Субҳ нав аз хоб хеста будем, ки садои доду фиғон ба гӯшамон расид. Ҳамсояҳо ҳангомакунон мегуфтанд: «Дар деҳа одамкуш пайдо шудааст! Усто Шарифро духтараш бо табар зада куштаасту гурехта рафтааст. Духтар қотили падар! Аҷаб замоне шуд! Ин духтарро дастгир намуда, сангсор кардан лозим…
Ин гапро шунида қариб девона шудам. Фаҳмидам, ки моиндари золимам падарамро бо табар реза-реза карда, гуноҳашро ба гардани ман бор намуда, маро ба падаркушӣ муттаҳам карданист. Тамоми қувватамро ҷамъ карда аз мӯйсафеду занаш хоҳиш намудам, ки маро ба хонаамон баранд, то бори охир бо падарам видоъ кунам. Пиру кампир аз китфонам дошта маро ба хонаамон оварданд. Ҳамсояҳо рӯяшонро аз ман мепӯшиданд. Ин одамони аз таги гап бехабар «қотил омад, қотили падаркуш омад» гӯён ба захмҳои хуншори дилам намак мепошиданд. Рӯйканону мӯйканон ба хона даромадам ва худро болои ҷасади падар партофтам. «Отаҷони бе аҷал мурдаам» гуфта, гирёну нолон ҷасади ғарқи хунро ба оғӯш гирифтам. Чашмам ба рӯйи падарам афтиду фиғонам ба фалак дакка хӯрд. Падарамро ин зани беимон ончунон бераҳмона кушта буд, ки бо дидани сару рӯйи маҷақшудааш аз тарс хун дар рагҳои кас ях мебаст. Бо тамоми овоз фарёди ҷонкоҳ кашида гуфтам: -Падарамро моиндари беимонам куштааст, мардум! Он аҷузаро ба ман нишон диҳед, сари ҳаромашро бо ҳамон табаре, ки падарамро куштааст, аз танаш ҷудо мекунам!
Ҳамсояҳо ҳарчанд маро медоштанд, зӯрашон намерасид, аз шиддати қаҳру ғазабу алам мисли шерри жаён пурқувват шуда будам ва мехостам он аждари хунхор-моиндарамро ёфта пора-пора кунам. Симои манфурашро дар байни издиҳом меҷустам, вале он касофат ҳеҷ ба чашмам наменамуд. Ниҳоят пас аз ҷустуҷӯйҳои зиёд ёфтамаш, моиндари маккораам ба сараш рӯймоли калони мотамиеро андохта, мисли актриссаи бомаҳорат ончунон дар сӯги шавҳараш нола дошт, ки дили санг ҳам аз гиряҳояш об мешуд. Ба мисли модашер бо як ҳамла худро ба ӯ расондам ва аз банди мӯйҳояш дошта, амсоли човандози моҳире, ки сайдашро аз даст додан намехоҳад, рӯ рӯи хона кашолакунон ӯро ба берун баровардам ва то дилам хунук шудан лагадкӯбаш кардам. Моиндарамро лагадкӯб карда фарёд мезадам:
-Падарлаънати фоҳиша, падарамро ту куштӣ! Хаёл мекунӣ, ки мӯйсафедро кушта бе ҷазо мемонӣ? Хобатро ба об гӯй, лаънатӣ, пӯстатро зинда ба зинда аз танат мекунам! Худозада, падарамро куштию боз маро ба падаркушӣ бадном кардӣ? Ман мисли ту фосиқнестам, ки қасди ҷони инсон, қасди ҷони падар намоям! Канӣ тез аз ҷоят бархезу дар назди мардум гуноҳатро ба гардан бигир! Магар ту набудӣ, ки ба падарам майнаи сари хар хӯрондӣ?! Ҷодугари лаънатӣ, магар ту набудӣ, ки бо модарат нақшаи куштани мӯйсафеди падарамро мекашидӣ?! Тезтар бархезу дар назди мардум рости гапро гӯй! Бархез фоҳиша, бархезу ба ҳамсоҳо гӯй, ки падарамро чӣ хел куштӣ! Аз Худо наметарсӣ, ки гуноҳи хунинатро ба гардани мани бегуноҳ бор кардан мехоҳӣ?! Бархез гуфтам, бархез….
Сару рӯйи моиндарам ғарқоби хун гашта бошад ҳам ҳеҷ гуноҳашро ба гардан намегирифт. Ин зани маккора чун дид, ки ман ӯро раҳо карданӣ нестам, шаттоҳона фарёд зад:
-Аз одамкуш халосам кунед, мардум! Ин сағера оташа кушт, акнун мана мекушад! Ба Худо қасам мехӯрам, ки худаш дадаша кушт. Мӯйсафеда ман накуштаам, ин сағера мана тӯҳмат мекунад…
Моиндарам ончунон қасамҳои сахт мехӯрд, ки мардум ба гапаш бовар карда, маро ҳақораткунон ӯро аз чанголам халос карданд. Моиндарам чун дид, ки ҷон ба саломат бурд, ангушти ишоратиашро намоишкорона ба ман нишон дода, таҳдид кард:
-Илоҳо ба лаънати худо гирифтор шавӣ, қанчиқи тӯҳматчӣ! Ҳоло ист, чунон мекунам, ки шири аз очаи касофатат хӯрдагият аз почаки биниат мебиёяд. Қасам ба номи худо, ман то ту сағерая дар кунҷи зиндон ҷо накунам, ором намешавам!
Ғазабам боло гирифту боз ба моиндарам ҳуҷум карда, мисли тӯб дар байни издиҳом футболаш намудам. Қотили падарамро ин дафъа ончунон сахт задам, ки дар як дам аз даҳону биниаш хун фаввора зада шорид. Моҷарои мо аз афташ то раиси маҳалла расид, ки ногоҳ дар болои сарамон пайдо шуд ва чанг зада, моиндарамро аз зери шаттаи ман кашида гирифту бонг зад:
-Бас кунед! Шарм намедоред, ки мурдаро дар кунҷи хона монда, ҳарду қиёматро қоим карда истодаед!
Сарамро дошта ба хона даромадам ва боз худро рӯйи ҷасади дар хун оғӯштаи падарам партофта зор-зор гиря кардам. Лаҳзае пас мардҳо ба хона даромаданд ва маро зӯран аз ҷасади падарам дур карда, мурдаро рӯйи тобут хобонданду сари китф бардошта аз дарвоза бароварданд.
-Падарамро набаред! Падарҷонамро набаред, мардум, монед, ки рӯяшро ба серӣ бубинам,-нолакунон аз паси тобут давида зорӣ мекардам, ки боз андаки дигар сабр кунанд, вале касе ба гапам гӯш намедод. Тобути ғарқи хуни падарам мисли аспи афсонавии болдоре буд, ки парвозкунон меравад. Дигар мадори аз паси тобут давиданам намонд ва дар рӯйи роҳ афтида, сарамро ба замин зада, то холӣ шудани дилам гиристам.
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад
Азм намудам, ки аз деҳа баромада меравам, чунки дигар рӯйи моиндарамро дидан намехостам. Алами марги падар аз як сӯ, ғами тӯҳмати моиндарам, ки маро фоҳиша эълон карда буд, аз ҷониби дигар маро ончунон дилшикастаю афгор карда буд, ки дигар ҳатто зистан намехостам. Моиндари ҷаллоди худонотарсам овоза карда буд, ки гӯё фоҳишагӣ кардааму падарам аз ҳамин сабаб маро ҷанг кардааст ва дар сари қаҳру ғазаб ман дар пеши назари моиндарам падарамро бо табар зада куштаам. Пас аз чунин тӯҳматҳои тақдирсӯз дигар дар ин деҳа монданам маънӣ надошт, зеро касе ба бегуноҳиам бовар намекард. Мехостам ҷое равам, ки гардун болои сар набошад ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯйи касифи моиндарамро набинам. Мехостам ба хона рафта ҳуҷҷат ва ақаллан ягон либосамро гирифта баъд баромада равам, вале ин ба ман муяссар нагашт.
Даст дар занҷир
Дар назди дарвоза милисаҳо маро интизор буданд. Аз дар даромадан замон «Озода Шарифовна шумоед?» гуфта ба дастонам завлона заданд ва кашолакунон маро ба мошин бор карда ба милисахона бурданд. Моиндарамро дар даромадгоҳи дари милисахона дида фаҳмидам, ки ин ҳам найранги навбатии ҳамин фоҳиша аст. Косаи сабрам лабрез гашту фиғон кашидам:
-Падарамро куштанат бас набуд, ки боз ба сарам бало овардӣ, беҳаё?! Маро аз милисаҳои кавалерат натарсон фоҳиша, фаромӯш накун, ки то қасдамро нагирам, намемонам! Хунбаҳои падарамро аз ту касофат наситонам, духтари падарам нестам ва номам Озода не!
Моиндарамро боз чанд дашноми болохонадор додам ва ба рӯяш туф карда гузаштам.
-Иншооллоҳ, дар зиндон пӯсида меравӣ, духтарҷонакам,-заҳрханда кард моиндарам ва рӯяшро поккунон бо виқор гузашта рафт.
Маро назди сардор дароварданд. Аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт. – Ман чӣ гуноҳ кардаам, ки бе далел маро ин ҷо овардед,-гӯён ба ҳуҷум гузаштам.
-Ту худат нағз медонӣ, ки чӣ гуноҳ кардаӣ! Магар падаратро ту накуштӣ?! Магар ба пушти сараш табар назадӣ?! Гумон кардӣ, ки дунё бесоҳиб аст, одам мекушию бе ҷазо мемонӣ?! Ин хобата ба об гӯй, барои ҳар як кирдорат ҷавоб мегӯӣ,-пӯписа кард сардор.
Гиря кардам, зорӣ намудам, қасам хӯрдам, ки падарамро ман не, моиндарам куштааст, вале ба гапам бовар накарданд. Вақте ки маро бо дастони завлоназада аз утоқмебароварданд, сардор таъкид кард:
-Адвокат ёб, то бегуноҳиятро исбот кунад, вагарна дар кунҷи зиндон пӯсида меравӣ, духтарак!
Аз шунидани ин сухан банди дилам ларзид.
Гунаҳкори бегуноҳ
Ягона такягоҳу ғамхорӣ мани бегуноҳ пиру кампир буданд ва бо пули нафақаашон адвокат гирифта, хостанд бегуноҳ будани маро исбот намоянд, вале аз дасти адвокат ҳам коре наомад. Суд маро ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум гардонд. Аз чунин ҳукми сахт гирифтан не, аз он ғамгин шудам, ки моиндари фоҳишаам бо тӯҳмат номи бади падаркушро расман ба гарданам бор кард ва акнун ин доғи сиёҳро то охири умрам дигар шустаю пок карда наметавонам. Аз дили сӯхтаам фиғон кашидам: -Неееее, ин тӯҳмат аст, ман падарамро накуштаам!!! Моиндарам падарамро кушт! Бовар накунед, як бор телефонашро гирифта ба смс-ҳояш назар андозед, худатон мебинед, ки нақшаи кушторро бо киҳо кашида буд ин аждаҳо! Ҳамсояҳо, шумо ҳам фарзанд доред, магар виҷдонатон шуморо азоб намедиҳад, ки бо шоҳидии дурӯғинатон маро гунаҳкор баровардед?! Ману падарам ба шумо чӣ бадӣ карда будем, ки имрӯз қасд мегиред?! Даруни дилам пур аз хун аст, марги фоҷиавии падарамро ақаллан чил рӯз нашудааст, чаро болои захми хуншорам намак пошида маро бегуноҳ зиндон мекунед?!
-Баред ӯро, доду вояш ба ҷонам зад! Ҳукми суд баромад, дигар ҳоҷати ба сафсаттаҳои ин қотил гӯш андохтан нест,-амр кард раис ва ду милиса кашолакунон маро аз толор бароварданд. Раҳораҳ чанд маротиба дасту по зада кӯшиши раҳоӣ ёфтан кардам, вале ин ба ман муяссар нагашт. Ниҳоят шояд ин кашмакаш ба дили милисаҳо зад, ки якеашон ба сарам муште кӯфт. Чашмонам сиёҳӣ заданд ва пеши чашмонамро дар як лаҳза пардаи торике печонда гирифту олам гӯристон гашт.
Дар зиндон
Вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай дар зиндон будам ва як гурӯҳ занону духтарони маҳбус дар атрофам чарх мезаданд. Чашмонамро кушоданамро дида яке аз онҳо, ки бисёр бадхашм менамуд, амр кард:
-Бархезу бо мо шинос шав! Ту бо ҳукми одамкӯшӣ ба ин ҷо афтидаӣ?!
-Ман одамкуш нестам! Маро бо тӯҳмат зиндонӣ карданд. Дер ё зуд бегуноҳиям исбот мешаваду аз ин ҷо мебароям,-гуфта қасам хӯрдам, ки ягон ҷиноят содир накардаам.
Садои қаҳқаҳаи занҳо баланд шуда дар дилам оташи тарсро аланга дод.
-Ин духтар бисёр бағайрат метобад, ӯро наздиктар биёред,-амр кард боз ҳамон зани бадхашм.
Ду духтар ба ман наздик шуданд, то аз китфонам дошта маро ба сардорашон наздиктар баранд. Бонг задам, ки ба ман кордор нашавед.
-О ин гургбача барин-ку! Як бори дигар маҳмадоногӣ кунад, метавонед забонашро аз ҳалқаш канда гиред,-гуфт сардори занҳои маҳбус ба духтарҳо ва рӯй ҷониби ман гардонда бо чашмони зарди гургонааш бадхашмона ба рӯям зеҳн монда нигаристу амр кард, ки наздаш равам. Монанди заргӯшаки дар лонаи мор афтида тарсону ларзон ба вай наздик шудам. Номамро пурсид.
-Озода ном дорам. Моиндарам маро бо тӯҳмат зиндонӣ кард. Падарамро худаш бо табар зада кушту дар байни ҳаққу ҳамсояҳо овоза паҳн кард, ки Озода кушт. Ман бегуноҳам. Ба худо қасам, ки касеро накуштаам. Боварӣ дорам, ки дар кунҷи зиндон пӯсида хоб намеравам. Имрӯз ё фардо бегуноҳиямро исбот карда, маро озод месозанд,-сар ба зер афканда гуфтам дар ҷавоб.
-Озод мекунанд! Хобатро ба об гӯй, духтарак, то срокат адо нашавад, дигар аз ин зиндон раҳоӣ надорӣ! Озодахон, хаёли хомро аз сарат дур кун, акнун ту то мурданат дар ҳамин ҷо мемонӣ,-захрханда кард сардори занҳои маҳбус ва ба яке аз духтарҳо рӯй оварда таъкид намуд:
-Зая, тамоми шарту шароит ва қонуну қоидаҳоро ба ин духтар фаҳмон. Мабодо аз хизмат кардан ба мо саркашӣ кунад, нохунҳояшро бо анбӯр канда гиру…
(Идомаи қиссаро фардо соати 21:00 интизор шавед)