(Идомааш)
-Шуморо ин кас чӣ хел пайдо карданд?
-Маро ин кас не, шавҳарашон, ки яке аз шахсони номдор дар тиҷорати нафт ҳастанд, ба хизмати кӯтоҳмуддат даъват карданд. Аниқтараш, он кас ҳам не, дар Аврупо ин корро менинҷерҳои фирмаҳо бо воситаи интернет мекунанд. Вақте, ки рӯ ба рӯ шудем, ба Шайх Салим маълумот ва сатҳи забондонии ман хуш омад ва рости гап, бо маоши хуб ба инҳо хизмат кардам. Вақти хотима ёфтани шартномаамон бо кӯмаки ин хонум соҳиби мукофоти хуб ҳам шудам…
Тарзи суханронии Самеъхоҷа ва баёни ӯ гувоҳи соҳибмаълумотӣ ва фаросаташ буд.
-Дар вақти хайрухуш ман ба ин кас рақами телефони худро пинҳонӣ аз шавҳарашон дода будам. Зеро намехостам бо ин рафтори худ рашки ҳамсарашонро орам. Маълум буд, ки Шайх Салим ҳамсарашро хеле дӯст медорад…
Ин бори дуюм буд, ки дар ин толор номи шавҳари Гулрафтор садо медод ва ӯ ҳар бор бо шунидани ин ном дар пайкари худ ларзаеро эҳсос менамуд…
-Ба ҷуз он, ки ба онҳо тарҷумон будед, аз ҷониби ин кас ва ё ба ном шавҳарашон ягон супориши дигар нашудааст?- ин саволи судя ҳам Гулрафтор ва ҳам тарҷумини собиқи ӯро ба ҳайрат гузошт.
-Чӣ хел супориш? Ман дар вақти тамошои намоишгоҳҳо ва ҷойҳои таърихии Италия ба онҳо тарҷимонӣ мекардам. Дар ҳолатҳое, ки танҳо буданд ва дар бӯстонсарои Шайх онҳо ниёз ба хизмати ман надоштанд…Дигар ягон хел супориш аз ҷониби ин кас ва ё шавҳарашон нашудааст. Аммо шумо, ҷаноби судя беҳуда истеҳзо мекунед, ки «гӯё шавҳарашон». Шайхи мӯҳтарам ин касро воқеан ҳам чун завҷаи қонунии худ ба расмият дароварда буданд ва ман ҳатто ҳуҷҷатҳои зану шавҳарии онҳоро ба забони англисӣ, ки дар шакли байналмилалӣ тартиб дода шуда буд, дидаам. Дар кишварҳои аврупоӣ ба ин чиз диққати сахт медиҳанд…
-Яъне шумо тасдиқ мекунед, ки хонуме, ки дар ин ҷо шоҳидӣ доданд, дар Арабистон шавҳар доранд?
-Бале, ман ин ҷо танҳо барои тасдиқи ҳамин гуфтаҳо омадам…
-Аммо ин кас мегӯянд, ки гӯё бо роҳи фиреб онҳоро ба Арабистон бурдаанд?
-Ман гуфта наметавонам, ки он касро бо кадом роҳ бурдаанд, аммо яқин медонам, ки дар он ҷо шавҳар доранд ва ба гумонам, хушбахт ҳам буданд,- ба тарафи Гулрафтор нигоҳ карда гуфт Самеъхоҷа.
-Майлаш, ба ҷоятон шинед. Агар лозим ояд, боз мепурсем…
Адвокати ҷавобгарҳо ба судя нигоҳ карда гуфт:
-Мӯхтарам судя, агар иҷозат бошад, ман ба ин шоҳид ва ба қавле ҷабрдида як ду савол доштам.
-Шумо ин занро дар назар доред?
-Бале.
-Марҳамат бори дигар ба минбар бароед,- аз Гулрафтор хоҳиш намуд судя. Духтар, ки гумон дошт бо ҳамин истинтоқи ӯ ба охир расидааст, бо дили нохоҳам боз ба назди минбар омад.
-Шумо худро ҷабрдида меҳисобед, бигӯед, ки дар Арабистон ва ҳоло маълум мешавад, ки Италия ва боз худо медонад, дар ким куҷоҳои дигар аз кӣ ҷабр дидед?
-Ман нагуфтаам, ки дар он ҷойҳо аз касе ҷабр дидаам…
-Шумо даъвои онро доред, ки ин зан (ӯ ба «Ҷамила» ишора намуд) ба шумо ҷабр кардааст. Аммо маълум мешавад, ки баръакс ӯ ба Шумо фоидаи зиёде овардааст. Ба марди дорое хонадор шудаед, Аврупоро дидаед ва шояд соҳиби чизҳои дигаре ҳам шудаед. Магар ин ҷабр аст?
Гулрафтор дасту по гум кард. Чӣ гуфтанашро намедонист. Воқеан ҳам агар ба ин моҷаро аз ҳамин нуқтаи назар баҳо диҳӣ, маълум мешавад, ки «Ҷамила» ба онҳо некӣ кардааст. Чӣ гӯяд? Ба ногоҳ чашмаш ба чашми Ҷамшед бархӯрд, ки бо тарафи ӯ хайрхоҳона менигарист. Якбора ба ёдаш суханони ӯ омад «Гӯш кун, он зан туро на барои ба шавҳар баромадан, балки барои танфурӯшӣ ба Дӯбай бурда буд. Пас чаро ба муқобили ӯ шоҳидӣ додан намехоҳӣ?». Духтар худро ба даст гирифту оҳиста ба сухан сар кард:
-Зане, ки шумо ҳамчун хайрхоҳи ман ҷилва доданӣ ҳастед, ҳеҷ гоҳ ба ману манбаринҳо хайрхоҳ набуд. Мақсадаш, аз ҳисоби мо пул кор кардан буду халос. Иффати духтарии мо, фиғони волидони мо, зери по шудани номуси мо заррае барои инҳо аҳамият надошту надорад. Бо марди хубе вохӯрду ба шавҳар баромадани ман кори Худо аст, на кори дасти ин «хайрхоҳ».
Агар шумо азоби духтарони саргардони биёбон ва тарабхонаҳои шаҳрҳои калонро бо чашми сар медидед, шояд чунин намегуфтед. Агар шумо рафтори ҳайвонвори баъзе ба ном инсонҳоро нисбати хамватанони худ медидед, шояд имрӯз аз ҳимояи ин ду нафар даст мекашидед. Инҳо аз гург ҳам бадтаранд, зеро гург ҳамҷинси худро намефурӯшад. Аммо инҳо ба хотири чанд танга на танҳо ҳамҷинс, балки хоҳари худро ҳам ба савдо мезананд. Барои ҳамин,ҷаноби адвокат, хоҳишмандам ба ман бори дигар чунин савол надиҳед…Ҷаноби судя, бо иҷозати шумо ман ин минбарро тарк мекунам ва дигар маро азият надиҳед. Ҳамаи чизеро, ки гуфтанӣ будам, гуфтам…
Судя бо аломати ризо сар ҷумбонд ва Гулрафтор баргашта ба ҷояш нишаст. Ӯ ҳанӯз намедонист, ки дар берун Самеъхоҷа барояш дастовезе дорад, ки маҷрои ҳаёти минбаъдаашоро тағйир медиҳад…
Шамоли серуне аз ҷониби баҳр вазида, мӯйҳои фатилаи Замирро андак- андак меҷунбонд. Ӯ дар рӯи қуми соҳил, дар байни бозичаҳои зиёди ҳазорранга дар бар эзорчаи сабук ва дар тан як тагпӯшаки беостин бо белчаи хурдакак қуми соҳилро дар ҳар куҷо ҳар куҷо ҷамъ мекард. Дуртар аз ӯ дар курсии латтагине, ки одатан дар пляж дар рӯи он истироҳат мекунанд, Омина нишаста, хастаҳолона ба баҳр менигарист. Ҳарчанд аз омадани ваю Замир ба бӯстонсарои дар соҳили баҳр будаи Шайхи Тиллоӣ зиёда аз як моҳ гузашта бошад ҳам, Омина худро бе бузҳояш ва бе уштурону Мокон ва мӯйсафедаш ибни Шамс ғарибу бекас ҳис мекарду ягона тасаллои дилаш ана ҳамин Замир буд. Писарони дар шаҳрбудааш қариб рӯз дар миён ӯро хабар мегирифтанд ва ба қавли худи Омина дар ин як моҳ аз дидори онҳо, ки чанд соли охир дер-дер медид, баҳузур сер шуд. Шайх даробарои онҳоро ба бӯстонсаро бе маҳдудият иҷозат дода буд ва барои сӯҳбат бо ибни Шамс алоқаи телефонии моҳворавӣ ҳам муҳайё шуда буд. Омина ҳар гоҳе, ки мехост бо шавҳарашу дугонаҳои дар биёбон будааш сӯҳбат мекард. Ба онҳо аз зиндагии наваш ҳикоят намуда мегуфт, ки ҳамаашонро пазмон шудааст. Дар бораи хизматгоронаш, ки онҳоро шайх барои хизмати ӯ ва Замир ҷудо карда буд, дар бораи рамаи бузҳо, ки махсус барои ҷӯшида ба Замир хӯрондан дар ин ҷо парвариш мекарданд, дар бораи он, ки ҷӯшидани онҳоро ӯ ба касе бовар накарда, худаш меҷӯшад ва дар бораи бисёр чизҳои дигар нақл мекард. Аммо ба кампир боз чизе намерасид. Омина дарк мекард, бе биёбон, ки дар онҷо зода шуда тамоми умрашро байни уштуру бузҳо гузарондааст, зиста наметавонад. Як бор инро ба Шайх, ки ҳар субҳу бегоҳ агар дар шаҳр бошад, ба дидани онҳо меомад, гуфт. Шайх каме андеша карду гуфт:
-Модар, ба шумо чӣ намерасад, гӯед ҳозир пайдо мекунем? Ё мӯйсафедро сахт ёд кардед? Ҳеҷ гап не, ӯро ҳам розӣ мекунем, ки ба ин ҷо биёяд. Бигзор бо сагу уштурҳояш биёяд, ҷо пайдо мекунем…
-Не, гап дар сари Шамс нест, ба ӯ ҳар қадар дороӣ ваъда кунед ҳам ба шаҳр намеояд. Ману Шамс фарзанди биёбонем, дар ҳамон ҷо ба дунё омадему дар ҳамон ҷо мемирем. Ман дар соҳили баҳр, дар беҳтарин шароит зиндагӣ карда истодаам. Ин гуна зиндагиро дар хоби шабам ҳам надида будам. Ҳама чиз бароям муҳайё, чанд хизматгор дар хизматам, чӣ хӯрдану пӯшиданро мисли аҳли ҷаннат, худам интихоб мекунам. Барои намозгузорию тоатам ҳама шароит ҳаст. Аммо…
-Ман шуморо мефаҳмам, модар. Аммо алҳол бе шумо наметавонам. То замоне, ки модари Замирро пайдо карда наорам, танҳо шумо метавонед модару ғамхори Замир бошед. Ман ягона нишони зиндагии ширинамро, ки баъд аз заҳмати зиёд пайдо кардам, танҳо ба шумо бовар карда метавонам. Як бор модарашро беэҳтиётӣ карда аз даст додам, бас аст. Бинобар ин, ҳар чӣ талабе доред, пеш монеду алҳол дар бораи баргаштан ба қабилаатон фикр накунед. Илтиҷо мекунам…Шумо шояд шунида бошед, ки ман дар назди касе сар хам накардаам ва дороие, ки аз падару бобоям мерос мондааст ва худам ҳар соат ба он чизе зам мекунам, басанда аст, ки барои на танҳо шумо, балки барои фарзандонатон, аҳли байтатон ва ҳатто аҳли қабилаатон шароити беҳтаринро фароҳам орам. Аммо ман медонам, ки шумоён мардуми ғаюред ва чунин тӯҳфаҳоро қабул надоред, барои ҳамин дар назди шумо дузону зада илтиҷо мекунам…
-Бале, писаронам дар бораи шумо ва кору боратон ба ман хеле нақлҳо карданд, ки ақли ман ба он намерасад. Дороии ману Шамс якумр ҳамин чанд уштуру буз ва ду- се хаймаю як мошини кӯҳна буду ҳаст. Ба мо чизи дигаре лозим нест. Аммо писари калониам хурсанд, ки бо фирмаи шумо шартнома бастаасту дар ким куҷо сардор таъин шудааст. Писарам, ки хурсанд бошад, ман ҳам хурсандам…
-Бо писаратон ман танҳо баъд аз ба ин ҷо овардани шумою Замир шинос шудам. Аммо писаратонро на барои он сардор таъин кардам, ки фарзанди шумою ибни Шамс аст.Ӯ худаш босавод ва мутахассиси дараҷаи олист ва метавонад ба ширкат нафъи зиёде расонад. Модарҷон, ин замон, ки ҳама чиз, ба ҷуз меҳру муҳаббати ҳақиқиро харидану фурӯхтан мумкин аст, қонунҳои худро дорад ва берун қадам мондан аз доираи ин қонунҳо танҳо бар зарари ман мебуд. Барои ҳамин, аз он, ки писаратон соҳиби вазифаи баланд гардид, аз ман не, аз худи ӯ миннатдор шавед…
-Ҳамин тавру аммо… аммо бе шумо ҳам намешуд…
Ин дафъа Шайхи Тиллоӣ эътирозе накарда, гапро ба тарафи дигар бурд:
-Бинед, дар атрофи шумою Замир ман чи қадар «лашкар» ҷамъ кардаам. Нисфи онҳоро шумо намебинед. Ибни Шамс шуморо аз ин ҷо дуздиданӣ шавад ҳам, ба ин умед набандад,- шӯхӣ кард Салим мӯи фатилаи Замирро бо панҷаҳояш парешон карда истода. Ин ҳаракати Салим ба Замир аз афташ маъқул нашуд, ки бо белчааш як белча қумро гирифта бо дастчаҳои зебояш базӯр бардошта ба тарафи Салим партофт.
-Инро бинеде, тарафи бибиашро мегирад. Хайр майлаш, тоқат кунетон, аллакай ман ба фикрам сарриштаи корро ёфтам ва нишоне аз Гулрафтор пайдо намудам.
-Чӣ хел?-якбора ба ҳаяҷон омад Омина.
-Алҳол маълум нест, лекин кормандони хадамоти бехатарии ман суроғаи ҳамон ҳамшаҳрии Гулрафторро, ки дар Италия ба мо тарҷумонӣ карда буд, пайдо кардаанд…Шояд бо кӯмаки Худо ба наздикӣ суроғаи аниқашро дарёбам…
Инро гуфта, Шайх бо онҳо хайрухуш намуда рафт. Омина фаҳмид, ки дарди бузурге дар ниҳоди ин марди хеле дорою муқтадир, вале ниҳоят бадбахт ӯро ором намегузорад.
Ӯ мефаҳмид, ки ин дард кадом дард аст, вале илоҷи кӯмак расониданро надошт…Ана ҳоло ҳам дар соҳил нишастаасту Замир машғули бозӣ ва андешаи онро дорад, ки дар намози асраш ҳатман аз Худо пайдо шудани Гулрафторро талаб намояд…
Мурофиаи судӣ дар қисмати муҳокима ва пурсиши шоҳидон хотима ёфт. Хондани ҳукмро ба рӯзи дигар гузоштанд. Барои Гулрафтор дигар фарқ надошт, ки ҳукм чӣ гуна хоҳад буд. Ӯ аллакай гапашро гуфта, дар сари минбари суд душвортарин дақиқаҳои умрашро паси сар намуда буд. Гумон дошт, ки ҳама ба сӯи ӯ бо ангушт ишора намуда мегӯянд:
-Ана, бинед, ин духтар барои пулкоркунӣ ба Дубай рафтаасту бахташ омад карда шӯи аз ҳама бойро ёфта гирифтааст. Боз ин занро гунаҳгор мекунад, ки ӯро ба фурӯш бурдааст…
Аммо дар вақти аз толор берун шудан ба атроф нигариста дид, ки
ҷавонон бо ҳавас ва занҳо бо ҳасад ӯро тамошо мекунанд. Аз дасти Саида гирифта қариб тозон аз ҳавлии бинои суд баромаду ба тарафи соҳили Сир равон шуда гуфт:
-Биё, як ба лаби дарё равем, дилам мехоҳад, ки оби равонро бинам.
Ин лаҳза ҷавоне, ки дар толори суд аз минбар дар бораи шавҳардории Гулрафтор шоҳидӣ дода буд, бо мошинаш пеши роҳашонро гирифта, дари қафои сабукравро боз намуду онҳоро ба нишастан таклиф кард. Саида саволомез ба Гулафтор нигарист. Гулрафтор як лаҳза сукут карду баъд бо қатъият ба нишастгоҳи қафо нишаст ва аз дасти Саида гирифта ба паҳлӯяш шинонд:
-Шин, ин кас ҳамон нафареанд, ки замоне ба ману Салим тарҷумонӣ карда буданд. Дар суд гуфтанд- ку, номашон Самеъҷон.
-Ман инро дар мурофиа фаҳмидам, аммо нафаҳмидам, ки барои чӣ ба ин мошин шинем…
-Ман ба хонум Гулрафтор гапи муҳиме дорам, барои ҳамин шумоёнро даъвати нишастан ба мошин кардам,- маълум буд, ки тарбияи аврупоӣ ба ҷавон таъсири худро гузоштааст. Самеъҷон наметавонист бе истифодаи калимаи «хонум» ба зане, ки ба ғайр аз муносибати расмӣ бо ӯ чизи дигаре надошт, муроҷиат кунад.
-Ин тавр бошад, ман фароям, ту баъдтар ба хона меоӣ. Бародарам ҳамин ҷо- ку, бо ӯ меравам…,-аз мошин фаромаданӣ шуд Саида.
-Не, хонум, шумо ҳам ин ҷо бошед, ман ягон сухани махфӣ надорам ва ин занро эҳтиром мекунам. Танҳо мехоҳам супоришеро, ки аз ҷониби як шахси бузург гирифтаам, иҷро кунам,- дубора Саидаи нимхезшударо ба мошин шинонд Самеъҷон ва худаш ба паси ҷилави «Мерседес» гузашта нишасту пурсид:
-Акнун ба куҷо меравем? Ҳарчанд ман дар ин шаҳр калон шудаам, аммо пас аз чанд соли мусофират ягон ҷоеро, ки нишаста бемалол сӯҳбат кардан мумкин бошад, намедонам. Шояд шумоён кӯмак мерасонед?
-Ман дар ин ҷо на таваллуд шудааму на калон, аммо медонам, ки беҳтарин ҷо дар Хуҷанд соҳили Сир аст. Агар илоҷаш бошад, ба ҳамон тараф ронед…,- гуфт Гулрафтор, ки дар ин муддат Сирро хеле дӯст дошта буд ва баъд аз модаркалонаш ин дарё ягона шунавандаи ӯ дар соатҳои душвори ҳаёташ буду танҳо ба он асрори худро бовар карда метавонист .
-О, кей ви вил гоу зея (хуб шудааст, мо ба ҳамон ҷо меравем.англ.),-беихтиёр бо забони англисӣ изҳори ризоият намуд Самеъҷон ва мошин бо суръат ба ҳаракат даромад…
Аз як тарафи роҳ бародари Саида ва аз тарафи дигар, аз назди дарвозаи бинои суд Ҷамшед аз паси мошин нигоҳ карда монданд. Бародари Саида телефонро аз киссааш бароварду ба хоҳараш занг зада,ба куҷо рафта истодани онҳоро пурсид ва баъд аз фаҳмидани мақсади ронандаи мошин дилпур шуда, ба «Жигули»-и худ нишаста аз паси корҳои худаш рафт. Аммо Ҷамшед намедонист, ки ба кӣ занг занаду чиро пурсад. Қалби ҷавонаш ҳанӯз чизеро интизор буд ва умед ба мӯъҷиза мебаст…
Сирдарё. Ин наҳри бузург ба ёди Гулрафтор замонеро меовард, ки ҳамроҳи Салим дар соҳили Баҳри Сурх нишаста ғуруби офтобро тамошо мекарданд. Он замон Салим гуфта буд: «Ман медонам, ки дар ватани ту баҳр нест. Аммо иқрор мешавам, ки ман аз ҳама бештар баҳр ва биёбонро дӯст медорам. Шояд аз сабаби он, ки ҳарду бузургу беканоранд». «Пас, маро барои чӣ дӯст медоред?» он замон чанд калимаи ғалатии ба ҳамин монандро ба забон оварда буд Гулрафтор. Аммо Салим маънои саволро сарфаҳм рафта гуфта буд: «Туро ҳам барои бузургиат, зеро бузургии туро шояд ба ҷуз ман каси дигаре фаҳмида натавонад. Ту бароям аз Албурз ҳам бузургтарӣ…» Он гоҳ Гулрафтор аз ҷояш хеста бо ишораи даст «бузургии худро» нишон дода истода, бо ҳазл қади Салимро на баландтар аз ним метр ишора намуд ва вақте, ки Шайх «ба ғазаб омада» аз ҷояш бо як ҳаракати варзишкорона хест, духтар бо суръат аз рӯи реги мулоим, қад-қади соҳил гурехт. Аммо барои дарёб намудани ӯ ба Салим ҳамагӣ чанд сония зарур буду халос…
Ҳоло дар соҳили Сир ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда дили Гулрафтор гум зада рафт…
Самеъҷон аз чойхонаи наздиктарин як гилемча ва дастурхон оварда, баландтар аз соҳил паҳн намуд ва духтарон болои он нишастанд.
-Чӣ биёрам? Хӯрок, чой ё ягон чизи дигар?
-Ташаккур, дили ман чизе намекашад. Ту ягон чиз мехурӣ?-ба Саида нигарист Гулрафтор
-Не, ба дили ман ҳам чизе намеғунҷад. Ман дар бораи ҳамон «Ҷамила» фикр карда истодаам. Ба фикрат чанд сол мегирад?
-Вай аллакай суд шудагӣ, гуфтаҳои шоҳидони нав шояд чанд соли дигар зам кунад. Ба фикрам, ягон 10-12 сол ҳабс мешавад…
-Чӣ барои ҳамин қадар бадбахтӣ овардан ба сари одамон ҳамагӣ даҳ сол? Ӯро бояд қатл кунанд…
-Девона шудаӣ? Дар мо ҳатто барои куштор қатл намекунанд…
-Бад мекунанд.Охир номуси духтарони фиребхӯрдаро кӣ бармегардонад? Онҳо то охири умр бадбахт мемонанд-ку?
-Инашро ман намедонам. Аз Ҷамшед пурс, медонад…
Вақте ки ин номро Гулрафтор ба забон овард, Саида худро як лаҳза гум кард. Ин ҳолати дугонааш аз назари Гулрафтор пинҳон намонд…
Ин вақт Самеъҷон дар як даст дастурхони дар болояш ду нони хонагӣ дошта ва як чойник чой, омада, онро ба замин гузошт ва гуфт:
-Ҳоло қаймоқу асал меоранд. Чунон нони худамон ва қаймоқу асалро ёд кардаам, ки мондан гиред. Канӣ, духтарон кӯмак кунед…
Онҳо дастурхонро дар рӯи гилемча боз намуда, нону чойро ба болояш гузоштанд ва Самеъҷон гӯё як сухани оддиро ба забон меоварда бошад, ба Гулрафтор нигариста гуфт:
-Аз номи Шайхи Бузург хонум Гулрафтор, ба шумо салом…
Як лаҳза хомӯшии гароне ба миён омад ва танҳо садои қаиқи мотордоре, ки аз байни дарё босуръат шино мекард, шунида мешуд.
-Ман мегӯям, ки Шайх Салим ба шумо салом мегӯянд,-такрор намуд Самеъҷон. Қуввати гуфтор, ки бо шунидани номи Шайх Гулрафторро тарк намуда, лол гардонида буд, пас аз лаҳзае ба Гулрафтор баргашт ва ӯ бо овози ларзон пурсид:
-Пеш аз омаданатон бо он кас вохӯрда будед?
-Не, ин субҳ аввал бо коргузорашон ва баъд бо худашон сӯҳбат кардам. Онҳо телефони маро кофта-кофта аз куҷое пайдо кардаанд. Мехоҳанд бо шумо низ сӯҳбат кунанд. Ба ман супориш доданд, ки шуморо ёфта ба шавҳаратон хабар диҳам…
Гулрафтор худро дар байни замину осмон эҳсос мекард. Намедонист, ки аз ин хабар хурсанд шавад ё хафа. Танҳо ҳис мекард, ки ин хабар барои ӯ мисли бомбаест, ки дар қалбаш инфиҷор намудааст…
-Боз гуфтанд, ки писарашон Замирро пайдо карда ба хона овардаанд…
-Чӣ?!...,- ин дафъа ба инфиҷори бомбаи навбатӣ тоқат накарда, Гулрафтор аз ҳуш рафт…
…Шайх Салим баъд аз он, ки Замирро ба дасти Омина дод, як ба осмони кабуд ва як ба баҳри бекарона нигоҳе карду гуфт:
-Имрӯз ман ё хушбахттарин ва ё бадбахттарин одами дунё хоҳам шуд…
-Чаро ин тавр мегӯед, шайхи мӯҳтарам?-Замирро ором карда истода пурсид Омина.
-Барои ин, ки ман нишониро аз Юсуфи гумгаштаи худ пайдо кардам…
-Кадом Юсуф?- боз нафаҳмид Омина
-Ман Гулрафторро ёфтам…
-Канӣ? Ӯ дар куҷост? Чаро ба ин ҷо намеоред? –якбора чанд саволро қатор кард Омина.
(Идомаашро фардо соати 21-00 и нтизор шавед)