formula
Ғалаба ба Абдурозиқ муборак бошад!
3317

Абдурозиқ дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи миллонҳо одамон маъво гирифт ва ба қатори ситораҳои машҳури эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Садриддини Наҷмиддин дохил гашта, ҳаводорони зиёдро дар интернет соҳиб гашт.

Суруди “Ватан-модар”-и ӯро дар шабакаи Ютуб қариб 250000 нафар тамошо карданд, таронаи “Оҳанги дили зор”-и Абдурозиқ бошад, беш аз 3000000 тамошобин пайдо карда, рекорде гузошт, ки расидан ба он амри маҳол аст.

Инак, ин сарояндаи ҷавону боистеъдод боз як таронаи дигари хешро манзури ҳаводорони савту наво гардонида, ҳамаро қоил карданист. Клипи нави Абдурозиқ дар Қалъаи ҳисор сабт гашта, аз ҷумлаи аввалин таронаҳои сарояндагони тоҷик дар соли 2020 мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД