҷонро Шайхи Тиллоӣ интизор буд…

Он рӯз ҳамаи хешони дуру наздики Гулрафтор ҷамъ омаданд. Дар муддати ин се сол ҳам ӯ тағйир ёфта буду ҳам онҳо. Гулрафтор аз як духтараки шармгини деҳотӣ ба зани зебою дилкаше табдил ёфта буд, ки дар ин атроф монандаш набуд. Дар умқи чашмонаш нақши андӯҳу азоби сесола ниҳон бошад ҳам, аммо он ба ҷилваи зебогии табии Гулрафтор халал намерасонд, баръакс, дар ниҳонхонаи чашмони зебояш нуҳуфтани чунин як дарде, ки онро танҳо ба худ бовар кардан мумкин аст, дилрабоии ин чашмонро боз ҳам афзунтар мегардонд. Хешон байни ҳам пичиррос мезаданд: «Гулрафтор мисли себи дукафон ба бибаш монанд шудааст». «Ман он касро дар ҷавониашон дида будам,- мегуфт кампири қариб 80 сола, янгаи падари Гулрафтор,-мегӯӣ, ки худораҳматӣ зинда шуда бошаде!» Ҳарчанд ин миш-мишҳо гоҳо ба гӯши ҳассоси Гулрафтор мерасиданд, аммо ӯ ба ин пичир-пичирҳо эътибор намедод.


-Чӣ тавр қабул дорад ё на? Шумо шавҳараш ҳастед ва Гулрафтор ҳадде надорад, ки аз гапатон барояд. Замирро партофта рафт- ку! Ҳарчанд мехост бо худаш ба биёбон барад…Хайрият, ҳамон вақт бачаҳакамро ба ӯ надода будаам,-Замирро сахттар ба оғӯш гирифт Омина.

 


Дар девори хонаи модаркалонаш, ки дар шафати хонаи калон буд, акси чил сол пеш гирифтаи бибиаш овезону падараш дар паҳлӯяш акси давраи мактабхонии Гулрафторро ҳам ҷой дода буд. Касе, ки онҳоро медид, гумон мекард, ки акси як нафар асту якеро дар давраи навҷавонӣ ва дигареро дар миёнсолӣ гирифтааст. Гулрафтор аз хонае, ки меҳмонон нишаста буданд, баромада, назди оташдон, пеши модараш омаду гуфт:

-Очаҷон, ман ёрдам кунам?

-Не, духтарҷон, Ту монда шуда омадӣ, ба назди меҳмонон рафта шин. Ана бин, духтарони ҳамсоя ва хоҳаракат ёрӣ расонида истодаанд…

-Оча….Тую падарам аз ман хафа ҳастед?

-Чӣ гӯям духтарам. Аввал падарат қариб девона шуда буд, ба шаҳр рафта ба сари холаат мушт ҳам бардошт. Ҳар хел овозаю дарвозаҳо нисбати ту паҳн шуданд. Мо ку ҳеҷ гап не, аммо падарат, ки одами миёни мардум аст, сархам шуд. Ба кӯча баромадан намехост, ҳарчанд маҷбураш мекардем. Мушт бар сараш мезаду «ҳамааш айби худам» мегуфт. Барои ҷустуҷӯят ба милиса ҳам муроҷиат кардем. Падарат не, холаат. Аммо бенатиҷа… Баъд фаҳмидем, ки гӯё ту ба як ҷавони кӯлобӣ ё хуҷандӣ ба шавҳар баромада рафтаӣ. Хайр гуфтем куҷое бошад, зинда бошад. Аммо баъдтар овоза шуд, ки туро ба кадом кишвари дигар бурдаанд. Инро ба холаат як зан телефон карда гуфтааст. Холаат инашро аз тарси падарат фақат як сол пеш ба ман гуфт. Аз дасти ман чӣ ҳам меомад? Дар ҳамин кунҷи хона ғам хӯрда мешиштаму аз дастам коре намеомад… Ман зан ҳастам ва бори андӯҳи худро бардошта гашта метавонам, вале падарат… Падарат хеле азоб кашид, духтарам. Вай мард аст, дар байни мардум сар боло карда гашта наметавонист. Ҳарчанд мардуми худамон одамони хубанду ба ӯ танҳо дилсӯзӣ мекарданд, падарат даруннокӣ худашро мехӯрд. Мисли шамъ об мешуду чора надошт. Дигар аз баҳри ҷустуҷӯят баромад. Ба ман гуфт: «Занак, биё гӯем, ки мо Гулрафтор ном духтар надоштем…» Ҳарчанд ин гапро мегуфт, ман медонистам, ки дар дилаш танҳо ғами ту буд. Охир вай туро ниҳоят сахт дӯст медорад. Медонӣ, ки дар бачагиат туро «очаҷони зиндаам» мегуфт…

Ин суханони модарро шунидаистода, аз чашмони Гулрафтор ашк мерехт. Қатраҳои ашкаш дар равшании алови зери деги модараш мисли алмоспора медурахшиданд. Рухсораҳояш аз гармии алов сурх шуда он лаҳза фариштаи гуноҳкардаеро мемонд, ки дар назди Худованд барои гуноҳҳояш ҷавоб мегӯяд. Духтараки 14-15 солаи ҳамсоя, ки ӯро тамошо мекард, худ ба худ орзу менамуд: «Эҳ худо, агар мисли апаи Гулрафтор ба ман ҳам ҳамин хел ҳусн медодӣ…»

-Баъдтар вақте, ки ба падарат дар бораи ёфт шуданат мужда расид, намедонист, ки хурсанд шавад ё хафа. Гуфтамаш, ки шукр кун, фарзандамон сиҳату саломат будааст. Боз чаро ғам мехурӣ? Ӯ бошад сарашро хам карду гуфт: «Шукр, ки зиндаю саломат будааст, аммо шарафу номуси ман ҳам саломат бошад?» Духтарҷон, ту акнун ба хона баргаштӣ, ба ин саволе, ки ҳанӯз ба ту надодаем, чӣ ҷавоб медиҳӣ?

Гулрафтор бо нӯги панҷаҳояш ашкашро пок кардаистода модарашро ба оғӯш кашиду ба гӯши ӯ пичиррос зад:

-Модарҷони азизи ман, ки барои ин бандаи гунаҳгор шуда ин қадар азият кашидӣ. Дилат пур бошад, ки ман дар назди Худою бандагонаш заррае гуноҳе накардаам, ки боиси сархамии тую падарам шавад. Бо амри Худо ман аз чанд чоҳе, ки сари роҳам тақдир канда буд, раҳо шудам ва имонат комил бошад, ки духтарат заррае обрӯи тую падарашро нарезондааст. Шоҳиди бегуноҳии ман Худо аст…

-Ман инро медонам…

-Аз куҷо?

-Инро баъд мефаҳмӣ. Ҳоло худатро хаста накуну ба назди меҳмонон баргард, ки нороҳат мешаванд. Ана падарат ҳам омад, дигар ҳеҷ гоҳ аз гапи вай набаро…

Ин вақт падар аз дарвоза даромада ба назди онҳо омаду мисли ҳар марди кӯҳистонӣ қавоқашро як андоза гиронда (одатан ин тоифаи мардон барои он, ки меҳрашонро аз фарзандон пинҳон кунанд, чеҳраи худро ҷиддӣ мегиранд) гуфт:

-Ҳа, очаю духтар ин қадар чӣ мегӯед? Ҳанӯз аз ҳамдигар сер нашудаед?

-Не, дадаҷон, агар боз чанд рӯзи дигар гап занем ҳам сер намешавем…,-Гулрафтор бо оҳанги шӯхиомез хост ба сӯҳбати маҳрамонаи хонаводагӣ падарро ҳам ҷалб кунад. Дилаш ба волидони дар ин муддат хеле азоби рӯҳӣ кашидааш месӯхт ва мехост андаке ҳам бошад, онҳоро аз худ розӣ кунад.


Суруди “Ватан-модар”-и ӯро дар шабакаи Ютуб қариб 250000 нафар тамошо карданд, таронаи “Оҳанги дили зор”-и Абдурозиқ бошад, беш аз 3000000 тамошобин пайдо карда, рекорде гузошт, ки расидан ба он амри маҳол аст.


 

-Ба фикрам, ту гиря кардагӣ барин метобӣ? Чӣ шуд, очаат гӯшмол дод? Эҳ занаки беақл, магар духтари шӯиро одам ҷанг мекунаду мезанад?-ба таври худ шӯхӣ карданӣ шуд падар.

-Э, ман чаро духтари каппа калонамро ҷанг мекардаам? Худаш шояд аз шодӣ гиря карда бошад…

-Мефаҳмам, мегӯянд, ки ҳамаи духтарони ба шавҳар бароянда гиря мекунанд. Ин як навъ расм дар байни духтарон будааст, ҳамин тавр не, духтарам?

Гулрафтор аввал ба мазмуни суханони падараш сарфаҳм нарафт. Аммо баъд андаке ба худ омаду пурсид:

-Шумо чӣ мегӯед дадаҷон? Дар ин ҷо кӣ ба шавҳар баромаданӣ аст? Не, ман гиря накардаам, ҳамту дар назди алов…

-Гиря кунӣ ҳам майлаш,- сухани духтарашро бурид падар,- ин агар расм бошад, онро риоя кардан лозим. Вақте, ки ба хонаи шавҳарат меравӣ, онҷо барои гиря вақт намеёбӣ…

-Кадом шавҳар?- боз ҳам бештар ба ҳайрат афтод Гулрафтор,-Чӣ шумоён маро ба шавҳар доданӣ- мӣ?

-Ба шавҳар додани духтари қадрас орзӯи ҳар падару модар аст. Магар мо соҳибони ту нестем?

-Албатта ҳастед, аммо ман…

-Чӣ, ту ҳоло ба духтарат нагуфтаӣ, ки мо ӯро дар ҳамин ду-се рӯз ба шавҳар медиҳем?

-Не, ҳанӯз фурсат наёфта будам, ки худатон омада мондед. Фақат гуфтам, ки аз гапи падарат набаро…

-Ин тавр, ки бошад, духтарам, тайёриатро бин, мо туро ба шавҳар дода истодаем…  

-Шумоён чиҳо мегӯед? Кадом шавҳар? Ман танҳо ҳамин рӯз омадам. Ғайр аз ин, ман…

-Духтарам, бас ман- манӣ. Намедонӣ, ки мо барои ту шуда дар назди мардум чӣ қадар сархам шудем. Акнун, ки сиҳату саломат ба наздамон омада расидӣ, кори хайрро ҳеҷ ҳоҷати таъхир додан нест. Якбора гапу калочаро аз байни одамон мебардорем ва туро ба шавҳар медиҳем…

Гулрафторе, ки чанд лаҳза пеш, баъд аз сӯҳбат бо модар худро хеле сабук ҳис карда буд, акнун дубора худро дар зери чоҳи бетаге дид, ки гӯё аз болояш садҳо ман хоку сангро рехта бошанд. Вай дигар ҳатто маҷоли гапзанӣ надошт. Аҳволи духтарашро дида, модар ба ӯ косаи оби сари оташдонро дароз карду гуфт:

-Духтарҷон, ту бояд донӣ, вақташ, ки омад, ҳамаи духтарон ба шавҳар мебароянд. Ману падарат ҳам мехоҳем, ки ту бо номи нек дар назди мардум ба шавҳар бароӣ. Бахтатро Худо кушояд…

Падар чанд лаҳза ба Гулрафтор нигоҳ карда истоду баъд ба гуфтаҳои занаш илова кард:

-Оё медонӣ, барои мо чӣ қадар муҳим аст, ки туро бо тӯю сур, дар назди мардум ба шавҳар диҳем? Дигар номи «падару модари духтари ҳарҷогард»-ро бардошта намегардем. Ману очаат танҳо хушбахтии туро мехоҳем… Ва боз мехоҳем ба одамон гӯем, ки духтари мо ҳаргиз беҷогарду кӯчагӣ набуд. Барои ин мо бояд тӯй карда туро шоҳидии мардуми деҳаамон ба шавҳар диҳему дар назди одамон бо сари баланд гашта тавонем. Ҷавон бошад, бачаи меарзидагӣ барин…

Ин лаҳза сари Гулрафтор чарх зад ва ӯ калавида рафт. Модар барои он, ки духтараш наафтад, кафгирро болои танӯри паҳлӯи оташдон гузошту ӯро дудаста дошта ба болои курсии пастаке шинонд.

-Э, наход духтар аз шунидани номи шавҳар ин қадар ба воҳима афтад? Ана ман сӣ сол боз бо падарат зиндагӣ мекунам. Бин, ҳоло ҳам зиндаю саломатам,-шӯхӣ карданӣ шуд модар. Аммо дигар ин гапҳо ба гӯши Гулрафтор намедаромаданд. Танҳо суханони охирини падараш дар гӯшҳояш садо медоданд:

-Тайёриатро бин, Гулрафтор. Баъд аз ду рӯз тӯй. Ту бояд шавҳар кунӣ…

…Гулрафтор бо ду даст гӯшҳои худро дошта ба тарафи хонаи дигар, ки дар шафати дарвозаашон воқеъ буд, рафт. Модараш аз паси ӯ нигоҳи дуру дарозе карду гуфт:

-Ҳеҷ гап не, вақте ки маро ҳам ба ту ба шавҳар медоданд, гиря карда будам…

-Лекин ту аз шодӣ гиря мекардӣ, ки чунин ҷавони зеборо соҳиб мешавӣ. Ин бечора бошад, ҳоло намедонад, ки ба кӣ ба шавҳар баромада истодааст…

-Куҷои ту зебо? Бин, пири маслуқ шудаӣ…

-Акнун пир шудем-дия, вагарна доим аз пасам мепоидӣ, ки боз ягон занак ба ман гап напартояд…

Зану шавҳар бо ҳамдигар шӯхӣ мекарданду маълум буд, ки табъи ҳардуяшон хуш аст ва онҳо сирреро медонистанд, ки Гулрафтор аз он бехабар буд…

Гулрафтор дар хотир дошт, ки дар ин утоқ ҳамроҳи дугонаҳояш лӯхтакбозӣ мекард. Бибиҷонаш ба ӯ ва духтарчаҳои ҳамсоя аз чӯбчаҳо лӯхтакҳои зебо сохта медод. Аввал ду чӯбчаро мегирифту якеро шикаста кӯтоҳтар мекард ва онҳоро мисли чиллик бо риштаи ғел ба ҳамдигар пайванд менамуд Чӯбчаи кӯтоҳ дастҳои лӯхтак ва дарозаш қаду пойҳои он мешуданд. Дар қисмати болоии чӯбаки дароз латтакӯҳнаеро лӯнда карда мебаст ва баъд ба тани чӯбчаҳо «куртаю эзорча» мепӯшонд. Аҷаб лӯхтакчаҳои зебое мешуданд онҳо…Баъд духтаракон ба лӯхтакҳо ном мегузоштанд. Яке ба хонаи дигаре завҷӣ мерафт. Якеро арӯс мекарданду дигареро домод. Баъд тӯи лӯхтакҳо барпо мешуд. Қию чуви духтарони «тӯйрав» ҳавлиро пур мекард.

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД