Formula novemver 2024
Духтари тоҷикро ба Дубай бурда фурӯхтанд, вале... (қисми39)
09.01.2020
А. Ҳоҷӣ
4921

(Идомааш)
-Ӯ дар дуриҳои дур аст, дар он тарафи баҳр,- бо дасташ ба сӯи уфуқи баҳр ишора намуд Шайх,-аммо имрӯз муайян мешавад, ки ӯ моро қабул дорад ё на…

-Чӣ тавр қабул дорад ё на? Шумо шавҳараш ҳастед ва Гулрафтор ҳадде надорад, ки аз гапатон барояд. Замирро партофта рафт- ку! Ҳарчанд мехост бо худаш ба биёбон барад…Хайрият, ҳамон вақт бачаҳакамро ба ӯ надода будаам,-Замирро сахттар ба оғӯш гирифт Омина.

-Шумо намефаҳмед, ӯ зани тамоман дигар аст. Аз он ҷаҳоне нест, ки ману шумо дар он калон шудаем. Агар гӯяд, ту ки худро шавҳари ман меҳисобидӣ, чаро ману бачаамро ҳифз карда натавонистӣ, ман чӣ мегӯям?

-Охир шумо он вақт намедонистед, ки Гулрафтор бача дорад. Барои ёфтани ӯ тамоми биёбонро чаппаю роста кардаед ку…Ӯ ҳак надорад чунин гӯяд. Гулрафтор бо ман зиёда аз як сол зиндагӣ кардааст. Ман ӯро мешиносам. Боре ҳам аз шумо бо бадӣ ёд накардааст. Фақат медонистам, ки шабҳо пинҳонӣ гиря мекунад. Шайхи мӯҳтарам, ман медонам, Гулрафтор шуморо сахт дӯст медорад. Илоҷ надошт, вагарна аввалин шуда шуморо пайдо мекард,- ин суханони Омина як андоза дили Салимро бардошта бошанд ҳам, аммо таскин надоданд. Ҳомиёну хизматгороне, ки баъд аз гиряи Замир гирди онҳо ҷамъ омада буданд, ба хотири эҳтироми хӯҷаини худ, дар сӯҳбати маҳрамона бо дояи писараш аз назди онҳо дур шуданд. Ин дам садои роҳбари хадамоти бехатарии шайх баромад, ки дар даст коғазе аз паси дарахтони нахл ба онҳо наздик шуда мегуфт:

-Ҷаноби Шайх, ҷавоби ташхиси тиббии ДНК дар мавриди писари шумо будан ё набудани Замир аз Фаронса расидааст…

Шайх бо шунидани ин суханон сахт ҳайратзада шуда, пеш аз он, ки ӯ ба наздаш омада расад, бо таҳдид пурсид:

-Кӣ ба шумоён иҷозат дод, ки ману писарамро таҳқиқи ДНК кунед? Магар ман ба касе чунин супориш дода будам? Вай кист, ки ба писари ман будани Замир шубҳа дорад?

-Узр мехоҳам, ҷаноби Шайх, ин кас дар ҳамин ҷо ҳузур дорад ва мунтазири он аст, ки Шумо кай ба ӯ иҷозати ба наздатон омаданро медиҳед.

-Вай кист?

-Ин манам, ки бе иҷозати Шумо чанд тораи мӯи сари худатон ва аз они Замирро барои ташхиси лабораторӣ ба Порис фиристода будам. Охир сухан дар бораи меросбари Шайхони Бузург меравад ва ман наметавонистам танҳо ба эҳсосоти Шумо бовар кунам.

Ин суханонро ба забон оварда истода, аз паси дарахти бузурги нахл собиқ роҳбари хадамоти бехатарии ширкати «Соиб Ойл», ки барои нобовариаш Шайхи Тиллоӣ ӯро аз сари маснадаш дур карда буд, берун омад…

Шайх Салим дар ҷои худ як лаҳза шах шуда монд. Маҷоли гапзанӣ надошт. Каме хомӯшона ба тарафи сардори хадамоти собиқи худ нигоҳ карда истоду баъд бо ишораи ангушт ӯро ба наздаш даъват кард ва то рӯ ба рӯяш баробар шуданаш аз чеҳрааш чашм наканд. Сипас, ногаҳон ба рӯи ӯ торсакии обдоре фаровард, ки сардор аз зарбаи он калавида рафт:

-Ту ба ман бовар накардӣ? Бовар накардӣ, ки Замир писари ман аст?

Сардори хадамот хам шуда ба пои Салим афтод ва илтиҷоомез гуфт:

-Ман шайхи бузург, ба ҳамаи гуфтаҳои шумо бовар доштам. Вале ин ҷо манфиату обрӯи на танҳо шумо, балки тамоми авлоду асҳобатон дар миён буд. Магар шумо тобу тоқати онро доред, ки нафаре мисли Шайх Абдулло таъна занад, ки падари фарзанди шумо ким кадом марди фосиқ аст? Магар шумо тоқат карда метавонед, ки як араби биёбонгард бо ангушти ишораташ писаратонро нишон дода истода гӯяд: «Падари ин бача маълум нест, танҳо ба хотири модари зебояш Шайх ӯро бачаи худам мегӯяд». Шумо ба ҳамаи ин тоқат карда метавонистед? Албатта не. Ана барои чӣ ман хостам, ки ҳуҷайраҳои шумо ва Замирро барои ташхис фиристам ва натиҷаи ҳуҷҷатии онро дар даст дошта бошам. Вақте, ки бузургтарин маркази ташхиси аврупоӣ дар асоси тадқиқи ДНК фарзанди шумо будани Замирро тасдиқ намуд, дигар кӣ ҷуръат мекунад, ки ин суханонро рад намояд? Ман аз аввал ҳам ба шумо ва завҷаи шумо бовар доштам. Мебахшед, шояд аз шумо дида, ба занатон бештар бовар доштам. Зеро ман дар он муддати кӯтоҳе, ки ҳамроҳатон буд, чӣ кас будани ӯро хуб омӯхта будам. Шояд дар тамоми рӯи олам чунин занҳо ангуштшумор бошанд…

Шайхи Тиллоӣ сухане ба забон наоварда ба гапи сардор гӯш кард ва сипас…аз чашмонаш чакраҳои ашк таровиданду хам шуда аз китфи сардори хадамот гирифт ва ӯро аз замин боло кард. Бо чашмони ашкбор ба чеҳраи сардор, ки марди нисбатан сафедрӯй ва гузаштагонаш аз қабилаи ҷанговар буданду ду-се насл боз хизмати Шайхони Бузургро мекарданд, дурру дароз нигарист. Ӯро сахт ба оғӯш кашиду бо овози паст гуфт:

-Аз ту ҳазор узр мепурсам. Ба инаш ақли ман нарасидааст. Акнун то дами марг ман аз ту миннатдор ва фарзанди маро ҳамчун фарзанди худ эҳтиёт кун…

-Медонед, ки мо авлодан сарсупурдаи Шайхҳои Бузургем   ва шайхи ҷавон низ то он лаҳзае, ки чашмони ман бозанд, дар зери ҳимояи ман хоҳад буд…

Шайх Салим, ки акнун худро андаке ба даст гирифта буд, коғази ба ӯ дарозкардаи яке аз ходимони амниятиашро ба даст гирифта, дуру дароз зеҳн монд ва навиштаҷоти англисии онро бо як лафзи ширини бо арабӣ омехта бо овози баланд хонду сипас онро ба арабӣ тарҷума кард:

-«ДНК (ҳуҷайра)-и ин ду шахсе, ки барои ташхис пешниҳод шудаанд, 99 фисад гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳарду падару писаранд. Ташхис ба такрор дар се лабораторияе, ки яке дар Лозанна, дигаре дар Париж ва сеюмӣ дар Сюрих воқеъ гардидаанд, гузаронида шудаанд. Имзо: доктор Вайсман, доктор Шрефильд, доктор де Кошта. Париж 13 март».

-Барои чӣ сад фисад не?

-Барои он ки дар ягон ташхисгоҳи дунё ДНК-ро то имрӯз сад фисад ба ҳам монанд буданашро собит карда наметавонанд. Зеро сад фисад танҳо ДНК-и як шахс ба ҳам монанд шуда метавонад. 99 фисад ин бузургтарин нишондиҳандаи ба ҳам монандӣ аст. Ба ҳар ҳол, шумо ва Замир ду нафаред охир,-бо табассум рӯи аз зарбаи Шайхи тиллоӣ суп сурх шудаашро молиш дода гуфт сардори хадамоти Шайх Замир, ки навакак бо хоҳиши Шайх Салим ин вазифаро ба дӯш гирифта буд…

Шайх Салим телефонро ба даст гирифта, ба коғази дар дасташ буда нигоҳкунон рақамҳоро чидан гирифт. Бо коди шаҳр якҷоя бояд даҳ рақам мечид. Ду бор то рақами панҷум ва шашум расиду боз хато кард. Дастонаш аз шиддати ҳаяҷон меларзиданд. Бори сеюм, вақте, ки ин кӯшишаш натиҷа надод, сардори хадамоти бехатариаш гуфт:

-Ҷаноби Шайх. Агар иҷозат диҳед, ин корро ман кунам.

Салим, ки рангаш каме парида ба назар мерасид, бе сухан телефон ва коғазро ба ӯ дароз кард. Ҳама интизори он буданд, ки ин ходим кай рақамҳоро чида, телефонро ба Шайх медиҳад. Аммо сардори хадамот пас аз он, ки гудоки аввалин ба муштарӣ, ба он гӯшаи дунё равона шуд, гӯшакро ба гӯши худ бурд. Салим беҳолона ба рӯи курсие, ки барояш оварда буданд, нишаст. Маълум буд, ки дилаш мисли танӯри тафсон ба кафидан наздик аст, аммо тоқат мекард…

-Алло, Самеҷон ин шумоед? –ба забони англисии бурро калимаи «Самеъҷон»-ро ба таври худ талаффуз намуда пурсид роҳбари хадамот.

 


Беҳуда «хислати бо хун омада бо ҷон меравад» намегӯянд, ин зани тардоман аз шавҳараш пинҳонӣ бо марде дуру дароз суҳбатҳо менамуд. Ин амали келин аз назари хоҳаршӯйҳояш пинҳон намемонд, вале аз чӣ бошад, ки касе дар ин бора лаб во намекард.

 


-Ес, ай им,-пас аз лаҳзае ҷавоб доданд аз он тараф,-Ай ю Заробиддин?

-Ес. Хонум Гулрафтор дар назди шумо ҳастанд?

-Бале, мо дар соҳили дарёи Сир нишастаем. Он кас бо дугонаашон.

-Метавонанд бо шавҳарашон сӯҳбат кунанд?

-Ҳоло аз худашон пурсам чи…

-Бемалол. Фақат хоҳишмандам, зудтар,-ба ҷониби Шайх Салим бо гӯшаи чашм нигоҳ карда гуфт сардори хадамоти ӯ.

Чанд лаҳза дар он тарафи мавҷ аз афташ гуфтугузор сурат мегирифт, ки хомӯшии том ҳукмфармо гардид. Ин барои дигарон хомӯшӣ буд, аммо дар қалби Шайх ҳазорон тӯфон ба ҷӯш омада, киштии умеди ӯро ба харсангҳои соҳил мезад.

Ин лаҳзаҳо, ки ба назараш сол менамуд, оқибат паси сар шуданд ва аз он тараф овози Самеъҷон шунида шуд:

-Бале, он кас розианд ва ман гӯширо ба Гулрафтор медиҳам…

Сардори хадамот овози телефонро, ки то ин дам баланд буд, ба нуқтаи пасти ин гузошта, ба Салим дароз кард. Шайхи Тиллоӣ ҳарчанд кӯшиш мекард, ки ҳаяҷони аз ҳад зиёдашро атрофиён нафаҳманд, ин ба ӯ даст намедод ва сардори хадмоташ ҳолати хӯҷаини худро фаҳмида, ҳамаро аз назди ӯ дур кард. Акнун дар зери нахли азим танҳо Шайх Салим, Омина ва Замир, ки акнун дар оғӯши сардори хадамоти собиқи шайх ва ҳоло ҷондори (телохранител)- и худи Шайх Замир таъйин шуда буд, боқӣ монданду халос. Салим пас аз лаҳае аз он сӯи мавҷ овози шиноси «Лаббай»-ро шуниду гӯё барқ зада бошад, давида аз болои курсӣ хест.

Ин овозро ӯ гӯё сад сол интизор буд, вале ҳоло шунидани он   барояш ногаҳон буд. Мавҷи таркиш дар қалбаш ӯро қариб аз пой афтонда буд, вале худро ба даст гирифта, боз ба ҷояш нишаст ва бо овозе, ки худаш онро ба зӯр мешунид, пурсид:

-Гулрафтор?

Аз он тарафи гӯшӣ баъд аз каме хомӯшӣ ба забони арабӣ, вале бо лаҳни тоҷикӣ садо баромад:

-Наъам…(Бале)

Дигар на ӯ ҳарфе ба забон оварда метавонисту на ҳамсӯҳбаташ. Телефон аз болои даҳҳо шаҳру кишвар, аз байни мавҷи баҳру дарёҳо, кӯҳу биёбонҳо, садои раъду тундар танҳо нафаскашии ҳардуро ба ҳам мепайвасту халос. Ду қатра нур ин дам ба ҳам хеле наздик шуда буданд ва гӯё нури дигареро интизорӣ мекашиданд, ки онҳоро ба ҳам пайвандад…  

 


-Дар вақти хайрухуш ман ба ин кас рақами телефони худро пинҳонӣ аз шавҳарашон дода будам. Зеро намехостам бо ин рафтори худ рашки ҳамсарашонро орам. Маълум буд, ки Шайх Салим ҳамсарашро хеле дӯст медорад…


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе он субҳ баъд аз борон тозаю озода буд. Мусофирону корафтодагон, ки дар саҳни он бордонҳои вазнин дар даст аз паи кору бори худ равон буданд, мӯрчагонеро мемонданд, ки ризқи дарёфтаашонро ба хонаҳои худ мекашонданд. Касеро ба касе коре набуд. Самеъҷон дар хараки саҳни фурӯдгоҳ нишаста, дар даст танҳо як сумкаи хурди ҳуҷҷатгирӣ дошт ва зуд- зуд ба соати дастиаш «Сейко» менигарист. Ин соатро ӯ дар Италия пас аз ба охир расидани қарордодаш дар мавриди тарҷумонӣ байни Шайхи Тиллоӣ ва завҷаи ӯ ҳамчун хотира харида буд. Зеро Шайх аз қарордод бештар маблағ дода буд ва ин пул барои таҳсили ояндаи Самеъҷон кӯмак расонд. Пас аз бозгашт ба Ватан бисёр мехост, ки як муддат истироҳат кунад, ба кӯҳистони Зарафшон, ба мулки бобоияш сафар карда, аз зебогии манзараҳояш лаззат барад, дар зери арча нишаста қаймоқи айлоқ хӯрад ва ҳамаи ин зебоиҳоро ба навор гираду бо худ ба Аврупо бубарад. Аммо пас аз мурофиаи судӣ дар Хуҷанд, ки занҳои далларо барои бо роҳи фиреб ба хориҷа бурдани духтарони тоҷик муттаҳам карданду чандин сол зиндонӣ намуданд, ёрдамчии Шайхи Тиллоӣ телефонӣ бо ӯ тамос гирифт ва Шайх Салим бо ёрии ӯ бо занаш сӯҳбати телефонӣ дошт. Онҳо ҳамдигарро аз нав пайдо карданд. Дар ин сӯҳбат баъзан кӯмаки ӯ зарур шуда мемонд ва Самеъҷон дарёфт, ки чунин ишқи осмонӣ на танҳо дар китобу филмномаҳо, балки воқеан ҳам мешудааст. Ҳарчанд аллакай бисёр кишварҳоро дида буду бо забонҳои аврупоӣ ва арабию урду озодона ҳарф мезад, аммо дар ҳеҷ куҷо чунин муҳаббати байни зану мардро надида буд. Ба назари ӯ ин ишқ-ишқи осмонӣ менамуд, бинобар ин, вақте ба ӯ пешниҳод намуданд, ки боз тарҷумони Шайхи Тиллоӣ шавад, розӣ шуд. Мехост оқибати ин моҷарои ишқро бо чашмони худ бинад. Самеъҷон барои пул не, маҳз ба хотири хизмат ба ин ду тан аз баҳри истироҳаташ гузашт. Ҳоло ӯ маблағи барои худаш даркориро дошт ва ниёз ба кӯмаки дигаронро надошт, вале ишқи ин марди араб ва духтари ҳаммилати ӯ ҳисси эҳтиромашро ба ҳардуи онҳо беандоза намуда буд. Якеро барои он эҳтиром менамояд, ки ҳарчанд миллионер асту дороияш ба ӯ имкон медиҳад, ки аз кадом гӯшаи дунё хоҳад, беҳтарин занону духтарон дар хизматаш қарор бигиранд, аммо ӯ ба хотири ишқи ин тоҷикдухтар аз баҳри ҳама гузаштааст, дигариро барои он ҳурмат мекунад, ки тавонистааст новобаста ба ҳамаи сахтиҳою хорию зиллат муҳаббати худро танҳо ба як нафар бахшаду онро ҳифз намояд.   Барои Самеъҷон, ки аллакай таҷрибаи зиёди муошират бо мардуми гуногунмиллату гуногунмазҳабро дошт, мафҳуми миллату қавм он қадар муҳим набуд. Дар мавриди Гулрафтор ба ҷои рашку ҳасад, ки дар дигарон дида мешавад, Самеъҷон дар замираш ҳисси ифтихор аз ҳаммилати худро дошт, ки бо вафодорию покизагиаш ҳамаро қоил намудааст. Ин андешаҳо сабаб шуданд, ки Самеъҷон дубора ба хизмати Шайхи Тиллоӣ розӣ шавад.

Инак, ӯ боз дар хизмати Шайхи Тиллоист ва пас аз ним соат бояд тайёраи ӯ ба фурӯдгоҳи Душанбе фуруд ояд. Бо маслиҳати пешакӣ Самеъҷон аз Хуҷанд ба Душанбе омада, бояд Шайх ва ҳамроҳони ӯро дар ҳамин ҷо пешвоз мегирифт. Шайх Салим ҳамчун сайёҳи оддӣ бо визаи сайёҳӣ дар тайёраи мусофиркаши маъмулӣ ба Тоҷикистон омада истодааст. Касе огоҳ нест, ки дар зери номи Шайх Салим ибни Соиб-шаҳрванди Арабистони Саудӣ яке аз доротарин мардони минтақа ҳоло ба ватани завҷааш омада истодааст. Худи Гулрафтор низ аз ин чиз огоҳ нест, зеро бо хоҳиши Шайх Самеъҷон ба касе дар ин бора чизе нагуфтааст. Шояд ӯ нақшаи худро дорад, ки ҳоло бояд ҳамроҳи се нафари дигар, ки онҳо низ ҳамчун сайёҳ номнавис шуда буданду дар асл яке сардори хадамоти амниятӣ ва ду нафари дигар ёрдамчиёни ӯ буданд, ба Душанбе меояд…

-Тайёрае, ки аз самти Дубай ба Душанбе парвоз менамуд, ба замин фаромад,-эълон намуд баландгӯяк. «Аҷиб, духтари тоҷик, вале талаффузаш тоҷикона не»,- Самеъҷон худ ба худ ғур-ғур намуда аз ҷояш хесту ба тарафи баромадгоҳе, ки аз он ҷо бояд мусофиронро ба берун раҳнамоӣ мекарданд, равон шуд. Сари роҳ аз гулфурӯш як даста гули садбарги сафед харид. Ҳарчи ҳам набошад, Шайх бори аввал ба ватани ӯ меояд, бояд ӯро тоҷикона, бо меҳр пешвоз гирифт. Ҳарчанд меҳмонхона, мошин барои сафар ва ғайраро бо хоҳиши ёрдамчии Шайхи Тиллоӣ Самеъҷон тайёр карда бошад ҳам, боз хавотир буд, ки мабодо ягон чиз дар Тоҷикистон боиси малоли хотири Шайх Салим нашавад. Одоби меҳмондорӣ тақозо мекард, барои пешвози меҳмонони олиқадр омодагии ҷиддӣ бубинад.

Самеъҷон гумон дошт, ки дар байни анбӯҳи мусофирони тайёра Шайх ва ҳамроҳонашро бо либоси маъмулии арабиашон ба осонӣ хоҳад шинохт. Аммо ҳарчанд зеҳн мемонд, касеро бо чунин либос намеёфт. Ду нафар либосҳои дарозу саллаи арабӣ дар сар доштанд, ки онҳоро ҳам нафарони дигар пешвоз гирифта, ба мошини рақамҳои сафорат дошта савор карда бурданд. «Кормандони сафорати кадом кишвари арабӣ»,- аз дил гузаронд ӯ ва боз ба қатори мусофирони аз роҳрав баромадаистода назар дӯхт. Аммо касеро, ки ба Шайх монанд бошад, намеёфт. «Шояд аз раъяш гашта бошад?»,- худ ба худ савол дод Самеъҷон, вале боз андеша кард: «Пеш аз парвоз ёрдамчиаш ба ман занг зада буд-ку?!...»

Ин вақт аз паҳлӯяш касе ба Самеъҷон наздик шуда оҳиста ба гӯшаш гуфт:

-Самеъҷон шумоед?

Ҷавон ба шахси ин суханонро ба лаҳни арабӣ ба забоноварда нигоҳ карда ҳайрон шуд. Дар назди ӯ ҷавони тақрибан 26-28 солаи араб меистод, ки Самеъҷон ӯро бори аввал медид. Ҳайрати худро пинҳон дошта ӯ бо забони арабӣ ҷавоб дод:

-Бале, ман Самеҷон, вале шуморо нашинохтам…

-Ба он тараф нигоҳ кунед, мешиносед,- ҷавон ба самти баромадгоҳ ишора намуд.

Дар назди дари шишагии баромадгоҳ ҷавонмарди ситорагарме истода буду ба сӯи ӯ бо табассум менигарист. Самеъҷон бо диққат ба ӯ нигоҳ карда, Шайх Салим ибни Соибро шинохт. Шайх Салим мисли ҷавонони имрӯза либос пӯшида ба ҷавонони маҳаллӣ монанд шуда буд ва касе гумон намекард, ки ӯ араб аст. Чеҳраи Салим аз ҳамқавмонаш дида сафедтар буд ва бештар ба мардуми кӯҳистон шабоҳат дошт.

Шайх Салим ба пешвози Самеъҷон ду се қадам ниҳода, ӯро мисли тоҷикон ба оғӯш кашид. Касе аз дур ин манзараро мушоҳида кунад, гумон мебурд, ки ду рафиқ пас аз мусофират ба дидори ҳамдигар расидаанд, зеро ин ҳолатро ҳар лаҳза дар майдони ҳавоӣ мушоҳида намудан мумкини аст. Самеҷон гулдастаи тайёр намудаашро ба Салим дароз карда, ӯро хуш омадед гуфт ва бо ҳамроҳони ӯ дастакӣ салом кард. Баъд ҳамаи онҳоро ба сӯи баромадгоҳ даъват намуд.

-Дар берун мошин мунтазир. Аввал ба куҷо меравем?- ба Шайх нигариста пурсид Самеъҷон бо забони арабӣ.

-Ба меҳмонхона,- бо лаҳни шикаста бо забони тоҷикӣ ҷавоб дод Шайх ва ҳарду бо овози баланд хандиданд.

-Хеле пешравӣ ҳаст ку?- шӯхиомез гуфт Самеъҷон хандида истода.

-Не, ҳоло он қадар не,- бо забони англисии тоза ҷавоб дод Шайхи Тиллоӣ ва илова намуд:- Ваъда медиҳам, ки тоҷикиро зуд ёд мегирам. Қобилияти забономӯзии ман баробари ту набошад ҳам, нисфи он будагист ку!

-Ман бовар дорам, ки шумо зуд забони моро ёд мегиред. Зеро медонам, ки ин забон барои шумо то андозае забони модарӣ ҳам шудааст…

-Бале забони модарии писарам, ки ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам…Аҳволи модараш…

Самеъҷон имкони ба охир расонидани суханро надода гуфт:

-Хуб аст. Аммо аз омадани шумо хабар надорад. Мувофиқи ваъда ман ба ӯ чизе нагуфтам.

-Дуруст кардӣ. Ман гуфтам-ку, ҳоло ман чанд нақшаи дигар дорам. Акнун, ки ҷои ӯро медонам ва медонам, ки Гулрафтор дар макони бехатар аст, дигар хавотир нестам.

-Замирро чаро наовардед?

-Инро ман баъдтар ба ту мегӯям,- маълум буд, ки Шайх Салим акнун ба Самеъҷон на ҳамчун ба як тарҷумон, балки ҳамчун як рафиқ муносибат мекунад. Онҳо ба мошине, Самеъҷон киро карда оварда буд, наздик шуданд ва Самеъҷон ба курсии пеш ва ҳамроҳонаш ба курсии қафо нишастанду мошин ба роҳ даромад. Ҳавои тозаи баъд аз борон ва кӯчаҳои зебою гулпӯши назди майдони ҳавоӣ аллакай Шайхи Тиллоиро масту махмур карда буд. Ӯ танҳо ҳамин қадар гуфта тавонист:

-Чӣ биҳиште…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД